Ovozi.uz

Ҷашни якасринаи адиби маъруф

Дар маҳаллаи Қири шаҳри Самарқанд ҷашни 100‑солагии зодрӯзи нависандаи маъруф Болта Ортиқзода баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки бо ташаббус ва ибтикори таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» гузаронида шуд, шоиру нависандагон, зиёиён, аҳли илму адаби Самарқанд, сокинони маҳалла ва аҳли пайвандони адиб иштирок карданд.
Чорабиниро сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ифтитоҳ бахшида, оид ба мақом ва манзалати Болта Ортиқзода дар адабиёт, ҷиҳатҳои ба худ хоси осори ӯ ҳарф зад. Таъкид намуд, ки дар асарҳои нависанда ҳаёт, урфу одат, арзишҳои ба худ хоси самарқандиён ба таври воқеӣ тасвир шудаанд. Қадршиносии ин гуна абармардон, ки тамоми умри худро ба хидмати халқу Ватан сарф кардаанд, ҳам қарзу ҳам фарзи насли оянда мебошад.
— Болта Ортиқзода бо асарҳои худ як қисми муҳими таркибии адабиёти замони навро ташкил мекунад, — гуфт устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, профессор Садрӣ Саъдиев. — Вай тамоми умр дар Самарқанд эҷод карда, номаш дар марказҳои адабиёти имрӯза дар қатори бузургони адабиёт зикр мегардад. Ӯ ҳамчун адиби бузурги Самарқанд дар фарҳанги имрӯзаи мардуми мо шуҳрат ва мақоми махсус дорад. Барои он, ки ӯ тавонист аз Самарқанд берун набаромада, дар тамоми Ӯзбекистону Тоҷикистон ва дигар кишварҳо маъруфият пайдо кунад.
Дар идома роҷеъ ба салоҳияти эҷодии адиб, мазмуну мундариҷаи умумии осори ӯ сухан рафта, таъкид гардид, ки Болта Ортиқзода дар давоми умри худ 47 китоб таълиф намудааст ва ин на кори ҳар нависанда аст. Забони асарҳои ӯ содда буда, ба доираи ҳамаи хонандаҳо, хусусан мардуми оддӣ мувофиқат мекунад. Ин аст, ки асарҳои адиб дар 40 кишвари ҷаҳон бо забонҳои гуногун интишор гардидаанд.
Дар анҷом ба раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қир Муҳаммадқул Болтаев ва ёрдамчии ҳокими маҳалла Комил Носиров ташаккурнома ва тӯҳфаҳои таҳририяти рӯзнома супорида шуд.
Сипас, ҷамъомадагон аз хонаи устод Болта Ортиқов, ки ҳоло фарзанди адиб Алишер Болтаев зиндагӣ мекунад, дидан карданд. Пешниҳод шуд, ки дар оянда он ба осорхона табдил дода шавад.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.