Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо ҳайъати мӯзейшиносону меъморон ва тарроҳони туркиягӣ таҳти роҳбарии Синан Тураман мулоқот кард. Дар вохӯрӣ роҳбари вилоят оиди лоиҳаҳои бузурги дар минтақа амалишаванда маълумот дод.
Инчунин, дар хусуси ободсозии ёдгориҳои меъмории дар Самарқанд буда, бунёд намудани боғҳои истироҳатии нав ва ривоҷдиҳии инфрасохтори шаҳр сухан рафт. Ғайр аз ин, роҷеъ ба корҳои иҷрошудаистода дар зиёратгоҳи Имом Мотрудӣ, ки сохтани масҷид ва осорхонаи нав дар ҳудуди маҷмаа дар назар аст, маълумот дода шуд.
Синан Тураман низ оиди таҷрибаи байналхалқии ҷамоаи худ сухан ронда, аз рӯи лоиҳаҳои бузурге, ки дар мамлакатҳои гуногун аз қабили меъмории шаҳр, осорхонаҳо ва корҳои дар соҳаи тарроҳӣ ба амал омадааст, тақтимот намуд ва дар Самарқанд ҳам тайёр будани худро дар соҳаҳои мазкур таъкид кард.
Пас аз вохӯрӣ коршиносони турк аз “Боғи ҷамъиятии сабз ва кӯдакон” ва оромгоҳи Имом Мотуридӣ дидан намуда, бо корҳои анҷомдода аз наздик шинос шуданд.
