Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1‑уми феврали соли 2024 «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз тарафи Президент имзо гардид. Қонун аз 21 модда иборат аст.
Дар қонун ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо, кафолатҳои асосии фаъолияти педагогҳо, додани музди шоистаи корӣ, рағбатноксозӣ ва тамоюлҳои ҳифзи иҷтимоии онҳо муқаррар карда шудааст.
Омӯзгорон таҳти муҳофизати давлатанд
☑️ Ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимат ва эътибори касбии омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад.
📁 Ба шахсе, ки бори аввал дар муассисаи таълими умумӣ фаъолияти касбии худро оғоз мекунад, барои пешбарии фаъолияти муаллимӣ дар давоми як соли таҳсил педагоги ботаҷрибае вобаста карда мешавад.
🚫 Мувофиқи қонун, зеринҳо манъ карда шудаанд:
🔹 ҷалб намудани педагог ба корҳое, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқаманд нестанд, аз ҷумла корҳои ободонӣ ва хоҷагии қишлоқ;
🔹аз педагог талаб кардани таҳия ва тақдими ҳисобот ва дигар маълумотҳое, ки ба ӯҳдадориҳои касбии ӯ алоқаманд нестанд, аз ҷумла ташаккули ҳисобот дар бораи бо кор таъмин намудани хатмкунандагон;
🔹ба зиммаи муаллим вогузоштани маҷбурияти хариди мол ва хидматҳо, аз ҷумла бе ризоияти хаттии ӯ аз маошаш нигоҳ доштани маблағ барои молу хидматрасонӣ.
Киҳо бо фаъолияти педагогӣ машғул шуда наметавонад?
❌ Мувофиқи қонун, барои бо фаъолияти педагогӣ шуғл варзидани шахсони зерин иҷозат дода намешавад:
➖ шахсоне, ки аз тарафи суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба муомила белаёқат ё ки лаёқатмандияшон маҳдуд эълон карда шудааст;
➖ шахсони гирифтори бемориҳое, ки ба иҷрои фаъолияти педагогӣ халал мерасонанд;
➖ шахсоне, ки дар муассисаҳои психиатрӣ ё наркологӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд.
⚠️ Ба мансабҳои вобаста ба фаъолияти педагогӣ таъин кардани шахсоне, ки қаблан барои ҷиноятҳои бо мақсад (қасддан) иҷро кардаашон суд шудаанд, манъ аст.
Дар роҳи ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор
📝 Дар асоси қонуни мазкур ба Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» иловаҳои зерин дохил карда шуд:
🔘Кормандони педагогӣ — ҳангоми иҷрои фаъолияти касбии худ аз рӯйи ба парвандаҳои вобаста ба ҳифзи шаъну шараф, қадру қимат ва эътибори касбии онҳо муроҷиат кунанд, ба судҳо оид ба корҳои шаҳрвандӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд.
✔️ Инчунин, кормандони педагог агар аз болои қарорҳои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, ки ҳуқуқҳои омӯзгоронро ҳангоми фаъолияти касбиашон поймол мекунанд, ба судҳои маъмурӣ муроҷиат кунанд, аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд.
Қонуни мазкур аз рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
