Сӯҳбати Дилшоди ФАРҲОДЗОД бо сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» ва сарвари Хонаи табъу нашри «Маҳорат» Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА
— Муаллим, аз кай боз дар риштаи табъу нашр кор мекунед?
— Фаъолияти ноширии ман соли 1998 оғоз гардидааст. Ҳамон солҳо дар вилояти Сурхондарё нашриёти «Ҷайҳун» фаъолият дошт. Хостам маҷмӯаи шеърамро чоп кунам. Намедонистам корро аз чӣ оғоз намоям. Ба муҳаррири рӯзномаи «Сариосиё ҳақиқати» (ҳоло «Сариосиё») Нарзулло Холиқов, ки он солҳо ман он ҷо масъули саҳифаи тоҷикии ин рӯзнома будам, муроҷиат намудам. Ҳамроҳ ба ноҳияи Деҳнав рафта, бо масъули нашриёт вохӯрдем. Пас аз давутози зиёд рухсати чопро гирифтем. Аз он шод будам, ки китоби нахустинам чоп мешавад. Ман, ки пас аз саргардонии зиёд бо соҳа каме ошно шуда будам, аҳд кардам, ки барои чопи китоби эҷодкорони воҳа саҳм гузорам. Барои китоби ҳаҷвнигори маъруф, шодравон Абдуқаҳҳори Муҳаммадалӣ бо номи «Як рӯз бошӣ, хурӯс бош!», Муҳаммадҷон Шукуров — «Хоки пок» ва Абдуалии Ғафур — «Бахти гурезон» аз ҳамин нашриёт рухсат гирифтем ва бо душвориҳо дар матбааи Сариосиё, ки таҷрибаи китобчопкунӣ надоштанд, чоп кардем. Ин барои ман таҷрибаи аввал буд. Лекин бо тақозои тақдир ба Самарқанд омадам ва фаъолияти ман дар дигар самт — ширкати Садо ва симои Самарқанд (СТВ) оғоз гардид.
Мани бо коғазу қалам ошно ба давутозҳои телевизион одат накардаму бо даъвати сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» фаъолиятамро ҳамчун ҷонишини сармуҳаррири ин таҳририят идома додам. Солҳои душвор буд. Ҳар шумораи рӯзномаро пеш аз чоп ташкилотҳои назоратӣ ба қавле «сензура» санҷида, имзою мӯҳр мегузоштанд ва пас он ба чопхона мерафт. Пас аз баста шудани нашриёти «Суғдиён» солҳои минбаъд дар Самарқанд нашри китоб аз байн рафта буд. Хостам маҷмӯаи дуюми худро чоп намоям. Ба нашриёти «Зарафшон» рафтам. Хуш қабул карданд, вале гуфтанд, ки муҳаррир надоранд. Агар касе ин масъулиятро ба гардан гирад ва аз ӯҳдааш барояд, иҷозат медиҳем. Ман ба онҳо фаҳмонидам, дар Сурхондарё муҳаррири чанд китоб будам. Онҳо ҳуҷҷатҳои маро қабул карданд ва шартномаи ҳамкорӣ имзо намуданд.
Аз ҳамон давр илова ба рӯзноманигорӣ ба табъу нашри китобҳои бадеӣ шурӯъ кардам. Дар баробари кор дар рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» бо даъвату сарпарастии сармуҳаррири ҳамонвақтаи рӯзнома, марди ботадбир Ғафурҷон Маҳмудов барои донишомӯзони мактабҳои миёна рӯзномаҳои «Булбулчаи-доно» бо забони тоҷикӣ ва «Булбулча» бо забони ӯзбекиро таъсис намудем ва ман сармуҳарририи ин рӯзномаҳоро ба зимма гирифтам. Соли 2008 барои ҷавонони боистеъдоди ҷумҳурият маҷаллаи «Маҳорат»-ро таъсис додем, ки сармуҳаррир худ будам. Соли 2016 роҳбарии маҷмӯаи фарҳангии «Олами китоби Самарқанд»-ро ба ба зимма гирифтам. Ин ҷо маскани дӯстдорони адабиёт гардид. Соли 2017 маро барои тарҷумаю таҳияи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 10–11 ба Маркази таълими Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ ба кор даъват намуданд. Пас ба нашриёти «Ноширлик ёғдуси» сармуҳаррир таъин шудам. Мақсадам он буд, ки собиқаи кории ношириамро ба се сол расонам ва барои таъсиси нашриёт имкон пайдо намоям. Зеро мутобиқи тартиби он солҳо касе, ки собиқаи кории сесола дар нашриёт дошт, метавонист нашриёт таъсис диҳад. Хушбахтона, ин монеаҳо бо шарофати дигаргуниҳои солҳои охир аз байн рафтанд. Бунёд кардани нашриёт ва чопхонаҳо хеле осон шуд.
Ба Самарқанд баргашта, соли 2020 бо ҳамкории шуъбаи Академияи «Турон» дар Самарқанд нашриёти «Турон нашр»-ро ташкил кардем. Пас соли 2021 шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд таъсис ёфт ва маро роҳбари ин шуъба таъин карданд. Маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон «Дурдонаи Шарқ» ба майдони матбуот ва адабиёти кишварамон ворид гашт. Ба орзуи деринаи худ расидем. Дар арафаи Наврӯзи соли 2022 шумораи нахустини он чоп шуд. Соли сеюм аст, ки фаъолияти мо идома дорад.
— Ғояи нашри маҷалла чӣ гуна ба вуҷуд омад? Ба ғайр аз мушкили молиявӣ, боз чӣ монеа ва ё камбуд дар вақти омода кардани маҷалла пайдо мешавад? Киҳо бо шумо ҳамкорӣ мекунанд?
— Нашри маҷаллаи адабӣ орзуи чандинсолаи эҷодкорони Ӯзбекистон буд. Аммо имкон ва шароит мувофиқат намекард. Ташкили шуъбаи тоҷикӣ дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон барои амалӣ намудани ин амали хайр як таконе гардид. Душвор аст дар ин шабу рӯзҳо, ки мардум ба ободии иморату пур кардани шикам меҳр гузоштаанд, даъват ба адабиёту маънавият намудани онҳо. Лекин мо қарздорем назди ҷамъият ва насли наврас, ки адабиёти ғании аз бобоёнамон меросгирифтаро ба ояндагонамон бегазанд бирасонем. Барои ин шароитҳо фароҳам омадааст, лекин сатҳи китобхонию маънавияти мо ҷавобгӯи замон нест. Ба ин нигоҳ накарда, аз ҳисоби худ ба нашри маҷалла оғоз намудем. Шукри Худо, инсонҳои некхоҳу беғараз ҳастанд. Ҷамоаи эҷодии хубе аз ҳисоби фидоиёни матбуоту маориф таъсис ёфт. Дар ду соли фаъолият мо тавонистем дар ҷумҳуриятамон ва берун аз он ҳам муштариёни худро ёбем. Дуруст, мушкили молиявӣ дорем. Аксари кормандони эҷодию техникии мо бе маош, холисона барои равнақи адабиёту фарҳанги Ӯзбекистон хизмат мекунанд. Нависанда ва рӯзноманигор Ҳамза Ҷӯра, шоир Хоҷа, Озод Ҳамидзода, Фаридуни Фарҳодзод, Асалой Сархатзода, Анӯшервон, Муҳаммадиқбол барои банду басти шумораҳои маҷалла вақту меҳнати худро дареғ намедоранд. Дар вилоятҳо вакилони махсуси маҷалла низ бе маош, холисона фаъолият доранд. Вакили мо дар вилояти Сурхондарё — Маҳкам Ҷаъфарзод, дар Фарғона — Санҷар Исмоилзода, дар Тошканд — Абдуқайюм Ҳасанзод, дар Самарқанд — Салоҳиддин Иброҳимов фаъоланд.
— Пеш аз он ки Хонаи табъу нашри «Маҳорат» таъсис ёбад, дар нашрияҳои дигар ҳам фаъолият доштед. Ба фикри шумо, афзудани шумори нашриёту чопхонаҳо дар кишвар нишонаи чист: афзудани талаб ба нашри китоб, ба вуҷуд омадани рақобати солим ва ё чизи дигар..?
— Тавре ки дар боло гуфтам, зиёда аз 25 сол мешавад, ки бо нашриётҳо ҳамкорӣ дорам. Соли 2021 нақшаи ташкили Хонаи табъу нашри «Маҳорат»-ро амалӣ намудем. Мақсадамон танҳо табъу нашри китобҳо набуд, дар баробари ташвиқи китобхонӣ, гузаронидани тадбирҳои маънавӣ ва шабҳои шеър ҳам буд. Шукр, табъу нашри китобҳоро ба роҳ монда, мушкили эҷодкоронро осон мекунем. Соли 2021 барои ноширону матбаачиён соли таърихӣ шуд. Ташкил намудани нашриёту чопхона осон гардид. Дар Самарқанд танҳо як нашриёти «Зарафшон» буд, ҳоло бошад адади он аз 20 зиёд аст. Лекин ҳанӯз дар тамоми нашриётҳо муаммои зиёде ҳаст, чунончи нарасидани муҳаррирону мусаҳҳеҳон ва саҳифабандону дизайнерҳо дар соҳаи нашри китоб. Ҳоло бозори китоб, ба дараҷаи талаб нест. Аксар мардум аз китобхонӣ дуранд. Имрӯз китобҳо фақат аз ҳисоби маблағи муаллифҳо бо теъдоди кам чоп мегарданд. Адади нашр, ки кам шуд, нархи китоб ҳам қимат мешавад.
Зиёд шудани нашриётҳо бояд рақобати солимро ба вуҷуд оварад. Ман ҳам тарафдори ҳамин ҳастам. Ҳоло нашриётҳои «Қалам» ва «Лоиқи Озод» дар Самарқанд ва «Илм» дар Тирмиз дар нашри китобҳои тоҷикӣ фаъолтар шудаанд. Агар сафи нашриётҳои фаъол афзояд, китобҳо бо сифати хуб ва бехатою арзон чоп мешаванд.
— Оё заҳмати нашри китоб аз меҳнат дар рӯзнома тафовут дорад? Кадомаш сангинтар мебошад?
— Эҷод ва таҳрир кори мушкилписанд аст. Дар соҳаи матбуот ҳам, дар соҳаи ноширӣ ҳам сабр, матонат ва истеъдод аз ҳама муҳим аст. Ҳар ду соҳа ҳам мушкилиҳои ба худ хос дорад. Дар рӯзнома хабаррасонии таъҷилӣ, кӯтоҳбаёнӣ нақши асосиро мебозад. Ҳар шумораи рӯзнома, ки чоп шуд, кас аз меҳнати чандрӯзаи худ шод мешавад ва нафаси озоде кашида, барои шумораи навбатӣ бо қувваи нав ба кор шурӯъ мекунад. Дар нашриёт бошад, душвортар аст. Баъзан таҳриру тасҳеҳи китобҳо моҳҳо давом мекунанд. Дар вақти таҳрири як китоб, китоби таъҷилии дигаре меояду ба таҳрири он мегузарем. Аз ҳама душвораш, дар нашриётҳо ҳоло муҳаррирону мусаҳҳеҳони касбӣ намерасанд. Як муҳаррир ҳам назм, ҳам наср ва ҳам китоби илмиро таҳрир мекунад. Барои ба кор гирифтани муҳаррирон ва мусаҳҳеҳон имкони молиявӣ намерасад. Фикр мекунам, ки нашриётҳо бояд дар таъминоти давлат бошанд. Набошад нашриётҳои хурд ба касод дучор мешаванд.
— Дар ин муддати зиёди фаъолияти наширии худ тақрибан чӣ қадар китоб ба табъ расониде?
— Дар муддати 25 соли фаъолияти ноширии худ зиёда аз 1000 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва публисистиро муҳаррир будам. Аз баъзе шоирон то 10–12 маҷмӯаҳояшонро чоп намудаам. Худо хоҳад, вақт ёфта, рӯйхати ин китобҳоро барқарор мекунам. Ҳамин ҷо чизи аз ҳама муҳимро ҳам қайд менамоям, ки замоне китобхонаҳои мактабҳои мо бе китоб монданд. Адабиёти мо дар Ӯзбекистон ҳолати ногувор дошт. Чанд нафар барои чопи китоби баъзе навқаламон зид буданд, вале пас аз гузаштани чанд сол дуруст будани ин корро тан гирифтанд. Имрӯз адабиёти мо дар Ӯзбекистон нисбати солҳои 2000‑ум хеле пеш рафт. Давраи нави Ӯзбекистон барои равнақи адабиёти мо шароиту имконоти бештар муҳайё намуд.
— Чанд пеш дар маҷлиси ҳисоботии Шӯрои адабиёти тоҷик дар шаҳри Тошканд ширкат доштед ва мавзӯи суҳбати шумо дар ин нишасти адабию фарҳангӣ дар боби нашри маҷмӯаҳои шеърӣ буд. Умуман, дар ин маҷлис вазъи табъу нашри китобҳои тоҷикӣ чӣ гуна арзёбӣ гардид?
— Солҳои охир раёсати Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон барои равнақи адабиёти тоҷик эътибори бештар медиҳад. Дар панҷ соли охир беш аз 10 нафар адибони тоҷикро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфтанд. Шӯрои адабиёти тоҷик, ки чандин сол боз фаъолият надошт, барқарор шуд ва ба он шоири тавоно, устод Паймон раис таъин гардиданд. Соле пеш аз сабаби бемории устод ин вазифа ба шоир ва олими ояндадор Хусрави Саъдуллоҳ вогузор шуд. Ҳоло дар иттифоқи нависандагон барои пешрафти адабиёт корҳои хайр оғоз шудааст. Девони ашъори Паймон, маҷмӯаи шеърҳои Муҳаммад Шодӣ бо номи «Ояти сабз» аз ҳисоби маблағҳои Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон чоп шуд. Шеърҳои чанд нафар эҷодкорони тоҷик тарҷума шуда, аз баёзи «Бахту толеи ман — Ӯзбекистон» ҷой гирифтанд. «Антологияи адабиёти тоҷик»-ро ба забони ӯзбекӣ чоп карданд. Ғайр аз ин, дар ду-се соли охир дар нашриётҳои гуногун китобҳои шоирони маъруфи Ӯзбекистон чоп шуд, ки «Шабогард»- Паймон, «Фарёди сукут»-и Абдулло Субҳон, «Гулоби ваҳдат»- и Муҳаммадҷон Раҷабӣ, «Аз ишқи ту то ишқи Ҳақ»-и Хоҷа, «Тӯфони шабнам»-и Олим Панҷизода, «Субҳи саодат»-и Саодат Сангинова, «Муғаннии ишқ»-и Илҳом Насафӣ, инчунин таҳти назар ва пешгуфтори шоир ва олими донишманд Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ҳам даҳҳо номгӯ китоб чоп шуд, ки Куллиёти осори чорҷилдаи Асад Гулзодаи Бухороӣ, «Фарди фардо»-и Расулбеки Аҳмадзод аз ҷумлаи онҳост. Бо таҳриру пешгуфтори Абдуқайюм Ҳасанзод ҳам чанд номгӯй китоб чоп шуд, ки дар байни онҳо осори дастҷамъии 17 нафар эҷодкор бо номи «Рози чашмасор» яке аз беҳтаринҳост. Ҳамаи китобҳои солҳои охир чопшудаи шоирони ҷумҳуриамонро ин ҷо номбар кардан имконнопазир аст. Зеро теъдоди он аз сад зиёд мебошад. Чанде пеш боз ду китоби пурарзиш — ҷилди аввали куллиёти шодравон Абдулло Раҳмон ва маҷмӯаи ашъори дилошӯби Ӯғулой Ҷӯрабоеваро бо номи «Садои ошно» чоп кардем. Ҳамаи ин аз он далолат медиҳад, ки солҳои охир вазъи табъу нашри китобҳо беҳтару бештар гаштааст.
— Дар ин самти фаъолияти чӣ худ нақшаҳо доред?
— Ман ҳар вақт ба худ аҳд менамоям, ки акнун фаъолияти рӯзноманигорию ношириро ба дигарон месупораму аз пайи эҷоди шеър мешавам. Шеърҳои ногуфта, қиссаҳои нонавишта маро азоб медиҳанд. Синнам ҳам аз 50 гузашт. Бояд навиштаҳои худро ба тартиб орам, китобҳоямро чоп кунам. Лекин ворисони муносиб камёбанд. Ба чанд нафар хостам таҳрири китоб ва асрори табъу нашри онро омӯзам, вале сабрашон нарасид. Вақте донистанд, ки кори каммаошу сермағал аст, худро ба дигар ҷо заданд.
Бояд дар факултетҳои филологӣ гурӯҳи ноширӣ ташкил шавад. Ба шогирдон асрори таҳрири китобро омӯзанд. Имрӯз талаб ба ин гуна мутахассисон зиёд аст. Шукр, ки фарзандонам солҳо дар паҳлӯям буданд, соҳаи матбааро хуб медонанд. Нахустписарам Абдушукур имрӯз сарварии нашриёти «Маҳорат»-ро ба зимма дорад. Писари дуюмам Муҳаммадиқбол ҳам ношир аст. Ӯ дар нашриёти Маркази илмию тадқиқотии Имом Бухорӣ фаъолият пеш мебарад.
Инчунин, барои маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» имрӯз ҷавонони боистеъдод ва ворисони сазовор заруранд, то дар оянда нашри ин маҷалларо идома диҳанд. Ҳоло барои кӯдакон адабиёт кам аст. Рӯзнома ё маҷаллае барояшон надорем. Бинобар ин, мо барои таъсиси маҷаллае барои кӯдакон бо номи «Чароғи дониш» ҳуҷҷат пешниҳод кардем.
Медонед, Дилшодабону, сӯҳбатамон тӯлонӣ гашта бошад ҳам, сабаби ин иқдомро гӯям. Ин фикр ба сари ман пас аз он ки чанд нафар эҷодкорони бузургсоли мо вафот карданду ман бо чашми худ дидам, ки фарзандони кӯтоҳандеша китобҳои нахӯрдаю напӯшида, бо сад азобу бо нархи гарон харидаи падарашонро бароварда, ба коғазпора супурданд ва ҳатто дастхатҳои онҳоро ба кӯча партофтаанд. Ин аламовар аст. Умре эҷод намоию фарзандони худат қадри эҷодатро надонанд. Бо чанд нафар эҷодкорони солхӯрда сӯҳбат намудаму «китобҳои ман пас аз маргам хор нашаванду агар бошад, онҳоро бо дасти худам ба ягон мактаб ё китобхонае супорам, китобдӯстон гирифта мутолиа намоянд, савобаш мерасад»- мегӯянд. Ҳа, ин дарди бузурги ҷомеаи имрӯз аст. Китоб барои баъзеҳо як матои бекора гардид. Мо эҷодкорон бошем, дороии худро китоб медонем. Аз ин рӯ, мувофиқи имкони худ ҳоло бо ёрии фарзандонам дар наздикии маҷмуаи Имом Бухорӣ сохтмони китобхонаеро оғоз кардем. Хурд бошад ҳам, қадами аввал аст, шояд маскани дӯстдоштаи аҳли адаб гардад. Бигузор, дар оянда бо мадади дӯстон васеъ ва мисли китобхонаи бузурги Искандария машҳуру маълуми олам гардад.
Боқӣ, ба ҳама эҷодкорон ва адабиётдӯстон комёбӣ ва рӯзгори пур аз нишот таманно дорам.
— Бо шумо сӯҳбати самимона ва хеле пурмазмуну пурмӯҳтаво доштем. Аз шумо сипосгузорем, ки боҳимматона ин ҳамаро ба хидмати мо гузоштед, комёбиву дарду розу ормонҳои худро бо мо ба ҳам дидед. Дар ин самти кӯшишу кор Худованд шуморо неруманду комёб гардонад!
ДАВРИ НАВ БАРОИ РАВНАҚИ АДАБИЁТ ИМКОНИЯТИ БЕШТАР ДОД
