Имрӯзҳо мо аз паси зиндагии шитобкорона гоҳе фаромӯш мекунем, ки дилҳои зинда дар интизори як паёми содда месӯзанд. Бахусус, дилҳои волидон — махсусан падароне, ки эҳсосоташонро камтар нишон медиҳанд, аммо дар хомӯшӣ ашки гарон мерезанд. Қиссаи воқеии зерин як навъ оинаест аз дунёи бешумори чунин падарон:
Амриддин — як падари оддии кӯҳистонӣ. Дар як деҳаи дурдасти Ӯзбекистон зиндагӣ мекард. Танҳо умедаш ба писараш Ҳамза буд. Писар баъди хатми мактаб ба Русия барои муҳоҷират рафт. Бо ваъдаҳо, бо орзуҳои бузург: «Дадаҷон, кор мекунам, шумо дигар кор накунед!»
Аввалҳо ҳар рӯз паём мефиристод, ҳар ҳафта видеозанг мекард. Падар бо як телефони оддии тугмакаш ҳар паёмро даҳҳо бор мехонд. Ҳар садои занги телефон — як шодии нав.
Аммо вақт гузашт. Зангҳо кам шуданд. Паёмакҳо дер-дер омаданд. То охир… тамоман қатъ шуданд.
Падар — Амриддин, ҳар бегоҳ чашм ба телефони хомӯш медӯхт. Телефони сода, ки ёдгори ишқу орзу буд. Ӯ ҳар шом навори кӯҳнаро боз мекард: Ҳамза бо чеҳраи ҷавон мегуфт:
“Дадаҷон, дӯстон маро даъват мекунанд, вале дили ман назди шумост. Дуо кунед.”
Аммо дигар чизе набуд.
Шабе омад, ки шамъ сӯхт, барқ набуд, ва телефон низ паём надошт. Падар охирин бор ашк рехт. Ҳеҷ кас онро надид. Паёме навишт, аммо нафиристод:
“Ҳамзаҷон… як бор навис… падар боз интизор аст.”
Субҳи дигар, ҳамсоя фарзандашро фиристод, то хабар бигирад. Кӯдак дари нимбозро кушод. Падар нишаста буд, телефони хомӯш дар дасташ, ва чашмонаш баста. Ӯ рафта буд — дар хомӯшӣ, дар интизори як паём.
Андеша ва хулоса. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки тамос гирифтан як лаҳза аст, вале беаҳамиятӣ як умрро месӯзонад. Ашки падар садо надорад, гоҳе хомӯш аст, вале талхтар аз ҳама нолаҳо.
Ин ҳикоя танҳо достони як нафар нест. Ин фоҷиаи ҳазорон волидонест, ки фарзандонашон ба “онлайн” будан одат кардаанд, вале “посух додан” фаромӯш шудааст.
Падар мурд, на бо гуруснагӣ ва на бо пирӣ — балки бо диле пур аз умеди шикаста.
Биёед, пеш аз он ки дер шавад, як паём нависем. Як «Салом, дадаҷон!» метавонад як дили пирро зинда созад.
Диёрбек Холиқов,
донишҷӯ
