Сессияи ҳабдаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят гузаронида шуд. Ба сессия раиси Шӯро Шӯҳрат Негматов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ намуданд.
Сипас, ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев дар бораи иҷрои корҳо роҷеъ ба стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» дар соли «Ҳифзи муҳити атроф ва «иқтисодиёти сабз» ҳисобот дод.
— Ҳоло, — гуфт вай, — дар вилоят ҳамагӣ 1343‑то муассисаи умумии таълими миёна фаъолият пеш мебаранд. Аз ҷумла, дар 1274‑то мактаби умумии таълими миёна, 49‑то хусусӣ, 19‑то ихтисосонида ва 1‑то Президентӣ 61536 нафар омӯзгорон ба 811345 нафар донишомӯзон таълиму тарбия медиҳанд.
Дар 4118‑то муассисаи таълими томактабии вилоят (779‑тои онҳо давлатӣ, 63‑то хусусӣ, 154‑то шарикии давлатию хусусӣ ШДХ ва 3122‑то оилавии ғайридавлатӣ) аз 392672 нафар бачаҳои аз 3 то 7‑сола 289015 нафар (73,2 дарсад)-ашон фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳандаҳо дар соли 2017 мутаносибан чунин буданд: ба 564‑то кӯдакистон 20,9 дарсади бачаҳои аз 3 то 7‑сола мерафтанд.
Таъкид гардид, ки 117 мактаби умумии таълими миёнаро ба сохтори баҳогузории нав гузаронда, то анҷоми соли таҳсили равон шумораи онҳо аз рӯи нақша ба 200‑то расонда мешаванд. Баробари ҳамин дар ҳар ноҳия ва шаҳри вилоят яктогӣ, ҳамагӣ 16‑то «Мактаби ҷасорат» ташкил намуда, 416 нафар донишомӯз қабул карда шуд. Шумораи мактабҳое, ки барои бачаҳои ба таълими алоҳида эҳтиёҷдошта «Синфҳои инклюзивӣ» кушодаанд, ба 153‑то расид. Дар натиҷа, 247 нафар донишомӯзони ба таълими алоҳида эҳтиёҷдошта дар як синф бо бачаҳои солим таълиму тарбия гирифтанро оғоз намуданд.
2–3 соли охир дар вилоят 115‑то майдончаҳои варзишӣ — 48‑то универсалӣ, 35‑то стритбол–воркаут, 32‑то воркаут ба истифода супурда шуданд. То поёни соли 2025 сохтмони 28‑то майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Намояндагони халқ пас аз шунидани ҳисобот ҳанӯз ҳам дар кӯдакистонҳо ба таъмини тарбиягирандагон бо хӯроквории босифат мушоҳида шудани норасоиҳоро ёдрас карданд. Аз ҷумла, онҳо пешниҳод намуданд, ки роҷеъ ба назорати хизматҳои аз рӯи ратсион расонидани таомҳои босифат ба ташкилотҳои таълими томактабӣ комиссияи корӣ ташкил карда шавад. Инчунин, роҳ гузоштан ба сусткорӣ дар сохтмони ҳоҷатхонаҳои мактаб, беҳдошти ҳолати санитария–гигиении онҳо, дар шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон ба мактабҳо берун аз микроҳудудҳои худ қабул шудани донишомӯзон танқид карда шуданд.
Сипас, сардори Садорати ҳифзи саломатии вилоят Сӯҳроб Зайниев дар бораи корҳо роҷеъ ба таъмини саломатии репродуктивӣ ва чорабиниҳое, ки то анҷоми соли равон амалӣ карда мешаванд, ҳисобот дод.
— Яке аз самтҳои устувори сиёсати давлати мо ба дунё овардани фарзанди солим, умуман ташаккул додани оилаи солим аст, — гуфт С.Зайниев. — Дар вилоятамон бачаҳои 3–18‑сола тахминан 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Дар ҳашт моҳи соли равон 826,5 ҳазор нафари бачаҳо аз санҷиши скринингии дематоонкологии оммавӣ гузаштанд. Беш аз 68 ҳазор нафари онҳоро аз санҷиши селективии скринингӣ гузаронда, дар 35 нафар бача беморӣ муайян карда шуд. Дар даври гузаштаи соли равон аз наздик ба 824 ҳазор нафар бачаҳои аз 2 то 10- сола (76 дарсади онҳо) аз санҷишҳои скринингӣ роҷеъ ба саривақт муайян намудани бемориҳои гелминтозӣ гузаштанд.
Дар наздик ба 70 ҳазор бача беморӣ муайян гардида, онҳо бо воситаҳои дорувори антигелминтӣ таъмин карда шуданд ва онҳоро табобат мекунанд.
Дар шӯъбаҳои «Машваратхонаи занҳо» 173 нафар акушер-гинекологҳо фаъолият пеш мебаранд. Дар даври гузаштаи соли равон 80,5 дарсади зиёда аз 371 ҳазор нафар аҳолии дар нақша буда аз санҷиши онкоскринингӣ гузаронда шуданд.
Кӯдакони бо нуқсони модарзодӣ ривоҷёфта ва бо аномалияи хромосомӣ таваллудшуда 103 нафарро ташкил намуда, нисбати даври мувофиқ бо соли гузашта ба 38 нафар кам шудаанд. Вале ин нишондиҳанда дар Булунғур 7, шаҳри Каттақӯрғон 5, ноҳияи Тайлоқ 2 ва дар Қӯшработ 1 нафар афзудааст.
Иштирокчиёни сессия таъкид намуданд, ки барои пешгирии фавти модар ва кӯдакон, баланд бардоштани маданияти тиббии аҳолӣ на танҳо кормандони тиб, балки намояндагони халқ ва ҷамоатчигии васеъ бояд фаъол бошанд. Онҳо пешниҳодҳоеро чун аз ҳама беш пурзӯр кардани чораҳои мубориза бар зидди бепуштӣ, ки сабаби зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо мешаванд, муайян намудани имтиёзҳо дар хароҷоти табобати бепуштӣ барои оилаҳои камтаъминшуда, ба наваш иваз намудани мошинҳои хизмати ёрии тиббии таъҷилӣ, ки ҳолати абгор доранд, ба миён гузоштанд.
Дар сессия бар асоси Қонун «Дар бораи эътироф намудани ҳуқуқҳо ба қитъаҳои замин, ки худсарона азхуд кардаанд ва бино ва иншоотҳои дар онҳо сохташуда» ва мувофиқи ҳуҷҷатҳои ба воситаи сохтори автоматии «эътироф»-и агентии кадастр пешниҳодшуда ҳуқуқи мулки 57 нафар шаҳрванд эътироф карда шуд.
Инчунин, масъалаҳое чун андози молу мулки шахсони юридикӣ, дер пардохтани муддати андози замин ва истифода аз ресурсҳои об, истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят, баррасии материалҳои тақдимотӣ роҷеъ ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷҳои ҷамоат ва додани рухсат барои гузарондани мулоқот бо мулкдорон, тасдиқ намудани қарори ҳокими вилоят аз 27‑уми августи соли 2025 «Дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят» таҳти рақами 317–7–0-Қ/25 ва ғайраро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
