Дар ҳафтаи якуми моҳи сентябри соли равон дар донишгоҳи Оксфорд ва коллеҷи Баллиол барои президент ва ректорҳое, ки таҷрибаи зиёд дар миқёси ҷаҳонӣ доранд ва ғояҳои замонавиро дар амал тадбиқ менамоянд, вохӯрии серӯза гузаронида шуд.
Дар он, баробари намояндагони Британияи Кабир, ИМА, кишварҳои Осиё ва Африка, роҳбарияти Донишгоҳи байналхалқии технологияҳои Самарқанд (SIUT) ҳам ширкат варзид. SIUT ба сифати аъзои якум ва ягонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар ин анҷуман эътироф карда шуд.
Зимни ҷамъомади роҳбарони донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон, масъалаҳои вобаста ба тараққиёти таълим дар оянда баррасӣ гардиданд. Масъалаҳои асосӣ, ки муҳокима шуданд, бештар доир ба мавзӯъҳои таъсири технологияҳои замонавӣ, хусусан зеҳни сунъӣ дар касбҳои мавҷуда, таъмини мутобиқшавии донишҷӯён ба талаби бозори меҳнатии тағйирёбанда, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кордиҳандагон барои пешгӯӣ кардани эҳтиёҷи кадрҳои дарозмуддат ва ғайра буданд.
Дар чорабинӣ ректори SIUT, профессор Юсуф Абдуллоев ва проректори якум Бобби Ҳал роҷеъ ба нақш ва аҳамияти таълим дар талабҳои кадрҳои ояндаи бозори меҳнатии Ӯзбекистон, хусусан барои қонеъ намудани эҳтиёҷҳои соҳаи муҳандисӣ ҳарф заданд. Таклифҳое, ки аз ҷониби ҳайати кишварамон барои ҳалли муаммоҳои зерин гузошта шуд, пурра дастгирӣ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки ҷамъомади “Oxford Conclave” соли 2004 ташкил гардида, роҳбарони донишгоҳҳои ҷаҳонро ҷамъ намуда, ҳамчун платформаи самаранок барои ҳамкориҳои академикӣ ва мубодилаи таҷриба хизмат менамояд. Дар ин анҷуман, ки ҳар сол гузаронида мешавад, лауреатҳои мукофоти Нобел, олимони маъруф ва роҳбарони сиёсӣ иштирок мекунанд.
Донишгоҳи Самарқанд иштирокдори “Oxford Conclave 2024”
