Ovozi.uz

Чаро одамон вақти ҷанҷол дод мезананд?

Рӯзе муаллим аз шогирдон пурсид:

— Одамон вақти ҷанҷол кардан чаро аррос мезананд?

— Чунки худро гум мекунанд, — гуфт яке.

— Дод гуфтан чӣ даркор, вақте ки ӯ дар наздат аст? – пурсид муаллим.

— Чунки бо онҳо бо овози паст сухан кардан мумкин нест.

— Агар аз вай ранҷида бошӣ, дод гуфтан зарур аст?

Шогирдҳо ҷавобҳои худро пешниҳод карданд, лекин ҷавобҳо муаллимро қонеъ намекард.

Ниҳоят ӯ фаҳмонд:

— Вақте ки одамон аз якдигар норозиянд ва ҷанг мекунанд, дили онҳо аз якдигар дур мешавад. Барои фаро гирифтани ин масофа ва шунидани якдигар ба онҳо дод задан рост меояд. Ҳар қадар дарғазаб шаванд, ҳамон қадар баландтар аррос мезананд.

Чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, вақте ки одамон якдигарро дӯст доранд? Онҳо дод намезананд, баръакс, бо овози паст сухан мекунанд. Барои он ки дили онҳо бо якдигар хеле наздик ва масофаи байни онҳо кӯтоҳ аст. Вақте ки муҳаббати онҳо боз мустаҳкамтар шавад, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад? – суханашро идома дод муаллим. – Гап намезананд, балки танҳо пичиррос мезананд ва ба муҳаббати худ боз наздиктар мешаванд. Дар охир ба онҳо пичиррос задан ҳам лозим намегардад. Онҳо танҳо ба якдигар менигаранд ва бе сухан ҳамаашро мефаҳманд. Вақте ки ду одамӣ дӯстдори якдигар бо ҳам бошанд, ҳамин хел ҳолат рӯй медиҳад.

Бинобар ҳамин, вақте ки баҳс мекунед, ба дилҳои худ роҳ надихед, ки аз якдигар дур шаванд, суханҳои дағалро ба забон наоред, ки масофаи байни шуморо боз ҳам дарозтар мегардонанд. Зеро рӯзе рафта-рафта ин масофа ҳамчунон бузург мешавад ва шумо он вақт роҳи бозгаштро ёфта наметавонед ва ба шумо аз якдигар ҷудо шудан лозим меояд.

©️ «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова