Дастаи «Истанбул Башакшеҳир»-и Туркия расман трансфери Элдор Шомуродовро эълон кард.
Ҳамлагари 30-сола, ки қаблан дар дастаи “Рома”-и Италия бозӣ мекард, бо иҷораи муваққатӣ ба дастаи Туркия гузашт.
Маблағи иҷора 3 миллион евро аст. Аз ҷумла, дастаи Истанбул ҳуқуқ дорад, ки ин бозигари ӯзбекистониро ба маблағи 2,7 миллион евро бихарад.
Дар шартнома ҳамчунин гуфта шудааст, ки римиён 10% саҳмияи фурӯши минбаъдаи Шомуродовро мегиранд.Элдор дар мавсими гузашта дар 27 бозии Серия А 4 гол ва 4 партофти головар анҷом дод.
