Ovozi.uz

Вақт роҳи бозгашт надорад…

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли равон ҷараёни қабул ба муассисаҳои таълими олӣ бори аввал бар асоси тамоюли «Аввал тест, сипас интихоб» баргузор мешавад.
Довталабон барои супурдани санҷишҳои тестӣ аз 5‑уми июн то 26‑уми июн аз рӯйхат мегузаранд.
Онҳо пас аз ба анҷом расидани санҷишҳои тестӣ дар давоми 15 рӯз муассисаи таълими олӣ, самти таълими бакалавриат ва шакли онро интихоб мекунанд.
Имрӯз дар арафаи оғози қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таълими олӣ, дар назди хатмкунандагони мактабҳои миёна ҳалли масъалаи муҳими интихоби роҳи ояндаи ҳаёти худ пеш меояд.
Хӯш, онро чӣ хел бояд ҳал кард?
Мо роҷеъ ба ин савол фикри чанд нафарро овардем.

«Ба ин дараҷа расидан осон набуд»

Моҳинур СУЮНОВА,
хатмкунандаи мактаби рақами 35‑уми ноҳияи Иштихон:
— Азбаски аз хурдӣ дар ман мароқ ба забонҳои хориҷӣ бедор шуд, нисбат ба фанҳои дигар ба омӯхтани забони англисӣ бештар эътибор додам. Қисми асосии вақти ман барои омӯзиши забони англисӣ гузашт. Ба оина нигоҳ карда, ба забони англисӣ ҳарф мезадам, агар талаффузам ба худам маъқул шавад, хурсанд мешудам. Баъзе суханҳоро бо душворӣ талаффуз кунам ҳам, кӯшиш мекардам, ки монанди омӯзгори забони англисӣ бошам. Дар оина дар қиёфаи худам устодамро медидам. Дар натиҷаи ин шавқ, зиёда аз ин майлу рағбату заҳмати худ, дар зинаи ҷумҳурии олимпиадаи фаннӣ аз забони англисӣ ҷойи якумро гирифтам.
Рост аст, ки ба ин дараҷа расидан осон нашуд. Баръало гуфта метавонам, ки ба туфайли дониш, эътибор ва меҳре, ки устодонам доданд, зиёда аз ин боварии баланде, ки падару модарам ба ман доштанд, аз ӯҳдаи ин кор баромадам.
Яъне, агар инсон дар назди худ мақсади неке гузошта, сӯи он майл кунад, аз душвориҳо натарсад, албатта ба он мерасад. Ҳеҷ гоҳ кӯшишу ҳаракатҳояш зоеъ намераванд. Соли гузашта барои гирифтани сертификати IELTS имтиҳон супурда, 8 хол ба даст овардам. Инчунин, ба якчанд донишгоҳи диёри худамон ва мамлакатҳои Аврупо ҳуҷҷат супурда, пеш аз муддат донишҷӯ шудам. Ният дорам, ки дар оянда таҳсилро дар самти сайёҳӣ давом диҳам. Агарчи то ҳол донишҷӯи чанд донишгоҳи хориҷӣ шудам, барои санҷиши дониши худ, боз ба донишгоҳҳои пешсафи хориҷӣ ҳуҷҷат супурдан мехоҳам. Мақсадам — номи диёрамонро ба дунё муаррифӣ карда, ба чӣ қодир будани фарзандони Ӯзбекистонро намоён кардан аст.
Диёр ТОҲИРОВ,
донишҷӯи самти журналистикаи байналхалқии факултаи забонҳои шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд:
— Ман ният доштам, ки пас аз хатми мактаби миёна ба яке аз муассисаи таълими олӣ дохил шавам. Вале мушкилӣ дар интихоби он буд. Азбаски дар бораи аксарияти ихтисосҳо тасаввури сатҳӣ доштам ва дар омӯхтани забони англисӣ муваффақ шудам, ҳуҷҷатҳои худро ба шӯъбаи забони англисии Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд супурдам ва донишҷӯй шудам. Вале ба хондан нарафтам — ба касбе (логистика) меҳр пайдо намудам. Чанд муддат онро омӯхтам, вале комёб нашудам. Акнун барои таҳсил ба донишкада рафтан низ маъное надошт. Боз ба имтиҳонҳои мактаби олӣ тайёрӣ диданро сар кардам. Имсол имтиҳонҳоро нисбат ба соли гузашта боз ҳам беҳтар супурда, бар асоси буҷет ба факултаи журналистикаи байналхалқӣ (соли пешина ба асоси шартнома буд) ба таҳсил қабул шудам.
Ният дорам пас аз хатми зинаи бакалаври донишкада таҳсили магистратураро дар хориҷа идома диҳам.
Ман мамнунам, ки таҳсилро давом медиҳам, вале ҳанӯз маълум нест, ки дар оянда дар куҷо кор мекунам. Устодон мегӯянд, ки ин ба саъю кӯшиши мо дар таҳсил ва ба таҷрибае, ки дар ин давр меандӯзем, вобаста аст.
Хулоса, дар ин роҳ хато накунем, чунки вақт роҳи бозгашт надорад.

Фаъолияте, ки қисми асосии умрро дар бар мегирад

Мавлуда МАЛИКОВА,
донишҷӯи курси чоруми самти психологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов:
— Интихоби касб на танҳо манбаи даромад, балки фаъолияте мебошад, ки қисми асосии умр дар он сарф мешавад. Аз ин рӯ, дуруст интихоб кардани касб хеле муҳим мебошад. Ин масъала мумкин аст хатмкунандагони мактабро бештар ба андеша водор созад. Аз ин рӯ, риоя кардан ба баъзе тавсияҳои зерин метавонад ба натиҷаи самарабахш оварда расонад:

  1. Худро таҳлил кунед, яъне шавқу завқ ва қобилиятҳои худро муайян намоед. Ба шумо кадом фан ва фаъолиятҳо бештар писанд аст? Дар кадом соҳаҳо муваффақ мешавед? Барои осон муайян кардани ин тестҳо ва методикаҳои муайян таҳия шудаанд. Бо иҷрои онҳо низ муайян кардан мумкин аст.
  2. Рӯйхати касбҳои мавҷударо омӯзед. Дар бораи касбҳои гуногун маълумот ҷамъ кунед. Дар бораи талабот ва вазифаҳои ҳар як касб, шароити корӣ ва имкониятҳои он маълумот гиред.
  3. Таҷриба андӯзед. Дар мубодилаи таҷриба ва дарсҳои амалӣ иштирок кунед. Ин ба шумо имконияти дидан ва ҳис кардани касбҳои гуногунро фароҳам меорад.
  4. Нақша тартиб диҳед ва чунин ҳадафҳое гузоред, ки дар муддати кам иҷро гарданд. Барои расидан ба ҳадафҳо нақша тартиб диҳед. Дар бораи донишгоҳҳое, ки дар онҳо касби интихобкардаи шумо таълим дода мешавад, маълумот ва курсҳоро ба нақша гиред.
  5. Худро бишнавед. Дигарон ба шумо маслиҳат дода метавонанд, аммо қарорҳои муҳимтар аз худи шумо бармеоянд. Агар анъанаҳои оилавӣ ба шавқу завқи шумо мувофиқат накунад, давом додани онҳо ҳатмӣ нест.
    Бо риоя кардани ин тавсияҳо, хатмкунандагон метавонанд касби мувофиқро интихоб кунанд.
    Муҳимтар аз ҳама, ҳангоми интихоби касб се чиз бояд якҷоя шавад: аз коре, ки мекунем, хушҳол бошем ва лаззат барем. Дуюм, даромади хуб ба даст овардан ва саввум, фоида овардан ва саҳм гузоштан ба рушди ҷомеа.
    Интихоби ихтисос, ё ки касб кори саҳл нест
    Бояд имрӯз мо донем ва дарк намоем, ки интихоби дурусти касб метавонад ояндаро пешбинӣ карда, мутахассисро дар ҷомеаи имрӯзаи мо сазовори иззату эҳтирому обрӯ гардонида, дар ҳаёти инсон зиндагии хушу ширин ва муваффақиятҳои зиёде меоварад. Суханҳои устодон ва шоирони бузургвор бисёр бамаврид аст, ки дар васфи ҳунаромӯзӣ иброз доштаанд:
    Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,
    Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

    Хонандаи азиз инро бояд фаромӯш накунад, ки интихоби дурусти касб инсонро ба комёбиҳои бузург оварда мерасонад.

Тошқул АЗИМОВ.