Ovozi.uz

Журналисти ҳақгӯй, раиси пуркор ва муаррихи нуктадон

Дар Самарқанд ва берун аз он кам касоне ёфт мешаванд, ки журналисти моҳир, инсони ҳақиқатгӯву нуктасанҷ, муаррихи заковатманд Тошпӯлод Раҳматуллоевро нашиносанд. Чун Тошпӯлод Раҳматуллоев дар ҳамин шаҳр таваллуд шуда, беш аз 50 сол аст, ки дар назари муштариёни нашрияҳои чопӣ ва аз замоне, ки шабакаҳои интернетӣ доман густурд, дар байни мардум бештар эътибор пайдо намуд ва яке аз корбарони фаъолтарини он ба шумор меравад.
Тошпӯлод Раҳматуллоев 18‑уми феврали соли 1949 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Ин марди ҷаҳондида хислатҳои неки худро аз муҳити оилавӣ, таълимоти падараш Раҳматулло Ёрбобоев ва модараш Хуррамой Содиқова гирифтааст.
Соли 1966 мактаби миёнаи рақами 22‑и шаҳри Самарқандро бо медали тилло ва соли 1970 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо дипломи сурх хатм кардааст.
Соли 1965 аввалин мақолааш дар рӯзномаи ноҳия чоп шуда, ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ ва баъдан дар аспирантура бо чопи мақолаҳо оид ба таъриху бостоншиносӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо истеъдоди худро сайқал додааст.
Беш аз даҳ сол дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд кор карда, ба донишҷӯён асрори таърихро омӯхтааст.
Вай соли 1991 дар телевизиони ғайридавлатии СТВ-и шаҳри Самарқанд барномаи «Таърихи мо — сарвати мо»-ро омода карда, пешкаши ҳаводорон намуд.
Ҳафт соле, ки Тошпӯлод Раҳматуллоев муҳаррири рӯзномаи «Самарқанд» буд, дар Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо шуда, ду маротиба гранти «Бунёди Авруосиё»-ро ба даст овард.
Дар маркази иттилоотие, ки дар назди рӯзнома таъсис ёфта буд, бори аввал барои бо системаи интернет шинос шудани рӯзноманигорон шароит фароҳам намуд.
Дар бисёр конфронсҳои байналмилалӣ низ ширкат варзида, кӯшиш кардааст, ки бо расонаҳои ахбори оммавии ИМА, Белгия, Олмон, Туркия, Русия ва кишварҳои ҳамсоя ошно шавад.
Вай муаллифи китобҳои «Истифодаи материалҳои археологӣ дар таълими таърихи халқҳои Ӯзбекистон», «Матбуот ва демократия» (2002), «Парвози озоди андеша» (2002), «Амрико аз нигоҳи журналист» (2003) ва ҳаммуаллифи китобҳои «Таърихи халқҳои Ӯзбекистон» ва «Луғати иқтисодиёти бозоргонӣ» мебошад.
Тошпӯлод Раҳматуллоев соли 1997 дар зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин рӯзноманигори сол» ва соли 1999 дар зинаи вилоятии озмун ғолиб гардидааст. Инчунин, дар як қатор озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст овардааст.
Ҳамзамон, соли 2013 дар байни журналистони ҷумҳурӣ лоиқи ҷоизаи байналмилалии «Қалами тиллоӣ» дониста шуд.
Дар сӯҳбатҳо бо журналистони ҷавон Тошпӯлод Раҳматуллоев таъкид менамояд, ки агар нафаре аз рӯзноманигорӣ фоида диданро фикр кунад, беҳтараш дигар касбро интихоб намояд. Зеро устод аз таҷрибаи 50‑солаашон хуб медонанд, ки кори журналистӣ осон нест. Зеро воқеъиятро гуфта тавонистан, масъала гузоштан ва талоши ҳалли мушкилот муҳимтарин вазифаи шахсест, ки рӯзноманигориро ба дӯш гирифтааст.
Тошпӯлод Раҳматуллоев чанд сол аст, ки чун раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд кор мекунад. Дар даврони фаъолияти вай маҳалла ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гардид. Чун раис ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти мардум, обод кардани маҳалла аст. Ҳамеша ба тарзи ҳаёти солим риоят намуда, ба сокинони маҳалла намунаи ибрат мегардад.
Ҳамзамон, ин марди хирадманд барои иштирок дар пресс-­турҳо, анҷуманҳои матбуотӣ, вохӯриву маҳфилҳо вақт меёбад.
Чанде пеш устод барои шунавандагони «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-и назди таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» дарс гузашта, аз таҷрибаи худ ҳарф заданд ва ба ҷавонони умедбахш дар бораи масъулияти журналистӣ ва машаққати он маълумотҳои ҷолибро пешкаш кард.
— Ман аз фаъолияти блогнависии худ ҳеҷ манфиате надорам, — зимни машғулот таъкид кард ӯ. — Аммо то ҳол маҳз бо мақсаде бо ин кор машғулам, то бо баромадҳоям ба ҷомеа нафъе бирасонам. Дар ҷое озодии баён нест, на журналистика лозим асту на журналист. Танҳо дар шароити озодии баён рӯзноманигор метавонад аз имконоти худ пурра истифода кунад, ба халқу кишвар хидмат намояд. Фикр мекунам, танҳо дар он сурат ӯро журналисти ҳақиқӣ номидан мумкин аст.
Ҳар боре бо устод ҳамсӯҳбат шавем, ёдовар мекунанд, ки барои журналист муҳимтар аз ҳама эътирофи мардум аст. Яъне, ҷомеа навиштаҳои ӯро чӣ тавр қабул мекунанд. Вақте ки кори анҷомдодаатон ба халқ фоида меорад ва мегӯянд, ки «навиштаатон ба ман фоида овард», ана ҳамин мукофоти беҳтарин аст. Илова бар ин, барои рӯзноманигор ҷоизаи беҳтарин, интихоби роҳи дуруст, анҷом додани кори дуруст ва то ниҳоят расонидани он амал мебошад.
Рӯзи 18‑уми феврал Тошпӯлод Раҳматуллоев ба синни мубораки 75 қадам мениҳанд. Мо мавлуди накӯи умрро ба устод муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳат, сари баланд, хушбахтии рӯзгор ва дар ҷодаи заҳматписанди фаъолият комёбиҳо таманно мекунем.

Баҳодур РАҲМОНОВ.