Ба командони соҳаи тиб пардохти ҳама намуди хизматҳои давлатӣ ба 2 баробар кам карда мешавад. Барои ин ба таври иловагӣ 100 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
«Агар ходимони тиб барои хонадон ва фарзандони худ бештар вақт ҷудо кунанд, такмили ихтисос намоянд, муҳаббати онҳо ба касб афзоиш ёбад, аз ҳама муҳим, сифат ва натиҷаҳои фаъолияташон боз ҳам зиёдтар мешавад.
Бинобар ин аз 1-уми апрели соли оянда дар ҳоли пурра нигоҳ доштани маош дар муассисаҳои давлатии тиббӣ, ҳафтаи кориро аз шаш рӯзи ҳозира ба панҷ рӯз мегузаронем», — гуфт роҳбари давлатамон.
Маскани истироҳатии алоҳида, ки дар яке аз гӯшаҳои хушбоду ҳавои кӯҳистони Ҷиззах қад рост кардааст, ба ходимони тиб тӯҳфа карда мешавад.
