Ovozi.uz

Гилеми коғазпеч

(Ҳикояи воқеӣ)

Маҳбуба НЕЪМАТЗОДА

Инсон табиатан офаридаи аҷиб аст. Гоҳ аз ноаён рафтани умри азизаш ғамгин ва гоҳе аз зуд гузаштани баъзе рӯзҳо шод мегардад.
Лола–муаллима баъди наҳор, зарфҳои ошпазхонаро шуста дар ҷояш гузошту ба тақвими сари девор нигарист ва хурсандона худ ба худ гуфт:
– Чӣ хуб, ки моҳи март аллакай нисф шудааст. Рӯзи ҳабдаҳум нафақаро гирифта ба бозори «Шодиёна» меравам ва ҳатман ҳамон пироҳани гулбахмали туркиро мегирам. Бо омадани баҳор дар гузар тӯйи арӯсиву фотиҳатӯй ва дигар ҷашнҳо оғоз меёбад. Айб аст, ки муаллимаи номдор ба маъракаҳо бо пироҳани порсола равад.
Моҳи гузашта низ модар ҳамин ниятро дошт. Вале ҳанӯз пули нафақаро ба даст нагирифта, духтари калонаш Замира занг зад:
– Модарҷон, пас аз се рӯз падаршавҳар ва модаршавҳарам дар тарабхонаи «Шоҳҷаҳон» 60–солагии худро ҷашн мегиранд. Шумоён ҳамчун қудо бояд ба онҳо тӯҳфаи ба чашм намоён гиред. Коре кунед, ки дар назди хешу табори домодатон обрӯи ман нарезад.
То обрӯи духтари ноздонааш дар хонадони қудо кам нагардад, муаллима нисфи нафақаро сарфи тӯҳфа кард.
Лола–муаллима баъди сиву ду соли фаъолият соли гузашта бознишаста шуд. Шукр нафақаи хуб мегирад. Вале азбаски чор духтару чор домод, ҳашт нафар қудои басавлат ва чордаҳ набера дорад, хароҷоташ зиёд аст. Ҳар моҳ як ё ду дафъа дар хонадони қудоҳо ҷашни зодрӯз, тӯйи арӯсӣ, ақиқа, мучалтӯй ё тантанаи дигар барпо мегардад. Ӯ мақоли нав «дар боло Худо, дар паст қудо»-ро ба ёд оварда, ҳамеша ба ҳавлии қудо бо дастовезу тӯҳфаҳои арзанда меравад.
Муаллима ғарқи фикру андеша буд, ки занги дарвоза баланд шуд. Дарвозаро кушода духтари дуюмаш Вазираро диду дилаш шуввас зад.
«Боз қаҳр карда омад, чӣ бало? Вагарна пагоҳирӯзӣ ба диданам намеомад» — аз дил гузаронд.
– Хайру хайрият аст? – бо изтироб пурсид модар.
– Тинҷӣ, модарҷон, тинҷӣ. Барои шумо хушхабар овардам, – сӯи хона қадамзанон гуфт Вазира.
Чун ҳар ду дар даҳлез сари хонтахта нишастанд, духтар шурӯъ кард ба нақл:
– Парерӯз бародаршавҳарам аз Корея занг зада, бо Икромҷон хеле сӯҳбат кард. Ду бародар қарор доданд, ки суннаттӯйи писарҳояшонро дар як рӯз гузаронанд. Дирӯз домодатон ба тарабхонаи «Боғи шамол» рафта, рӯзи тӯйро аниқ карданд. Суннаттӯйи набераатон баъди чор моҳ рӯзи чоруми август мешудааст. Феълу хӯи модаршавҳари чизпарастамро медонед. Фардо «Модарат чӣ овард? Ҳамин ҳам чиз шуд?» нагӯянд. Хешу ақрабои авсуни бадавлатам ба сару пои овардаатон наханданд.
Вазира боз чанд лаҳза нишаста ба модар дилашро холӣ карду аз пайи кор рафт. Баъди андак аз хонаи дарун садои қаҳромези Зариф–амаки ширакайф баромад, ки хоболудона мегуфт:
– Духтарат чӣ мегӯяд? Суннаттӯй дошта бошад, ба мо чӣ? Духтарҳоро ба воя расонда, хононда ба шавҳар додему ҷон халос нашуд. Айби худат зани бекалла! Ақл медоштӣ, чор духтарро ба сари ман қатор намекардӣ!
Лола–муаллима хабари хуш – суннаттӯйи набераашро шунида, ҷойи шод гаштан, парешонҳолу ғамгин шуд. Суннаттӯй зодрӯз нест, ки ба як нафар тӯҳфа бариву ҷон халос шавад. Аз рӯи расму оини самарқандиён ӯ бояд ба духтару се фарзанди вай, ба домоду падару модар, хоҳару додар ва янгаҳои ӯ сарупои зебои хориҷӣ бигирад. Барои даҳ–дувоздаҳ нафар сарулибосҳои арзанда гирифтан магар осон аст? Кош, як писари сарватманд медошту ба вай дар ин мушкил кӯмак мерасонд.
Аз шавҳараш бӯи умед нест. Аз ҷавонӣ ба шароб майл дошт. Пештар баъди кору рӯзҳои истироҳат ва дар тӯю маъракаҳо менӯшид. Ду сол пеш ба нафақа баромаду майнӯшӣ шуғли дӯстдоштааш гардид. Гоҳ бо ҷӯраҳо, гоҳ бо ҳамсояву хешу табор гаштакбозиву шаробхӯрӣ карда баракати пулашро мепарронад.
Гоҳе ҳамсараш аз ӯ барои сарфи рӯзгор пул пурсад, бо тамасхур мегӯяд:
– Шарм намедорӣ? Ду баробари ман нафақапулӣ мегирию боз пул мепурсӣ? Бисту панҷ сол дар корхона посбон будам. Мемонӣ, ки дар пирӣ роҳати меҳнатамро бинам.
Зариф–амаки миёнақади лоғарандом ниҳоят аз хонаи хоб берун баромад. Аз чеҳраи варамида ва бинии суп–сурхаш маълум буд, ки барои «хуморшиканӣ» аллакай як–ду пиёла шароб нӯшидааст. Ӯ ҳамсарашро парешонҳол дида гуфт:
– Медонӣ, ки дар мамлакатҳои мусулмонии Арабистону Афғонистон, Эрону Покистон аслан чӣ будани суннаттӯйро намедонанд. Тӯйи суннатӣ танҳо дар Самарқанд боқӣ мондаасту ҷойи нест шудан сол аз сол ривоҷ меёбад. Ба одамони бою бадавлат ва худнамои мо ин тӯй маъқул. Зеро, ба баҳонаи суннаттӯй онҳо ба мардум давлату савлати худро намоиш медиҳанд.
Дили Лола–муаллима аз дидани ҳоли шавҳараш ва аз фикру андешаи тӯй ба дард омад. Ӯ як дона ҳабдоруро зери забонаш гузошт ва то гиреҳи дилаш во шавад ба дидани ҳамсояҳо паси дарвоза баромад.
Ҳамсояи рӯ ба рӯ Нигина–хола, ки бо наберааш машғули сайругашт буд, шодон наздаш омаду гуфт:
– Дугона, шунидӣ, дирӯз келини калонии Зокир–тағо Моҳрухсор аз Маскав баргаштааст. Биё, ҳамин бегоҳ ба диданаш равем. Ду сол шуд, ки ӯро надидем.
Моҳрухсор ҳамсояҳои меҳрубонро гарм пешвоз гирифт ва аз пешгоҳи меҳмонхона биншонда гуфт:
– Хуб шуд, ки омадед. Шумоёнро хеле пазмон шуда будам.
Нигина–хола хандон гуфт:
– Моҳрухсор, ҳавои Маскав ба шумо форидааст, фарбеҳу хушрӯй шудаед.
– Хайр, келинҷон, чорта аз Маскав гап занед, – гуфт Лола–муаллима. – Мағозаву бозорҳояш мисли пешина пур аз чиз аст? Шумо дар он ҷо чӣ кор кардед?
– Ҳамроҳи духтархолаам Мавзуна, – нақл кард Моҳрухсор, – ҳар рӯз соати шаши субҳ аз хона баромада, савори метро сӯи бозори «Фут-сити» мешитофтем. Аз он ҷо ҳар кадомамон дар ду–се халтаи селофанӣ пиёзи кабуд, кашнизу шибит харида таксисавор ба бозори Рогожский меомадем. Дар растаи кабудӣ аввал кабудиҳоро тоза ва бандча карда, баъд мефурӯхтем. Муҳимаш, даромадамон хуб буд. Баъди понздаҳ рӯз боз ба Маскав меравам.
– Дар бозорҳо мисли мо занҳои калонсол ҳам кор мекунанд? – ногоҳ пурсид Лола–муаллима.
– Албатта, – хандид Моҳрухсор. – Дар бозор чанд нафар занҳое ҳастанд, ки синнашон аз ҳафтод болост.
– Келинҷон, кошки маро ҳамроҳатон ба Маскав баред, – ногоҳ ба зорӣ даромад муаллима. – Духтарам моҳи август суннаттӯй мекардааст. Ба умеди нафақа шинам, намешавад. Чор моҳ кор мекунаму ҳаво сард нашуда бармегардам.
– Дугона, агар ту ба Маскав равӣ, ман ҳам ҳамроҳат меравам, – гуфт Нигина–хола. – Ба писарам дар сохтани иморати нав кӯмак расонам, кори савоб мешуд.
Аввали моҳи апрел ду дугона ҳамроҳи Моҳрухсор шоду хандон сӯи Маскав париданд ва баъди ҳафтае дар бозори Рогожский ба кор шурӯъ карданд.
Лола–муаллимаи ситорагарми бомаърифат, ки забони русиро хуб медонист, бо ширинзабониву хушгӯӣ харидоронро ба сӯи худ мекашид. Растаи меваю сабзавот ва кабудии бозор ҳамеша серхаридор буд. Ду дугона соати панҷи бегоҳӣ хастаю лакот, вале хурсанд ба хонаи иҷора бармегаштанд.
Муаллима баъди хӯроки шом пули ҳаррӯзаи савдоро ба шавқ мешумурд ва даромадро ба кисабағали камзӯлчааш гузошта, сари онро бо сӯзанак маҳкам мебаст.
Саргарми даводави кор ва хариду фурӯши кабудӣ дугонаҳо чӣ тавр гузаштани се моҳро нафаҳмиданд. Дар охири моҳи июн билети бозгаштро гирифта, ду рӯз пеш аз парвоз барои харидани тӯҳфа ба бузургтарин бозори либоси Маскав – бозори Черкизовский рафтанд.
Азбаски рӯзи якшанбе буд, ҳазорон пиру ҷавони пойтахт ва меҳмонон аз субҳ дар бозор буданд. Аз бисёрии мардум дугонаҳо наметавонистанд, ки озод қадам гузошта, ба дӯкони либос раванд.
Ниҳоят бо тела–телаи мардум вориди мағозае шуданд. Лола–муаллима азбаски фикру зикраш бо суннаттӯй банд буд, аввал барои қудо пероҳани зебои хушдӯхт ва костюми вилюри хориҷӣ харид. Барои духтараш палтои ламаро интихоб карда ба борхалтааш андохт. Нигина–хола ҳанӯз чизи дилхоҳашро наёфта, сӯи дӯкони дигар мешитофт, ки муаллима шикваомез гуфт:
– Бо се чиз борам вазнин шуд. Хаста шудам. Биёр дугона, барои чизҳои дигар фардо меоем.
– Фардо бозор баста аст. Пасфардо рӯзи парвозамон, – ҷавоб дод Нигина–хола. – Ҳамин рӯз чизҳои даркориро харидан лозим. Дидӣ, либос дар ин ҷо хеле арзон будааст.
Дар байни издиҳом онҳо бо мушкилӣ пеш мерафтанд, ки ногоҳ Лола–муаллима «дилам, вой дилакам» гуфту рӯи замин ғалтид.
– Мардум, ёрӣ диҳед, ёрӣ, – фарёд зад Нигина–хола.
Дар як дам мошини «ёрии таъҷилӣ» омад. Лолаи беҳушу беёдро зуд ба шифохона бурданд. Баъди хеле дорую дармони табибон муаллима нимашабӣ чашм кушода худро дар шӯъбаи эҳёи шифохона дид. Аввалин чизе, ки ба ёдаш омад, ҳазор доллари ҷайбаш буд. Оҳиста даст ба кисабағал бурд. Аммо дар танаш на пироҳан буду на камзӯлча. Бо умед ба атроф бингарист то аз касе пулҳояшро суроғ намояд. Ниҳоят дар палата хоҳари шафқат пайдо шуд.
– Духтарҷон, – гуфт муаллима, – дар кисабағал ҳазор доллар доштам. Пулҳоям дар куҷост?
– Ман аз куҷо медонам? – дар қаҳр шуд хоҳари шафқат. – Вақти ба шифохона омадан ҳамроҳ доштӣ? Шояд ӯ гирифт?
Ниҳоят дар рӯзи сеюм ба Нигина–хола иҷозати аёдати беморро доданд.
Баробари дидани дугонаи қадрдонаш Лолаи гирён гуфт:
– Дугонаҷон, чашмам дар роҳат. Пул, пулҳои кисабағалам нест. Мабодо ту надидӣ?
– Оҳ, мани беҳуш, пулҳои кисабағалатро фаромӯш кардам, – гуфт Нигина–хола. – Ҳамон рӯзе, ки туро ба шифохона овардем, беҳушу беёд будӣ. Хеле тарсидам. «Дар ғарибӣ бо ту ҳодисае рух диҳад, ҳоли ман чӣ мешавад?» гӯён мегиристам. Табибон туро зуд бо лифт ба ошёнаи дуюм бароварда, иҷозат надоданд, ки ҳамроҳат бошам. Ба ҷуз кормандони шифохона пулҳоро кӣ мегирад? Ман ҳозир аз духтурҳо пулҳоятро суроғ мекунам.
Нигина–хола, ки дар чор моҳи кор дар бозори Маскав аз муомилаи сарду таҳқири мардуми таҳҷоӣ, кормандони пулис хеле озорҳо дида, дар дил аламҳо дошт, бо қаҳр аз ошёнаи дуюм фаромада, вориди қабулхона шуд ва аз занҳои пироҳансафед нотарсона пули дугонаашро талаб кард.
– Кадом пул? Кадом доллар? – бо тамоми овоз фарёд зад табибе. – Ба шумо барин деҳотиҳои бефаросат некӣ карда, мо зиёд тӯҳмат шунидаем. Гум шав, зиёд ҳарф назан, ки пулисро занг мезанам…
Нигина–хола аз нохушиҳои пай дар пайи ҳаёт ноумед шуда, маҳзуну парешон ба хона баргашт. Аз омаданаш ду соат ҳам нагузашта буд, ки садои занги телефон баланд шуд.
Зане саросемавор ба лафзи русӣ гуфт:
– Ало, шумо Нигина ҳастед? Ман аз бемористони рақами даҳум. Ҳамшаҳри шумо Лола Шарифова бист дақиқа пеш бар асари дуввумин сактаи дил вафот кард. Ҷасади ӯро метавонед аз сардхонаи назди шифохона бигиред.
Дасту пои Нигина–хола аз ин хабари нохуш ларзид. Аз тарси он ки рӯи хона наафтад, оҳиста лаби кат биншаст ва зери лаб нолишкунон гуфт:
– Ҳайфи дугонекам. Дугонеки меҳрубонам.
Зариф–амак он бегоҳ дар ҷашни зодрӯзи рафиқаш буд, ки хабари марги нобаҳангоми ҳамсараш омад. Аз шунидани хабари нохуш Зариф–амаки маст якбора ҳушёр шуд. Сари тоси сап–сафедашро байни ду дасташ гирифта бо овози ҳазин ба дӯстонаш гуфт:
– Бечора шудам, бечора. Янгаатон дар Маскав аз олам гузаштааст. Аз кишвари бегона ҷасадро чӣ тавр мебиёрам?
Шумхабар барқосо дар гузар паҳн шуд. Ҷӯраҳои наздики Зариф–амак, ҳамсояву ҳамгузарҳо, хешу табор аз рӯи имкон пул ҷамъ карда ба дасташ доданд. Домодҳо ба чор сӯ давида билети ҳавопайморо оварданду рӯзи дигар Зариф–амак ҳамроҳи ҷиянаш Равшан сӯи Маскав парид.
Он солҳо аз Маскав то Самарқанд овардани ҷасад беш аз ду ҳазор доллар нарх дошт. Азбаски Зариф–амак дар ҷайб ин маблағро надошт, ҳайрон монд. Гарданаш ёрӣ надод, ки аз хешу табор пул пурсад. Зери бори қарз монад, ҳолаш чӣ мешавад?
Ниҳоят роҳи Вокзали роҳи оҳанро пеш гирифт. Аз кормандони вокзал фаҳмид, ки дар поезд бурдани ҷасад қатъиян манъ аст.
Зариф–амак бо ҷиянаш дар назди бинои вокзал навмедона мегашт, ки ногоҳ як ҳамшаҳрии шинос Мӯҳсинро дида монду ба ӯ дар бораи мушкили худ ҳарф зад.
Мӯҳсин беш аз даҳ сол дар поезди «Москва–Самарқанд» назоратчии вагон буд ва ба ҳамватанонаш кӯмак мерасонду пул кор мекард.
Ӯ воқеаи нохушро фаҳмида, лаҳзае андешиду баъд гуфт:
– Фикре ба сарам омад. Аз мағоза як гилеми се дар чорро харида, майитро дар байни он монед ва ҷои селофан гилемро коғазпеч кунед. Гилем дар даромадгоҳи вагони ман, дар ҷойи шамолрав меистад. Аз рӯи эҳтиёт ҳар замон хабар мегиред. Поезд соати 7–и бегоҳ ба роҳ мебарояд. Зуд бошед.
Тағою ҷиян аз рӯи нақшаи Мӯҳсин амал карда, бегоҳирӯзӣ бо гилеми сабзи коғазпеч савори поезд шуданд. Баъди лаҳзае поезд ҳуштаккашон ба роҳ баромад. Дар роҳи дуру дароз шаби якуму дуюм хуб гузашт. Тағою ҷиян бо навбат истироҳат карда, аз гилем бохабар мешуданд.
Шаби сеюм Зариф–амакро хумори шароб гирифт. Ба баҳонаи хӯроки шом ба тарабхонаи қатора рафту як қадаҳи калон май нӯшид. Шароби талх ба ҷисму ҷони хастааш чунон форид, ки беихтиёр ба пешхизмат гуфт:
– Боз як қадаҳ шароб рез, писарам. Лаънат ба ташвишҳои ин дунё.
Равшан сархуш омадани тағояшро дида оташин шуду гуфт:
– Тағо, бо ин аҳвол чӣ тавр навбатдорӣ мекунед? Ду шабу ду рӯз аст, ки ман нахуфтаам. Дар чунин рӯзи сиёҳ чӣ тавр аз гулӯятон шароб гузашт?
– Парво накун, ҷиян, – гуфт Зариф–амак. – Имшаб ту баҳузур хоб рав. Гилеми вазнин ба кӣ даркор? Худам аз вай бохабар мешавам.
Зариф–амак кафши пояшро базӯр берун карду рӯи тахти хоб дароз кашид ва баъди лаҳзае садои хуррокаш баланд гардид.
Қатора ҳуштаккашон босуръат пеш медавид. Равшан аз бӯи бади шароб нафастанг шуда, ба роҳрав баромад.
Аз гилеми коғазпеч хабар гирифта пас мегашт, ки Мӯҳсини назоратчӣ аз рӯ ба рӯяш баромада гуфт:
– Ба даштҳои Қазоқистон расидем. Кам монд, Худо хоҳад баъди як шабу як рӯз ба Самарқанд мерасем.
– Ду шаб аст, ки хоб нест, – дарди дил кард Равшан. Акнун нияти хобидан доштам, ки тағоям нӯшида омаданд.
– Аҷаб номарде! – тамасхуромез гуфт назоратчӣ. – Зан дар чӣ ҳолу шавҳар дар чӣ аҳвол! Аслан ба баъзе мардҳои мо зан ҳайф аст.
Равшан ҳис кард, ки хеле хаста шудааст. Вориди утоқ шуду рӯи тахти хоб дароз кашид. «Набояд хоб равам» мегуфт дар дил, вале чашмонаш дигар ба вай итоат намекарданд.
«Хоб додари марг» мегӯянд, ки рост аст. Ҷавонро чунон хоби бароҳат бурд, ки агар марде субҳгоҳ дари ҳуҷраро кушода, бо садои баланд «самбӯсаи гарм, қаҳваи гарм» намегуфт, бедор намешуд. Баробари чашм кушодан, гилем ба ёдаш омад. Зуд аз ҷо бархеста, самбӯсафурӯшро як сӯ тела доду сӯи даромадгоҳ давид.
Аммо…
Афсӯс, ки ҷои гилем холӣ буд. Гилеми коғазпечро дар ҷояш надида, сахт тарсид ва ба умеди ёрӣ думушта дари хонаи назоратчиро зад. Ҳар ду аз як сар тамоми вагонҳоро дида баромаданд, вале аз гилеми сабз нишоне наёфтанд. Баъд маълум гардид, ки нимашабӣ ҳангоми дар шаҳру ноҳияҳои Қазоқистон таваққуф кардани қатора, дуздон гилемро рабудаанд.
Пайкори гузари Чорчанор ҳамаро ба рӯзи панҷшанбе соати панҷи бегоҳӣ ба ҷанозаи Лола–муаллима хабар кард. Пиру ҷавони гузар ҳама дар назди ҳавлии марҳума ҷамъ омаданд. Даҳ–понздаҳ нафар мардҳо бо мошин роҳи Вокзали роҳи оҳанро пеш гирифтанд. Поезди «Маскав–Самарқанд» дар вақти муайяншуда ба манзил расид. Чанд нафар аз хешони тоқипӯшу миёнбаста сӯи вагони рақами нӯҳ шитофтанд. Аз дари вагон зану мардҳо бо ҷомадону борхалтаҳои калон берун мебаромаданд, вале аз Зариф–амаку Равшан дараке набуд. Ниҳоят домоди хурдии амак Ҳаётбек чобук аз зинаҳо ҷаҳида дохили вагон шуд. Дар ҳуҷрае падарарӯсашро дид, ки танҳо бо сари хам гирён нишастааст. Равшан аз дари дигари вагон гурехта буд.
Дар гузар хабари гум шудани ҷасади Лола–муаллимаро шунида аз ҳар калла як садо баромад. Яке мегуфт:
– Зарифи ношуд, натавонист, ки ҷасади ҳамсарашро оварда, ба обрӯ гӯронад.
Дигаре тавқи лаънат ба гардани Зарифамак баста мегуфт:
– Майзадаи ноасл! Лола–муаллимаро на вақти дар ҳаёт буданаш қадр кард, на баъди маргаш…
Ҳамон рӯз дар қабристони «Себзор» бори аввал қабри кофтаи гӯркобҳо холӣ монд. Пас аз як сол фарзандони Лола–муаллима умедашонро аз пайдо шудани ҷасад канда, рӯи қабри модар лавҳаи мармарӣ гузоштанд.
Баъди ин воқеа Зариф–амак рӯҳафтодаю маъюс гардида, гӯшанишиниро ихтиёр намуд. Дигар ӯ наметавонист, ки сар боло намуда ба кӯчаю бозор ва маъракаҳои мардум равад, шарики ғаму шодии ҳамгузарҳо бошад.
Зариф–амак бо гузашти солу моҳҳо як ҳақиқати муҳимро дарк кард. Фаҳмид, ки инсони азизи дилро сари вақт бо эҳтиром ба хокдон – хонаи охираташ гузоштан, рӯзҳои иду айём бо гулу гулдаста ба зиёрати қабри гузаштагон рафтан ҳам саодат будааст.
Мабод он рӯз, ки инсон аз ин саодат бенасиб монад.