Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд бо ҳамкории Вазорати ҳифзи тандурустӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ва Хазинаи ҷамоатии Ибни Сино ба муносибати 1044-солагии Абӯалӣ ибни Сино бо номи «Абӯалӣ ибни Сино — ҷавоҳири тиб» III анҷумани байналхалқии илмӣ-амалии тибби халқӣ баргузор гардид.
Дар ин анҷуман, ки ба омӯзиш ва татбиқи васеъи мероси гаронбаҳои бобокалони бузургамон нигаронида шуда буд, мутахассисони ҷумҳурӣ ва 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла мутахассисони Корея, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Австрия, Русия ва ғайраҳо ширкат варзиданд.
Дар маросими мутантани кушодашавии анҷуман ҷонишини Вазири ҳифзи тандурустӣ Элмира Боситхонова, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд Ҷасур Ризаев, раиси идораи Хазинаи Ибни Сино Нозимхон Маҳмудов ва дигарон дар бораи фаъолияти бисёрҷабҳаи султони илми тиб Абӯалӣ ибни Сино ва аҳамияти бузурги имрӯзаи он ҳарф заданд.
Дар доираи анҷуман мутахассисони хориҷӣ дарсҳои маҳорат гузаштанд. Инчунин, дар мавзӯҳои мубрами «Таълимоти Абӯалӣ ибни Сино ва мақоми он дар ташаккули тарзи зиндагии солими ҳадисҳо», «Ба сохтори ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон ҷорӣ кардани ғояи тибби анъанавии Ибни Сино», «Масъалаҳои муҳими стандарт кунонидани растаниҳои доруворӣ дар табобати халқӣ», «Маълумот дар бораи растаниҳои дорувории Туркия» ва «Асосҳои яклухти тибби анъанавӣ» маърузаҳо хонда шуданд.
Дар чорчӯби анҷуман якчанд созишномаҳо баста шуданд. Аз ҷумла, байни Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ва ширкати “Комста”-и Кореяи Ҷанубӣ меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.
Анҷумани «Абӯалӣ ибни Сино — ҷавоҳири тиб» баргузор гардид
