Ovozi.uz

Ба пеш рав!

Дар як замоне ҳезумкаше мезист, ки зиндагoниаш ночорона мегузашт. Вай бо музди ночизе, ки ҳезумро аз ҷагалзори наздики ҷамъ оварда, пуштворакунон ба бозор бурда мефурӯхт, рӯз мегузаронд.

Боре санясин – марди Худоҷӯе, ки аз роҳ мегузашт, ӯро ҳангоми ин гуна кор дид ва маслиҳат дод, ки ба пештари чанглзор равад:

– Ба пеш рав, ба пеш рав!

Ҳезумкаш ба маслиҳати ӯ гӯш андохта, ба ҷангал даромад ва каме пеш рафт ва дарахтҳои сандалиро дид. Вай аз ин бозёфти худ бисёр шод гардид, дарахтро бурид ва чи қадаре, ки бардошта тавонад, ҳамроҳ гирифт, онро дар бозор ба пули нағз фурӯхт. Баъд ба ҳайрат афтод, ки барои чӣ санясини меҳрубон ба ӯ нагӯфт, ки дар ҷангал дарахти сандал ҳаст, балки оддиякак маслиҳат дод, ки фақат ба пеш равад.

Рӯзи дигар вай то ҳамон дарахти буридааш расида, боз ба пеш рафт ва кони мис ёфт. Вай ҳар чӣ қадаре, ки бардошта метавонист, бо худ мисро гирифта, онро дар бозор фурӯхт ва соҳиби пули зиёде шуд.

Рӯзи дигараш вай боз ба пештар рафт ва резу чоши нуқраро ёфт.

Боз рӯзҳои дигараш вай тилло, алмос ёфт ва ниҳоят соҳиби сарвати калоне шуд.

Айнан ҳамин хел аст вазъи одаме, ки ба сӯйи дониши ҳақиқӣ мешитобад: агар вай дар бобати ҷаҳду талоши худ боз наистад, аз соҳиби баъзе комёбиҳо шудан қувват гирад, вай, охиру охирон, бойигарии дониши ҷовидон ва ҳақиқатро меёбад. Зеро илму маърифат сарвати бебаҳои инсон аст.

«Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова