Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кардааст, ки «Ҳар як фарзанди Ӯзбекистон барои якдилии халқ, муттаҳидии мамлакатамон мубориза бурда, зиндагӣ карданро маънои ҳаёти худ бояд донад! Мо муттаҳид шавем, — халқи ягонаем, як шавем — Ватанем!»
Мо дар даври зиддиятнок ва мураккабе зиндагӣ мекунем, ки дар дунё империяпарастӣ ва шовинизм авҷ мегирад, таҷовуз ва таҳдидҳо беш аз пеш зиёд мешаванд, вайрон карда нишон додани таърих пурзӯр мегардад, пастзанӣ, таҷовуз, вайронкорӣ, ба якдигар зид гузоштан, адоват бедор кардан, маблағгузории ҷангҳо, мудохила ба корҳои дохилӣ характери ошкорогӣ касб мекунанд.
Ба мамлакатҳои соҳибистиқлол намуди гуногуни таҳдидҳо мешаванд. Баъзан ба онҳо бепарво нигоҳ мекунем, гоҳо паси ҳам ҷавоб мегардонем.
Вале як ҳақиқате ҳаст, ки онро ба сифати як миллат дарк намудани мо зарур аст. Мубориза барои соҳибистиқлолӣ на бояд танҳо ҳангоми рӯй додани таҳдидҳо он ба чашм аён шавад.
Бо чунин ҷаҳонбинии оҷиз мутлақо муросо кардан мумкин нест. То вақте ки мамлакат ва миллат ҳаст, ҷанг барои мустақилӣ ҳеҷ гоҳ қатъ намегардад.
Набояд фаромӯш кард, ки рӯзе ин ҷанг тамом шавад, душманҳо сар мебардоранд. Онҳо ҳоло низ аз даъвои мустамликадорӣ, ҳукмронӣ рӯ нагардондаанд, фурсат мепоянд. Вақте ки мо аҳлу тифоқӣ, муттаҳидӣ, ҳамҷиҳатиро гум мекунем, аз байни мо хоинҳо бароянд, озодии Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз накунем, аз чунин вазъият душманонамон истифода мебаранд.
Баъзан аз баъзе гӯшаҳо овози нофорами хоинҳое, ки аз байни худамон баромадаанд, ба гӯш мерасанд. Онҳо даврҳои таъқибот, ғуломиро орзу мекунанд. Сафсатаи онҳо аз «гӯгирд як тин буд» сар мешавад. Ба ин ҷаҳонбинии олудаи онҳо тоқат кардан душвор аст. Дар чунин маврид «дар ҳамон даврҳо қадрат чӣ қадар буд?» гуфтанӣ мешавам.
Наход даврҳоеро, ки занҳо аз душворӣ ва ночориҳои зиндагӣ ба худ оташ заданд, падарон дар гирдоби «кори пахта», «кори ӯзбекҳо» ҳабс шуданд, фавти кӯдакон зиёд шуд, ба туфайли ҷанги бемақсад ҷасади ҷавонмардон дар тобутҳои оҳанин омада, даврҳоеро, ки бачаҳо ба ғуломи пахта табдил шуда буданд, фаромӯш кунем? Наход дар байнамон шахсоне бошанд, ки чунин рӯзҳои машъумро орзу мекунанд? О ин даҳшат аст…
Онҳоеро, ки сохтори мустабидро ёд кардаанд, мехоҳам бо таъбири нависандаи бузург Чингиз Айтматов манқурт гӯям. Наход бо баъзе чизҳои моддӣ истиқлоли Ватанро муқоиса кардан мумкин бошад? Наход дар қалби ӯ ифтихори миллӣ набошад? Ор набошад? Номус набошад? Сохтори мустабид, ки баъзеҳо ёд кардаанд, моро ба сифати миллат оҷиз накард? Тафаккури моро накушт? Наовехт? Напарронд? Бадрға накард? Агар мустақилӣ намешуд, мо кайҳо худшиносиамонро гум карда, аз арзишҳои худ ҷудо мешудем, ба халқи безабону аз озодӣ маҳруми ночор табдил меёфтем.
Онҳое, ки имрӯз дар бораи истиқлолияти мамлакат ҳарф мезананд, ба он чун ҳодисаи оддӣ таъриф медиҳанд. Не, ин хел нест. Истиқлол қомати мамлакат ва миллатро рост кард. Истиқлол аз шуури миллат синдроми тоқат ба ғуломиро дур сохт.
Барои имкониятҳои бебаҳо, таҳаввулоти бузург ва истиқболҳои дурахшони истиқлолро дарк кардан, аз кирдукори сохтори мустабид хабардор бояд шуд. Ҳамон таърихи ҳузноварро бояд амиқ омӯхт. Кайҳо вақти тафтиш кардани то кадом дараҷа холӣ дидан, зери по шудан, қатағон гардидани бобоҳоямон, бераҳмона нест кардани ақл, дониш ва гузаштаи миллат расидааст.
Мустабидӣ ҳеҷ гоҳ баргашта наояд. Халқамон озодона зиндагӣ кунад.
Авлоде ба камол расад, ки дар мубориза барои озодӣ ҷони худро дареғ намедорад.
Ҷавонони ватанпарвар, миллатпарвар ба майдон бароянд.
Хуб донед, ки мубориза барои Ватан, барои Истиқлол абадӣ аст. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки аз ин мубориза худро ба канор гирад. Ин мубориза муборизаи умуммиллӣ аст. Дар ин мубориза наметавон ба ақиб гашт. Дар паси мо, Ватан ва миллат истодааст.
Тараққиёти имрӯзаи Ӯзбекистон мумкин ба баъзеҳо нафорад. Корҳои бузурге, ки Ӯзбекистон барои ҳамҷиҳатии Осиёи Марказӣ иҷро мекунад, оромии баъзеҳоро вайрон мекунад. Имрӯз пайваста баланд гардидани мавқеи Ӯзбекистон дар ҷаҳон душманони моро безобита мекунад.
Чунки онҳо як вақтҳо дар солҳои аввали истиқлол «бе мо зиндагӣ карда наметавонад», «худи онҳо тавалло карда меоянд», «сарҳадҳои худро ҳимоя карда наметавонад», «фардо фалон давлат онҳоро зери тасарруфи худ медарорад» гуфта, пешгӯӣ карданд. Вале фоли онҳо нодуруст баромад. Мо истиқлол сарбаланд гашта, роҳҳои пурмашаққатро мардонавор тай кардем.
Чуноне ки раисҷумҳурамон ба тарзи ҳаққонӣ қайд кард: «Вазифаҳое, ки ҳоло дар наздамон меистанд, ҳар қадар бузург ва мураккаб бошанд ҳам, барои онҳоро якҷоя ҳал кардан қувва ва имкониятамон кифоя аст. Мо акнун одамони дирӯза нестем. Халқамон низ халқи дирӯза нест».
Имрӯз Ӯзбекистон аъзои баробарҳуқуқи ташкилотҳои байналмилалии бонфузи дунё аст. Мамлакате, ки дар тинҷии дунё мавқеи муҳим дорад. Давлати қудратманде, ки соҳиби сухан ва нигоҳи худ мебошад. Тобеӣ барои Ӯзбекистон кайҳо ба таърих табдил ёфтааст.
Интизор нашавед, ки мо ба паст задани миллатамон ором нигоҳ карда мешинем.
Имрӯз барои ҷавоб додан ба чунин шахсҳо, барои нишон додани кӣ будани худамон қувва ва донишамон мерасад.
Хаёлҳои пӯсидаро аз сари гиҷшудаи худ дур кунед. Аз Ӯзбекистон, халқи ӯзбек мумкин аст чизҳоеро барои худ бигиред. Вале мустақилиро не. Ин суханҳоро ба гӯшатон чун қӯрғошим ҳалқа кунед.
Рустам ХОЛМУРОДОВ,
ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
Арбоби фанни Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
узви Сенати Олий Маҷлис
