Ҷорҷ Бернард Шоу (1856–1950) драматург ва романнависи машҳури ирландӣ мебошад. Ӯ дар инкишофи драматургияи ҷаҳонӣ саҳми бузург гузошта, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт аст. Ҳаёти ӯ, ки бо театри англисӣ алоқамандии мустаҳкам дорад, дар маъруфият дар Англия пас аз Шекспир ҷойи дуввумро ишғол мекунад.
Тамошобинон аллакай хоб рафтаанд?
Бернард Шоу ба тамошои спектакл дер монд. Ба сӯйи ҷойи нишасти худ мерафт, ки аллакай намоишнома давом мекард ва хизматчии театр адибро огоҳ кард, ки ғалоғула набардорад.
— Чӣ, тамошобинон аллакай хоб рафтаанд? — пурсид Шоу.
Ҷадвали ҳаракати поезд
Директори як театр ба Шоу бо хоҳише муроҷиат кард, ки пйесаро каме кӯтоҳ кунад. Зеро тамошобиноне, ки аз деҳот меоянд, баъди тамошо барои ба хонаҳояшон баргаштан ба поезди охирин дер мемонанд.
Шоу ба ӯ телеграмма фиристод: «Пйесаро кӯтоҳ не, ҷадвали ҳаракати поезд тағйир дода шавад».
Баҳои баланд
Шоу пйесаи худро дида, ба актрисаи пешбари театр хабар фиристод: «Ҷозиб, афсонавӣ, аъло». Актриса хаттӣ ҷавоб гардонд: «Шумо баҳои аз ҳад баланд медиҳед».
Шоу боз ба ӯ телеграмма равон кард: «Ман пйесаро дар назар дорам».
Телеграммаи актириса ҳам чунин маъно дошт: «Ман ҳам».
Тарҷима ва таҳияи Бахтиёри ҶУМЪА.
