Ovozi.uz

Дидор бо дӯстдори адабиёт, санъат ва маърифат

Адиб, тарҷимон ва публисисти варзида Адаш Истад 80-сола шуд

Имрӯз, ба муносибати ин сана сармуҳаррири рӯзномаи таҳририяти «Зарафшон» Фармон Тошев, раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон дар вилоят Акрам Ҳайдаров ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов барои табрик ва суҳбати самимона ба хонаи адиб ва рӯзноманигори моҳир рафта, аз ҳоли ӯ хабар гирифтанд.

— Ман дар давоми фаъолияти кориам бо бисёр бузургони адабиёт ва санъат суҳбат карда, аз гуфтаҳои онҳо барои худ сабақҳо гирифтаам. Дар ин муддат роҳи зиндагии бисёре аз бузургони хоки Самарқанд, хусусан, аз Алишери Навоӣ то Садриддин Айнӣ, аз Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов то Ботурхон Валихоҷаевро омӯхтам. Онҳо барои насли наврас мероси арзишмандеро гузоштаанд. Он робитаҳои дӯстие, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ байни халқҳои тоҷику ӯзбек оғоз ёфта буд, дар даври Садриддин Айнӣ бо Ғафур Ғулому Саид Аҳмад ва то ҳол идома меёбад, — гуфт А.Истад.

Суҳбати самимона роҷеъ ба корҳои ободонӣ дар кишварамон, эътибор ба соҳаи фарҳангу санъат, шароитҳои фароҳамгардида ба эҷодкорон идома ёфт.  Хусусан, қайд гардид, ки ташкил гардидани осорхонаи ҳофиз Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов яке аз мисолҳои дурахшони гуфтаҳо мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки Адаш Истад 7-уми сентябри соли 1946 дар ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби рақами рақами 16-уми ноҳия дар факултети суханшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1964-1969) таҳсил намудааст.

Солҳои зиёд дар матбуоти даврии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон меҳнат кард. Дар баробари ин ҳикояҳои илмӣ-фантастикии Адаш Истад аз соли 1966 инҷониб дар рӯзномаю маҷалла ва торномаҳо чоп мешаванд.

Маҷмӯаҳои “Мавҷи хаёлот” (1970), “Суруди офтоб” (1974), “Замир” (1978), “Дарахти пахтачормағз” (1981), “Баъди ҳазор сол” (1988), “Оҳангҳои Самарқанд” (2007) дар нашриётҳои гуногун бо теъдоди зиёд чоп шудаанд.