Дар ноҳияи Пастдарғам чемпионро масъулони ҳокимияти вилояту ноҳия, намояндагони аҳли ҷомеа бо тантана пешвоз гирифтанд.
Дар чорабинӣ, ки дар майдони марказии ноҳияи Пастдарғам баргузор гардид, ҷонишинҳои ҳокими вилоят Рустам Қобилов ва Ҳусан Тӯхтаев суханронӣ намуда, Диёраро бо пирӯзии таърихӣ табрик гуфтанд. Инчунин, табрики ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимовро ҳам расонида, ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотирмони ӯро ба чемпион супурданд.
Дар чорабинӣ Диёра низ суханронӣ намуда, ба устодонаш ва ба ҳамаи онҳое, ки ӯро дастгирӣ карданд, изҳори сипос намуда.
