Борон ва қисман барфи моҳи марти соли ҷорӣ ба ривоҷи майсаҳои ғалла фоида овард. Аз ин рӯ, деҳқонҳое, ки дар ҷойҳо озуқаи якумро пурра доданд, нуридиҳии дуюмро низ гузаронданд. Фермерон чораҳои аз офати занг баровардани майсаҳои ғалларо низ диданд.
Маълум аст, ки ба ҳосили кишти тирамоҳии дон касалиҳои занги доғдори поя, зард ва хокистарранг қирон меоварад. Аз ин рӯ, фермер ва мутасаддиёнамон дар ҷойҳо чораҳои паҳншавии занг ва бартарафсозии онро донистанашон ва бар зидди онҳо мубориза бурданашон шарт ва зарур аст. Назорат ва таҳлилҳо ҳаминро нишон доданд, ки дар ҷойҳо аломатҳои занги зард рӯй доданд. Агар аҳвол саривақтӣ пешгирӣ нашавад, он дар муддати кӯтоҳ аввал баргҳо, баъд спораҳои онҳо, ғилофи барг ва донро зарар мерасонад. Дар натиҷа, ҳосилдорӣ ба 60–85 дарсад паст шуда, дон пуч ва ба истеъмол нораво мегардад.
Дар вилоятамон барои ҳосили соли 2024 дар 104230 гектар замин тухми ғалла кишта шуда, мутахассисон дар 94230 гектар майдон паҳншавии касалии зангро пешгӯӣ кардаанд. Имрӯзҳо дар вилоят барои ҳимояи ҳосили ғалла захираи гербитсидҳои гуногун, ки барои 91350 гектар майдон кифоя аст, тайёр карда шудааст.
Занги зард аввал дар баргҳои растанӣ ва дигар ҷузъҳо доғи зарди кушод ҳосил карда, дар байни онҳо спораҳои зараровар ҷойгир мешаванд. Онҳо ривоҷ ёфта, дар ҳолати чанг зуд ва васеъ паҳн мегарданд. Дар ин вақт онҳоро дар рўйи барг бо шишаи лупа дидан мумкин аст ё аз хокаи зарду сурх, ки ҳангоми нигоҳ доштан ба даст мечаспад, шинохта мешавад. Ин бемории фунгал (fungal) аз спораҳои занбӯруғҳо ба вуҷуд омада, ба таври васеъ паҳн шуда, дар як мавсим ба ҳисоби миёна 10 насл тавлид мекунанд ва метавонанд дар як рӯз ба масофаи аз 10 то 100 км паҳн шаванд. Афзоиши он бевосита ба намии нисбии ҳаво ва ҳарорат вобаста аст. Вақте ки ҳарорати ҳаво барои занги зард 8–15С, занги қаҳваранг 20С ва занги поя 30С мешавад, онҳо ба бофтаи растанӣ ворид шуда, инкишоф меёбанд ва барои пайдоиши спораҳо муҳити мусоид фароҳам меорад.
Набояд фаромӯш кард, ки ин беморӣ асосан дар алафҳои кӯҳистонӣ қарор дошта бошад ҳам, бо вазидани шамол зуд ба дигар ҷойҳо паҳн мешавад ва пас аз ворид шудан ба марғзорҳои ғалладона зимистон дар баргҳои онҳо хобида, баъдан ба растаниҳои солим зарар мерасонад.
Ҳамзамон, дар саҳроҳои мо баробари занг касалиҳои хока, доғи зард ва септариоз низ ба амал меоянд ва онҳоро бо занг омехта кардан лозим нест. Аз ин рӯ, муборизаи зидди занг ва дигар касалиҳо пеш аз ҳама аз рӯи нуқтаҳои пайдоиши аввалини онҳо, дараҷаи паҳншавӣ ва самараи чораҳои зидди онҳо муайян карда мешавад. Бинобар ин, роҳбар-мутахассисони хочагиҳоро зарур аст, ки мунтазам (ҳафтае 1–2 маротиба) контурҳои касалии зангро мониторинг кунанд.
Бо ин мақсад аз 5–10 нуқтаи ҳар як майдон (ба ҳисоби пояи асосӣ) 10‑тоӣ намуна гирифта, дараҷаи паҳншавӣ ва инкишофи касалӣ муайян карда мешавад. Дар ин самт ҳамкории Садорати карантин ва ҳифзи растаниҳои вилоят, шўъбаҳои ноҳиявии он ва олимони коршинос бо роҳбарони хоҷагиҳо ва кластерҳо самаранок мебошад. Танҳо баъд аз он дар асоси хулосаю тавсияҳои қатъии мутахассисон корҳои безараргардонӣ бо фунгисидҳо амалӣ мешаванд. Агар сатҳи занг паст ва касалӣ суст бошад, он гоҳ 25% Байлетони 25% (1,0 кг/га), БТ 22,5% Фоликур (0,3–0,5 л/га) ва ғайра тавсия дода мешавад. Дар айни замон доруҳои нави зидди занг якҷоя истифода мешаванд, яъне доруҳои дар асоси Пропиканазол+Сипроканазол (0,3 л/га) омадашуда самарабахш мебошанд.
Бояд гуфт, ки самараи ин фунгисидҳо баъди борон ҳам кам намешавад ва муҳимаш он аст, ки онҳо сари вақтӣ ва бо сифати хуб истифода шаванд, самара мебахшанд. Албатта, аъзои хоҷагиҳо бояд ба бехатарии техника қатъиян риоя карда, ба чораҳои зери хавф нагузоштани ҳаёти коргарон диққати махсус диҳанд.
Ҳамин тавр, агар мо дар нигоҳубини ғалла эҳтиёткор бошем ва ғалларо, ки ризқу рӯзии мост, аз хавфноктарин бемориҳо эмин нигоҳ дорем, ҳосили фаровон ба даст меорем.
Бурҳон ФАЙЗУЛЛОЕВ,
директори филиали вилоятии Донишкадаи илмию тадқиқотии карантин ва ҳимояи растаниҳо, номзади фанҳои биология, дотсент.
