Ovozi.uz

Ҳатайиҳо аз Самарқанд дидан карданд

Меҳмонон аз минтақаи Ҳатайи Ҷумҳурии бародарии Туркия, ки барои боздид аз кишварамон ва иштирок дар ҷашнҳои наврӯзӣ омада буданд, аз Самарқанд дидан карданд.

Роҳбари давлатамон зимни сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Туркия дар моҳи январи соли ҷорӣ бародарони турк, бахусус намояндагони аҳолии Ҳатайро даъват карда буд, ки ба кишвари мо ташриф оранд ва дар ҷашни Наврӯзро иштирок намоянд.

Бар асоси ин даъват, намояндагони минтақаи Ҳатай дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд бо меҳмоннавозии хоси мардумамон истиқбол гирифта шуданд.

Сокинони Ҳатай дар ҷашнҳои наврӯзии Самарқанд иштирок карданд. Ба муносибати ин ид, онҳо анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ, эҷодиёти шифоҳии мардумӣ ва фолклор, намоишгоҳҳои таомҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои қадимии мардумиро дар сайри идона, ки дар Боғи марказии истироҳатии ба номи Алишер Навоӣ ташкил шуда буд, тамошо карданд.

Нимаи дуюми рӯз меҳмонон аз маҷмааи ёдгории навсохтаи Имом Бухорӣ, ки дар арафаи Иди Рамазон кушода шуд, дидан карданд.