Ovozi.uz

Се саволи муҳим

Подшоҳи як мамлакат ба андӯхтани ҳар гуна ҳикматҳо мекӯшид. Боре ба гӯши ӯ расид, ки як обиде будааст, ки ҷавоби тамоми саволҳоро медонад. Подшоҳ ба назди ӯ омад ва дид, ки мӯйсафеди фартуте дар замин ҷӯя мековад. Вай ҷаҳида аз асп фаромад ва ба мӯйсафед таъзим намуд.

– Ман ба назди ту омадам, ки ба се савол ҷавоб гирам: кӣ дар рӯйи замин аз ҳамa одамӣ асосӣ аст, чӣ кор дар ҳаёт аз ҳамa муҳим аст ва кадом рӯз нисбати дигар рӯзҳо аз ҳамa муҳим ба ҳисоб меравад?

Обид ҳеҷ ҷавобе надода, ба кори худ машғул шуд. Подшоҳ ба ӯ кӯмак расонд.

Ногоҳ дид: аз роҳ марде мегузарад – тамоми рӯяш хунолуд. Подшоҳ ӯро нигоҳ дошт, бо суханони хуб дилбардорӣ кард, аз чашма об овард, дасту рӯйи мусофирро шуст вa захмашро баст. Баъд ӯро ба чайлаи зоҳид дароварда, дар ҷойгаҳ хобонд.

Пагоҳӣ хеста дид, ки мӯйсафеди обид зироат кишт мекунад.

– Зоҳид, – тавалло кард подшоҳ, – наход, ки ту ба саволҳои ман ҷавоб намедиҳӣ?

– Ту аллакай худат ба онҳо ҷавоб гардондӣ, – гуфт ӯ.

– Чӣ хел? – ҳайрон шуд подшоҳ.

– Ту пирӣ ва бемадории маро дида, раҳмат омад ва ба ман ёрӣ расондӣ, – гуфт обид. – Вақте ки ҳамроҳи ман ту ҷӯякҳо мекашидӣ, барои ту ман одамӣ аз ҳамa асосӣ будам, ёрдам расониданат ба ман барои ту кори аз ҳамa муҳим буд. Одами захмӣ пайдо шуд – эҳтиёҷи ӯ аз ниёзманди ман заруртар гардид. Вай барои ту одами аз ҳамa асосӣ ва ёрӣ расониданат ба вай кори аз ҳамa муҳим шуд. Аз ин мебарояд, ки одамӣ аз ҳамa асосӣ — ин ҳамонест, ки ба ёрӣ ту ниёз дорад. Кори аз ҳамa муҳим – неки кардан ба касе набошад, ки ту барои вай мекунӣ.

– Акнун ман ба саволи саввуми худ ҷавоб дода метавонам: кадом рӯз дар ҳаёти одам нисбати рӯзҳои дигар аз ҳамa муҳимтар аст, – гуфт подшоҳ. – Рӯзи аз ҳамa муҳимтар – рӯзи имрӯза аст.

«Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова

Тасвир бо асоси зеҳни сунъӣ офарида шудааст.