Имрӯз ҳофизоне, ки дар ҷодаи сурудхонӣ хуб эҷод карда, комёбу муваффақ шудаанд, ангуштшуморанд. Зеро, на ҳамаи онҳо роҳу услуби худро доранд. Яке аз сарояндагоне, ки дар соҳаи санъат роҳу услуби хоси худро кашф карда, писанди ҳамагон шудааст, Ҳазратқул Ҳамроқулов мебошад.
Ҳазратқул Ҳамроқулов соли 1947 дар деҳаи Оҳалик ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактабу Омӯзишгоҳи санъати мусиқии Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби таълими миёнаи рақами 30‑и зодгоҳ оғоз намуда, солҳо ба фарзандони мардум аз фанни мусиқӣ ва адабиёт сабақ омӯзондааст.
Мо бо ин марди хирадманд ва ҳунарманд сӯҳбат оростем.
— Шумо имсол ба синни 76 қадам мегузоред. Махфӣ набошад, сирри ҷавон тофтану бардаму бақувват буданатон дар чист?
— Вақте аз Ибни Сино пурсиданд, ки доруи дарозумрӣ чист, ӯ гуфтааст, ки шуғли доимӣ бо варзиш метавонад саломатиро мустаҳкам созад. Ҳар кас рӯзе ҳадди ақал 30 дақиқа бояд бо варзиш машғул шавад. Ман ин машғулотро ба одати ҳаррӯзаи худ табдил додаам. Ҳар пагоҳӣ баробари машғулотҳои дигар сарамро ба поёну пойҳоямро ба боло карда, бо ду ангуштони дастон рост меистам. Ин амалро аз ним то 3 дақша давом додан мувофиқи мақсад аст. Ҳангоми ин машқ вазн ба қисми болоии бадан меафтад. Хун то сар меояду пеши роҳи дар рӯй пайдо шудани ожангҳоро мегирад. Ғайр аз ин, баъди тарбияи бадан, ҷуқур нафас кашида, онро 20 сония нигоҳ дошта, баъд хориҷ мекунед. Дар ин маврид оксиген ба чашму хун мерасад. Хулоса, варзиш хунро моеъ мегардонад, дар натиҷа, гирифторшавӣ ба фишори баланди хун ва сактаи дил пешгирӣ мешавад. Бояд гуфт, ки саҳархезӣ низ барои саломатӣ ниҳоят муҳим аст. Аз хӯрокхӯрии бетартибона даст кашидан лозим аст. Чанд сол пеш аз Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон косаи сафолине ёфтаанд, ки ба асри I тааллуқ доштааст. Дар он чунин навиштаҷот будааст:
Он қадар кам махӯр, ки ҷонат барояд,
Он қадар пур махӯр, ки аз даҳонат барояд.
Ибни Сино мегӯяд, ки дар як сол агар чор то фасл бошад, ҳамон фаслҳоро ба ду тақсим намо. Яъне аз моҳи декабр то май гӯшту хӯрокҳои пурғизоро истеъмол кун, лекин аз моҳи июн то моҳи ноябр, ки вақти пухтани меваҳо аст, бо истеъмоли меваю зироатҳои полизӣ қаноат намо. Зеро, дар меваву сабзавот витаминҳо бисёранд, ки аз хӯрдани он баданатон ҳузур мекунад. Ин гуфтаҳои Синои бузург ҳоло шиори зиндагии ман аст.
— Солҳои зиёд дар мактаб ҳамчун омӯзгор кор кардед. Давоми ин солҳо чӣ ҳосиле бардоштед? Оё аз муаллим буданатон ифтихор доред?
— Ман касбамро хеле дӯст медорам. Вақте ки ба синфхона медароед, агар хонандагон шуморо гӯш кунанду ба фанни шумо шавқ дошта бошанд, бо завқи баланд дарс мегузаред. Муаллим самараи меҳнаташро дар дониши шогирдонаш мебинад. Давоми фаъолият баробари фанни мусиқӣ аз забони форсиву адабиёт низ дарс гузаштам. Шогирдони зиёдро тарбия кардам, ки имрӯз дар баробари соҳаҳои дигар дар бобати санъат ҳам ба муваффақиятҳои калон ноил гардидаанд. Вақте ки комёбиҳои шогирдонатонро мебинед, беихтиёр дар дилатон ҳисси ифтихор ҷӯш мезанад.
— Аксарият Шуморо ҳамчун санъаткор мешиносанд. Дар ин соҳа роҳу услуби худро доред? Чӣ маҷбур кард, ки ба ҳофизӣ рӯ оваред? Хондани шеъру ғазал ба ақли одам таъсир расонад, ҳамчун суруд шунидани онҳо ҳиссиёти инсонро ба ангеза меорад…
— Падарам ба сурудхони майл доштанд. Вақтҳои холӣ ба даст табақча гирифта, ғазалҳои шоирони мумтозро мехонданд. Тор ҳам доштанд, аммо онро навохта наметавонистанд. Ҳар боре, ки тағоям Тоҳир Ғиёсов (ҷояшон ҷаннат шуда бошад, он кас санъаткор буданд) ба хонаи мо меҳмон шаванд, ба падарам навохтани торро меомӯхтанд. Он вақтҳо ман дар мактаби миёна мехондам. Ба рафтору гуфтори тағояму падарам зеҳн мемондам. Баъзе рӯзҳо, ҳангоми дар хона набудани падарам торро ба даст гирифта, гуфтаҳои тағоямро дар амал месанҷидам. Аз байн чанд муддат гузашт, аммо падарам ҳамон торро навохта наметавонистанд. Боре тағоям бо қаҳр гуфтанд, ки дигар машқ кардан суде надорад. Ҳамин вақт, ман хоҳиш кардам, ки торро ба ман диҳанд. Оҳангеро иҷро намудам. Ба тағоям маъқул шуд. Баъд мамнунона таъкид намуданд, ки дигар омӯхтани падарам шарт нест. Ҳамин шуду ба соҳаи санъати мусиқӣ дил бастам.
— Шумо ба ашъори шоирон оҳанг баста, онҳоро месароед. Довар, яъне баҳодеҳи ин амалҳои Шумо кӣ ё киҳо мебошанд?
— Бисёртар аз ашъори шоирони мумтоз, ба монанди Мавлавӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Туғрал, Саъдӣ истифода бурда, ба ғазалҳои онҳо оҳанг бастаам. Солҳои пеш муйсафедони адабиётдону ғазалхон ниҳоят бисёр буданд. Дар тӯю маъракаҳо «аз Ҳофиз хонед», «аз Туғрал гиред» — гуфта, баробари шумо мехонданд. Он солҳо ҳофизон пеш аз хондани суруде бисёр андеша менамуданд. Зеро, бисёрии шунавандагон китобхону адабиётдӯст буданд. Вақте ки шунаванда аз суруди шумо завқ мебарад, илҳоми ҳофиз низ ҷӯш зада, барои боз ҳам хубтару зеботар хондани суруд кӯшиш мекунад. Дар деҳаи Бӯзӣ Қорӣ Наҷмибобо аз ҳамин ҷумла мӯйсафедон буданд, ки ашъори шоирони классикиро хуб медонистанд. Сурудхонӣ дар ҳузури онҳо осон набуд. Ман ҳамаи инҳоро, албатта ба назар мегирифтам ва ҳоло ҳам ҳамон одат боқӣ мондааст. Агар хато накунам беш аз 100 ғазали шоирони мумтоз ва муосирро ба оҳанг даровардаам. Ҳоло ғазали «Ба Самарқандам биё»-и Олимҷон Орифиро ба оҳанг медарорам. Довари фаъолияти эҷодкориҳоям пеш аз ҳама ҳамсару фарзандонам мебошанд. Ҳамсарам Моҳира Фозилова муаллимаи забону адабиёт ҳастанд ва шеъру ғазалро хуб мефаҳманд. Ҳар боре, ки ғазалеро ба оҳанг медарорам, шунавандаи аввалинам мешаванд. Ва он ҷойҳое, ки ба гӯш форам намерасад, мегӯянд, ки дуруст кунам. Ҳангоми машқ аъзои дастаамон ҳам эрод гиранд, ҳатман ман он ҷойҳои оҳангҳои бастаамро ислоҳ мекунам. Ҳамин тавр, ҳар сол якчанд ғазалро ба оҳанг медарорем. Дар як ҷо истодан, ба он чизҳое, ки медонед, қаноат кардан хуб нест. Одам соҳиби кадом касбу коре бошад, барои ба пеш рафтан ҳаракат кунад, доимо касбу маҳораташро сайқал диҳад. Ин тақозои ҳаёт аст.
— Шумо дар оғӯши кӯҳу табиати зебои Оҳалик таваллуд шуда, зиндагонӣ мекунед. Растанишинос бошед, худи табиат ҳам одамро табобат мекунад…
— Дуруст гуфтед, табиат одамро ҳам табобат мекунад, ҳам ба камол мерасонад. Танҳо аз неъматҳои он оқилона истифода бурдан лозим аст.
Ман аз ҷавонӣ ҳафтае як бор ва ё дар ду ҳафта як маротиба аз саҳар то бегоҳ вақтамро дар оғӯши кӯҳу дараҳо мегузаронам. Ин баробари ба ман бахшидани рӯҳи тоза организмамро аз ҳар гуна моддаҳои зараровар тоза мекунад. Ҳамон рӯз бо ним литр ҷурғот ва як пора кулчаи ширин қаноат мекунам.
Дуюм, гиёҳҳоро меомӯзам. Масалан, гиёҳи мухаллас мавҷуд аст, ки агар онро ба ҷои чой дам карда нӯшед, рагҳои хунгардро васеъ карда, хунро моеъ сесозад. Бинишро хубу хотираро мустаҳкам мегардонад. Инчунин, хобатонро бароҳат мекунад.
— Ба қавли Мирзо Турсунзода мардуми мо табиатан шоир асту Шумо шеър ҳам менависед. Нияти нашр кардани маҷмӯаи шеърҳоятонро доред?
— Кам-кам шеър эҷод карда меистам. Шояд ин ба муҳити зист вобаста бошад. Зеро мардуми Оҳаликро шоиртабиат мегӯянд. Ҳоло чакидаҳои хомаам қариб ба 200 адад расидааст. Албатта, ният дорам, ки онҳоро дар шакли китоб нашр кунам.
Мусоҳибон Бахтиёр ҶУМЪАЕВ,
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.
