Ovozi.uz

«Либоси сафеди шифокоронро рамзи садоқати бепоён ба Ватан мешуморам…»

Дар вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи тиб муколама баргузор гардид. Сарвари давлатамон пешниҳод, фикру мулоҳизаҳои онҳоро шунид.

«Ман либоси сафеди шифокоронро на танҳо нишонаи касб, балки рамзи садоқати бепоён ба Ватан мешуморам.

Минбаъд, ҳифзи обрӯи шифокор ва ҳар як мутахассиси соҳаи тиб, ба онҳо фароҳам овардани шароитҳои хуби муносиб дар маркази диққати мо мебошад.

Боварӣ дорам, ки мо якҷоя Ӯзбекистони Навро ба кишваре табдил медиҳем, ки дар он ҷо, баробари соҳаҳои дигар тиб низ рушд мекунад.

Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо саломатӣ, қувваву ғайрат, дастовардҳои бузург ва хушбахтии оилавиро таманно дорам», — гуфт Президент дар охири мулоқот.