Назаре ба роҳи зиндагии рӯзноманигори варзида Муайяна Хоҷаева
Ҳаштоду панҷ сол — ин муддати одӣ нест. Роҳе пур аз печутобҳои гуногун ва пастиву баландиҳо, ин умрест, ки дар он орзуҳои ҷавонӣ ба ҳақиқат табдил ёфтаанд. Ҳаёти журналисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муайяна Хоҷаева низ гувоҳи ин ҳақиқат аст. Ӯ аз зумраи инсонҳоест, ки беш аз ним асри ҳаёти худро ба журналистика бахшида, бо қалам ва гуфторҳояш ба дили садҳо нафар инсонҳо умед бахшид, дарди мардумро дарди худ дониста, навишт ва гуфт. Барои ҳалли муаммоҳои онҳо талош кард ва муҳимтар аз ҳама, пешаи журналистиро ҳамчун хизмати пок ба халқ дониста, аз пайи меҳнат шуд.
— Агар имрӯз касе пурсад, ки кадом касбро интихоб мекардӣ, бе ҳеҷ дудилагӣ, боз «журналист мешудам» мегуфтам, — мегӯяд Муайяна Хоҷаева. Ин суханҳо тасодуфӣ нестанд. Паси онҳо барномаҳои радиову телевизион, тарҷумаҳо, очерку ҳикояҳо ва муҳимтар аз ҳама, сарнавишти одамоне меистанд, ки бо кумаки ӯ зиндагиашон ранги дигар гирифтааст.
Вақте ки ба роҳи тайкардааш назар мекунем, эҳсос кардан душвор нест, ки тамоми умраш ба се хислати бузурги инсонӣ такя мекунад: қатъият, сабру таҳаммул ва ҷасорат. Маҳз ҳамин се хислат ӯро дар рӯзҳои хуш — хоксор, дар лаҳзаҳои душвор — устувор ва дар роҳи интихобкардааш — содиқ нигоҳ доштаанд.
Қатъият — оғози роҳи бузург
Муҳаббат ба китоб аз солҳои кӯдакӣ дар дили кӯчаки ӯ муғҷа кардааст. Аз ҳамон солҳо аллакай дар дилаш орзуи эҷодкор шудан пайдо шуд. Шояд он солҳо худ намедонист, ки ин шавқи кӯдакона ӯро ба роҳи бузурги ба тамоми умраш маъно бахшанда баранд.
Соли 1962 фаъолияти худро дар радиои Самарқанд оғоз кард. Аввал ҳамчун сухандон ба эфир баромад, баъдтар аввалин тарҷумаҳои худро пешкаши мухлисон гардонд. Дере нагузашта ҳикояи нахустинаш тавассути радиои Самарқанд садо дод. Ҳамин тавр, роҳи эҷодии ӯ аз назди микрофон оғоз ёфта, баъдан ба саҳифаҳои рӯзнома, студияҳои радио ва телевизион пайваст. Вақте дар яке аз маҷаллаҳои Куба мақолаи шавҳараш, олими табиатшинос нашр шуд, ӯро барои хондани маъруза ба Гавана даъват намуданд. Ҳамин тавр, ҳарду ба Гавана сафар карданд. Дар он ҷо Муайяна Хоҷаева дар шуъбаи матбуоти Сафоратхонаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Гавана фаъолият бурда, ҳамроҳи шавҳараш забони испаниро омӯхт ва хабарҳои Иттиҳоди Шӯравиро ба ин забон тарҷима карда, барои нашр омода месохт. Ин барои фаъолияти журналистии ӯ мактаби бузурги таҷриба шуд.
Сабру таҳаммул — санҷиши ирода
Барои Муайяна Хоҷаева журналистика танҳо аз навиштани хабар ё гузориш иборат набуд. Ӯ ҳамеша боварӣ дошт, ки қалам метавонад сарнавишти инсонро дигар кунад. Ҳар дард ва ё муаммоеро мешунид, онро дарди худ медонист. Дар он солҳо дар соҳаи журналистика фаъолият бурдан осон набуд. Дар ҷамъият муаммоҳо бисёр буданд. Занон ба корҳои вазнини саҳро, аз ҷумла пахтачинӣ ҷалб мешуданд. Журналистон он муаммоҳоро медиданд, вале ҳама вақт ҳам, озодона дар бораи онҳо навишта наметавонистанд.
Қаҳрамони мо то имрӯз мақолаеро бо алам ба ёд меорад. М. Хоҷаева дар бораи зане навишта буд, ки солҳои зиёд дар саҳро меҳнат карда, саломатиашро аз даст додааст. Аммо ба нашри он иҷозат надодаанд. Барои журналисте, ки вазифаи худро ҳимояи ҳақиқат медонист, ин дарди бузург буд. Бо вуҷуди ин, қаламро аз даст нагузошт.
Ӯ дар радио, телевизион ва рӯзнома фаъолият пеш бурда, машаққати ҳар се минбарро бо тамоми ҳастӣ эҳсос кардааст. Ба андешаи ӯ, барои зан фаъолияти журналистӣ боз ҳам душвортар аст. Зеро зан дар як вақт модар, ҳамсар, келини хонадон ва корманд аст. Иҷрои ҳамаи ин масъулиятҳо сабр, ирода ва матонати бузург мехоҳад. Шабҳое ҳам буданд, ки то субҳ дар идора мемонданд, то шумораи навбатии рӯзнома аз чоп барояд.
Аммо санҷишҳои зиндагӣ танҳо ба фаъолияти касбии ӯ маҳдуд намешуданд. Ӯ талафоти наздикони азизро аз сар гузаронд, бо бемориҳои вазнин мубориза бурд. Аммо ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашуд. Бо сабру тоқат аз ҳамаи имтиҳонҳо гузашт.
Ҷасорат — қимати виҷдон
Рӯзе тавассути маводи журналистиаш тавонист барои зани имконияташ маҳдуд аробачаи маъюбӣ дастрас кунад. Боз аз як зан мактуб гирифт, ки зиндагии оилавиашон ноором буд. Ӯ чанд рӯз пайи ҳам ба ҳамон маҳалла рафта, бо ҳар як узви оила алоҳида суҳбат кард, сабабҳои низоъро омӯхт ва бо сухани нек онҳоро ба муросо овард. Ин кор вазифаи расмии журналист нест, аммо вазифаи инсонии ӯ буд.
Муайяна Хоҷаева таъкид мекунад, ки инсон бояд соҳиби фикри мустақил бошад. Ба худ бовар кунад, масъулияти ҳар сухани худро эҳсос намояд ва дар ҳар вазъият виҷдонашро аз ҳама боло гузорад. Ғайр аз ин, ҷасорат танҳо дар гуфтани ҳақиқат нест, балки дар ҳифзи инсон ва бетараф набудан нисбат ба дарди дигарон аст.
Яке аз дастовардҳои беҳтарини умраш тарбияи шогирдон аст. Имрӯз бисёре аз онҳо чун рӯзноманигорони соҳибқалам ба камол расидаанд. Шоҳқаҳҳор Салимов, Матлуба Шоалиева, Фирдавс Абдухолиқов, Шаҳло Аҳророва, Дилрабо Назарова, Фаррух Йӯлдошев ва дигарон аз ҷумлаи онҳоянд.
Имрӯз, вақте ба журналистикаи замонавӣ менигарад, аз пешрафти техника шод мешавад. Ӯ ҳамеша ба ҷавонон мегӯяд, ки ба қадри имкониятҳои имрӯза расанд.
Имрӯз, дар остонаи ҳаштоду панҷсолагӣ, вақте ба роҳи тайкардаи худ назар меафканад, худро инсони хушбахт меҳисобад. Зеро зиндагӣ ба ӯ имконият дод, ки бо қаламаш ба мардум хизмат кунад, ҷаҳонро бинад, шогирд тарбия намояд ва муҳимтар аз ҳама, ҳамчун инсон зиндагии пуршараф дошта бошад. Шояд маҳз ҳамин се хислат аст, ки имрӯз, дар ҳаштоду панҷсолагӣ, ӯро на танҳо як журналисти варзида, балки як инсони ибратомӯз, як устоди меҳрубон ва як бонуи соҳибэҳтиром муаррифӣ мекунанд. Зеро, арзиши умри инсон на ба солҳои зиндагӣ, балки бо корҳои неке чен мешаванд, ки барои беҳдошти зиндагии мардум ба анҷом расонидааст ва мерасонад.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА,
Шаҳло АҲРОРОВА
