Як хонандаи 16-сола, ки дар таътили тобистона аз хориҷ ба Самарқанд барои аёдати модаркалонаш омада буд, пас аз ҷарроҳии бинии худ дар бемористони вилоятӣ даргузашт, — хабар медиҳад торномаи «Халқ сӯзи» бо такя ба телеканали «Миллий».
Гуфта мешавад, ки духтарак бо сабаби душвор будани нафаскашиаш рӯзи 1-уми июл ҳамроҳи бибиаш ба бемористони марказии вилоят рафтааст. Духтурон ба ӯ гуфтаанд, ки ӯро ҷарроҳӣ кардан лозим аст.»
Се духтурро дидам. Ҳар се гуфтанд, ки ин ҷарроҳӣ зарур аст. Биниаш «маҳкам» ва каме каҷ буд. Ӯро тақрибан соатҳои 11 ба ҷарроҳӣ бурданд. Интизор шудам, аммо гуфтанд, ки ҷарроҳӣ ҷараён дорад ва набераам ҳанӯз ба ҳуш наомадааст. Тақрибан пас аз якуним соат, як гурӯҳи духтурон бо асбобу анҷом вориди утоқи ҷарроҳӣ шуданд.» — гуфтааст бибии марҳума.
Дар бемористон гуфтаанд, ки баъди ҷарроҳӣ вазъи саломатии бемор бад шудааст ва ӯ даргузаштааст. Хешовандони наздики шаҳрванд гумон доранд, ки дар ин ҳодиса духтурон айбдоранд.
Гуфта мешавад, ки прокурори вилоят ташхиси судиву тиббӣ таъин кардааст. Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ ва тафтишоти расмӣ идома дорад.
