Ovozi.uz

Гусел

Устод Бахтиёри Ҷумъа, ки ҳаҷвнигори хеле бомаҳорат мебошанд, дар ҳаёт ҳам ҳазлу шӯхӣ карданро дӯст медоранд ва камина, ки бо устод дар як утоқ кор мекунам, ба зарифгӯйиҳои он кас бисёр шоҳид шудаам.

Рӯзе як мард ба дидорбинии устод омад. Онҳо якчанд дақиқа суҳбат карданд. Сипас, мард рафтанӣ шуд. Устод хост, ки меҳмонро то дари баромади корхона гусел кунад. Меҳмон хиҷолат шуд ва аз устод хоҳиш кард, ки овора нашавад, ӯ худ рафтан мегирад. Хуллас, ҳар дуи онҳо ҳам исрор мекарданд ва ба гапи якдигар розӣ намешуданд. Меҳмон мегуфт, ки овора нашавед, устод мегуфт, ки то пеши дар гусел мекунам.

Охир, устод ба меҳмон гуфтанд:

— Мақсади маро дуруст нафаҳмидед. Мехоҳам то назди дар шуморо гусел ва ба рафтанатон боварии комил ҳосил кунам, пас омада баҳузур корҳоямро идома диҳам.

Меҳмон, ки устодро хуб мешинохт, ҳазл будани ин суханҳоро зуд дарк кард ва мо ҳама хандидем.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ

©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»