Китобхонаҳо аз қадимулайём ҳамчун маскани дониш ва маркази андеша шинохта шудаанд, аммо ба назар мерасад, ки сарнавишти бисёре аз китобхонаҳои бузурги бостонӣ бо ким-чӣ хел дақиқияти илоҳӣ ҳал шудааст. Зеро аксари онҳоро бешафқатона несту нобуд кардаанд, дигаронашро тавре пинҳон намуданд, ки ҳанўз онҳоро ёфта намешавад ва ё сарнавишти онҳо номаълум мондааст. Яке аз чунин китобхонаҳо китобхонаи Мирзо Улуғбек мебошад.
Маълум аст, ки дар даври ҳукмронии Суғдиён, Сомониён, Қарохониён, Хоразмшоҳиён, Темуриён дар Осиёи Миёна шоҳону ҳокимони равшанфикр китобхонаҳои дарбор таъсис дода, дар онҳо китобҳои ниҳоят пурарзиш ва нодирро нигоҳ медоштанд ва барои истифода аз онҳо иҷозатнома ҳам медоданд. Мисол, китобхонаи дарбори шоҳии Бухоро, ки Абӯалӣ ибни Сино ба шарафи истифодабарӣ аз он ноил гаштааст. Ин анъана дар замони Амир Темур ва сулолаи Темуриён низ идома ёфт.
Амир Темур ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳангоми бунёди мадраса низ хуб дарк кард, ки ин раванд бе китоб сурат намегирад. Ба ғайр аз ин, балки худи ў ва арконаш низ мехостанд, ки давлат бомаърифат ва соҳибмаълумот бошад.
Зеро Амир Темур, ба гувоҳии Ибни Арабшоҳ, гуфтааст, ки «ман аз азал шайдои илм ҳастам» ва «ҳамеша бо олимон сӯҳбат мекунам ва аз кори онҳо бохабарам», аз ин рӯ чунин шахс наметавонист ба сарнавишти китобҳо, ки маҳсули меҳнати эҷодии олимону адибон аст, бетараф бошад. Илова бар ин, баъзе фикру мулоҳизаҳое, ки дар тузукоти Амир Темур баён шудаанд, ҳақ будани онҳоро нишон медиҳанд.
Амир Темур, чунонки дар тузукоти ӯ оварда шудааст, ҳакимон, табибон, мунаҷҷимон ва муҳандисонро гирди худ ҷамъ карда буд. Дар баробари ин, «муҳандисон, …муаррихону қиссахононро…ба худам наздик овардам ва аз онҳо аз қиссаҳои авлиё, хабари шоҳони гузашта, чӣ гуна ба сари тахт омадан ва бо чӣ сабабҳо завол ёфтани мамлакатҳои онҳоро пурсида, огоҳ мешудам».
Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки ҳакимону табибон, мунаҷҷимону муҳандисон, муҳаддисону муаррихон, қиссахонон ва ғайраҳо, ки дар атрофи Амир Темур ҷамъ омада буданд, барои дарёфти посухҳои оқилона ва илмии Соҳибқирон, ки «шайдои илм» буд, албатта, ба китоб рӯ меоварданд. Амир Темур ганҷинаи китобҳои гирдовардаи худро дар хазинаи китобҳо — китобхона нигоҳ дошта, қисме аз онҳоро дар сафар бо худ мегирифт, яъне «китобхонаи сайёр» дошт.
Дар китобхонаи Амир Темур, дар қатори китобҳои нодири Самарқанд, Бухоро, Хоразм ва дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр, китобҳои бо забонҳои арабӣ, форсӣ, туркӣ навишта, ки ҳангоми юришҳо ба мамлакатҳои гуногун ба даст омадаанд, низ ҷамъоварӣ шудаанд. Дар баробари ин, китобҳои донишмандоне, ки дар Самарқанд кору зиндагӣ мекарданд, ин китобхонаро ғанӣ гардонидаанд. Чунки дар девони Амир Темур мавлоно шайх Муҳаммад ибни Хоҷа Бандкори Тирмизӣ, Йӯл Қутлуғ, Амир Муҳаммад Бадриддин, Хоҷа Абдуллоҳи Кешӣ барин хаттотон ва ҳунармандон фаъолият доштанд.
Дар китобхонаи Амир Темур Қуръони Карим ва тафсирҳои ба он бахшидашуда, маҷмӯаҳои боэътимоди ҳадиси шариф, асарҳо оид ба фиқҳ, фалаккиёт, муҳандисӣ, тиб, ситорашиносӣ, ҷуғрофиё, фалсафа, таърих, мантиқ, забоншиносӣ ва адабиёт, асарҳо, номаҳои донишмандон, аз қабили Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абӯмансури Мотурудӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Маҳмуди Чағминӣ, муаррих Рашидиддин, Ибни Батута, Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ, аллома Тафтазонӣ, Хоҷа Аҳмади Яссавӣ, Абӯсаиди Абулхайр, Абдуллоҳи Ансорӣ, Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, Қутб ул-орифин Садриддини Ардабелӣ, Зайниддини Таёбодӣ, Мир Сайид Барака ва ғайра, асарҳо дар бораи онҳо, нусхаҳои мактубҳое, ки ба шоҳону султонҳои мамлакатҳои хориҷии Шарқу Ғарб навишта шудаанд, мавҷуд буданд.
Китобхонаи дар боло зикр гардидаи Амир Темур заминаи китобхонаи Мирзо Улуғбек шуд ва таваҷҷӯҳи мардуми бисёрро ба худ ҷалб намуда, дар замони Мирзо Улуғбек ба ганҷинаи китобҳои бебаҳо табдил ёфт.
Дар замони Мирзо Улуғбек ин китобхона бо китобҳои нодири дар мавзӯъҳои гуногун навишта ғанӣ мегардид. Азбаски ӯ ба ҳандаса, ҳисоб, риёзиёт, таърих, адабиёт таваҷҷӯҳи зиёд дошт, китобҳои ба забонҳои арабию форсӣ таълифшудаи алломаҳои маъруфи ин соҳа, аз ҷумла Батлимус (Птоломей), ал-Хоразмӣ, ал-Форобӣ, ал-Фарғонӣ, Абӯмаъшари Балхӣ, Абдураҳмони Сӯфӣ, Насриддини Тӯсӣ ва дигарҳо, инчунин осори ҳамзамононаш Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддини Ҷамшеди Кошӣ, Алии Қушчиро нигоҳ доштааст. Ба ҷуз ин, дар ин ҷо «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, девон, достон ва маҷмӯаҳои Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Аҳмади Югнакӣ, Рашидиддини Ватвот, Атомалики Ҷувайнӣ, Ҳамдуллоҳи Муставфӣ ва дигар шоирону адибон гирд оварда шудаанд.
Илова бар ин, дар маҷмааи мадрасаи олияи Мирзо Улуғбек (мадраса ва расадхона) низ доир ба соҳаҳои гуногун китобҳо мавҷуд будаанд. Дар мавридҳои зарурӣ аз осори китобхонаи салтанати Мирзо Улуғбек низ истифода мешуд.
Пас аз марги Мирзо Улуғбек, дар замони Мирзо Абдулло, Абӯсаид Мирзо ва Султон Аҳмад Мирзо, ки бар тахти Самарқанд нишаста буданд, инчунин арбоби давлат ва шоири маърифатпарвар Аҳмад Ҳоҷибек, ки он замон ҳокими Самарқанд буд, китобхонаи салтанати Мирзо Улуғбек вуҷуд дошт. Аммо сарнавишти китобҳо дар расадхона боиси баҳсу мубоҳисаҳои мухталиф шудаанд, андешаҳои мухталиф вуҷуд доранд.
Инчунин, мумкин аст, ки китобхонаи салтанати Мирзо Улуғбекро ҳангоми дар асри XVI кӯчонидани пойтахт аз Самарқанд ба Бухоро, ба он ҷо бурда бошанд.
Дар китобхонаи расадхона китобҳои нодири асосан ба илмҳои дақиқ ва фалакиёт марбут будаанд. Пас аз марги Мирзо Улуғбек расадхона муддати тӯлонӣ фаъолияти худро идома дод, вале баъдан бе нигоҳубин монда, дар замони ҳукмронии сулолаи Шайбониён баста шудааст. Тақдири китобхонаи он ҷо ҳанӯз маълум нест. Дар бораи сарнавишти ӯ дар байни мардум фикру мулоҳиза ва ривоятҳои гуногун мавҷуданд.
Гуфта мешавад, ки пас аз марги Мирзо Улуғбек расадхонаи ӯро вайрон ва китобхонаашро сӯзондаанд. Аммо дар соли 1908 расадхона кушода шуд ва тадқиқоти археологии дар он гузаронида, инро тасдиқ накард.
Ба ақидаи дигар, шогирди Мирзо Улуғбек Алии Қушчӣ китобҳои китобхонаи расадхонаро дар ғорҳои яке аз кӯҳҳои атрофи Самарқанд пинҳон карда, як қисми онҳоро бо худ бурдааст.
Ҷустуҷӯи китобхонаи гумшудаи Мирзо Улуғбек пас аз ишғоли Самарқанд аз ҷониби империяи Русия оғоз шуд. Соли 1869 генерал-губернатори Туркистон ба шарқшинос Александр Кун супориши махсус дод, ки китобхонаи Мирзо Улуғбекро пайдо кунад.
Ин донишманд, ки факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Санкт-Петербургро хатм кардааст, забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркиро хуб медонист. Ҳамчунин, азбаски модари А.Кун арманӣ буд, ҳангоми ба сарнавишти ин китобхона таваҷҷуҳ пайдо кардан, ба сарчашмаҳои муаррихони арманӣ низ такя мекард. Зеро ба иттилои онҳо, «Амир Темур аз Арманистон китобҳои арманӣ ва форсиро ҷамъоварӣ намуда, ба пойтахти худ — Самарқанд фиристодааст ва ин китобҳо дар як бинои манорадори Самарқанд нигоҳ дошта мешаванд». Аз ин рӯ, ба А.Кун муяссар шуд, ки тамоми мадрасаҳо, масҷидҳо ва дигар иншооти Самарқандро то ҳадди имкон аз назар гузаронад, аммо ин кӯшишҳо натиҷа надоданд.
Таваҷҷӯҳ ба китобхонаи гумшудаи Мирзо Улуғбек дар солҳои 60‑уми асри ХХ дубора афзоиш ёфт. Дар бораи сарнавишти ин китобхона аз ҷониби кишваршиносону муаррихони маҳаллӣ дар расонаҳо маълумот ва тахминҳои гуногун мунташир шуда буданд.
Тибқи ин хабарҳо, китобхонаи Мизо Улуғбек на дар Афғонистон, балки дар кӯҳистони вилояти Қашқадарё воқеъ аст. Дар он, ҳатто нигоҳ дошта шудани китобхона дар ҷойгоҳи зеризаминии махсус сохташудаи муҷаҳҳаз дар деҳаи Ҳазрати Башири ноҳияи Китоб нишон дода шуда буд. Овозаҳои дар матбуот ба миён омада, мароқи калони аҳли ҷомеаро ба амал овард. Пас аз он, соли 1963 Академияи илмҳои Ӯзбекистон барои омӯхтани ин маълумот бостоншиносон А.Асқаров, С.Кабанов, К.Шахурин ва лаборант А.Кобзев, шарқшиносон А.Ҷувонмардиев ва Т.Неъматовро бо сафари илмӣ ба деҳаи Ҳазрати Башир фиристод.
Олимон дар ин мавзеъ чанд қабри бостониро омӯхта, қабри Ҳазрати Башир ва оромгоҳи Амир Саид ал-Арбатиро, ки дар замони Темуриён ҳокими ин ҷойҳо буд, муайян карданд. Илова бар ин, археологҳо ғори сунъии чиллахона ва боқимондаҳои масҷиди асри XVIII-ро ёфтанд.
Аммо самти аслии таҳқиқоти олимон теппаи Ниёзтеппа буд, зеро ба гуфтаи Шоҳмурод Шарифов ва Малик Толибови 70‑сола, ки дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, дар зери ин теппа китобҳо пинҳон карда шудаанд. Онҳо гуфтанд, ки дар айёми кӯдакиашон дар зери Ниёзтеппа аз чоҳе, ки даҳонаш санги калон меистод, гузаргоҳи зеризаминӣ буд. Бостоншиносон аз он дар ҳайрат монданд, ки пеш аз онҳо тадқиқотчии ҳаваскор, дотсенти факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд А.Хатипов омада, онро таҳқиқ кардааст. Ӯ қариб 150 метр зери заминро кофта, на чоҳ ва на роҳи зеризаминиро ёфтааст. Археологҳо кори ӯро давом дода, майдони тадқиқотро васеъ карданд, вале китобе ёфт нашуд. Онҳо танҳо истиқоматгоҳҳои қадима, пораҳои сафолӣ, зарфҳои ошхона ва дигар чизҳоро ёфтанд, ки аз маркази як бекигарии муайяни дорои аҳолии зиёд дар замони Темуриён будани ин мавзеъҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Ин экспедитсияи илмӣ на танҳо равшан кард, ки китобхонаи Мирзо Улуғбекро баъди марги фоҷиавии ў шогирдаш Алии Қушчӣ дар кўҳҳои Қашқадарё ва деҳаи Ҳазрати Башир махсус пинҳон карда буд, балки маълум намуд, ки Алии Қушчӣ дар Самарқанд то соли 1471, баъд аз он ду сол дар Табрез зиндагӣ карда, сипас ҳамроҳи наздиконаш ба Истанбул рафта, дар мадрасаи Аё Сӯфиё мударрисӣ намуд ва соли 1474 дар ҳамин шаҳр вафот кард. Маълумот дар бораи зиндагии Алии Қушчӣ дар китоби «Машриқи ислом»-и дар Истамбул нашр гардида, оварда шудааст. Ин китоб ҳоло дар Хазинаи маркази илмии шарқшиносии Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд маҳфуз аст.
Ҳамин тавр, дар бораи тақдири китобхонаи Мирзо Улуғбек фикрҳои гуногун давом доранд. Шояд дар оянда дар ин бора андешаҳои нав ба вуҷуд оянд ё китобхона пайдо шавад ва ба ин фикрҳо равшанӣ андозад.
Хонқул САМАРОВ,
директори ансамбли Регистон,
Раҳим ҚАЮМОВ,
мудири осорхона-лабораторияи илмӣ-амалии ДДС.
