(Ҳикоя)
— Ба шурӯъ кардани ҳифзи замини сарҳадии давлатамон фармон медиҳам, — бо овози баланд амр дод капитан Аргунов ангуштони дасти ростро ба чака дошта.
— Итоат! — ҷавоб гардонд сардори даста ефрейтор Сергей Федосеев ва афзуд. — Ба шурӯъ кардани иҷрои вазифа иҷозат диҳед.
— Рухсат.
Баъди гирифтани фармоиш барои посбонии сарҳад, мо аз хоначаи навбатчиён баромадем. Пеш-пеш саги сиёҳранги немиси Наккӣ, тасмаи ҷонварро дошта Федосеев ва дар охир ман раҳсипор шудем. Хеле хурсанд будам, ки худи ҳамин рӯз бори дуввум ба посбонии сарҳад меравам. Мо даҳ рӯз пеш ёздаҳ нафар хатмкунандагони пункти таълимӣ ба ин заставаи сарҳадии «Утиная» омадем. Дар давоми ин рӯзҳо моро старшина Вадим Яриков бо шароити хизмат ва ҳудуди сарҳад шинос кард. Ҳар рӯз соати 16:00 афсарон ҳисоби низомиро мегузаронанд. Он ҳамчун нақшаи пешакӣ буд. Бори аввал ба наряди дидбонӣ бо сарварии инструктори сагҳо Олег Панов, аскари қаторӣ Алексей Соколов ва ман аз назаргузаронии ҷаноҳ (фланг)-и рост, ки даҳ километр аст, пиёда рафта омадем. Аз дидбони омада ба сардори застава ҳисобот додем, навбатдор тирҳо, асбоби алоқаро қабул кард. Вақти хӯроки бегоҳӣ кайҳо гузашта буд. Ишкамам нақора менавохт, як тосча таоми марҷумак(гречка)-ро аз ошпаз Петя Гусинкин гирифта, ҳарисона хӯрдам. То ба ҷойгаҳ даромадам, соат аз даҳи шаб гузашт. Намедонам чӣ қадар хоб рафтам, аз сахт-сахт ҷунбидани китфам бедор шудам.
— Хез, зуд тайёр шав! — гуфт навбатчии застава сержант Сергей Медведев баъди аз ҷой нимхез шуданам. — Ба наряди «секрет» меравӣ.
Чун ба дарвозаи калони симхоркашида расидем, Сергей васлаки сими телефонро ба сутуни паси буттаҳо халонд, аз навбатчии алоқа кушодани дарвозаро пурсид.
Аз дарвоза баромада, дарвозаро боз маҳкам кардем. Ман изҳоро бо шохбутта рӯфтам. Сипас, Федосеев болои хоки нарму суфта секунҷа кашид ва даруни он рақами худаш ва санаро навишта нишона монд. Дар дил илтиҷо доштам, ки ба ҷойи махфии нишонаи шаштум наравем. Зеро он хеле дур аст, баъди наряди дозор хеле монда шудам, то ҳол пойҳоям дард мекарданд.
Сарвари даста камтар роҳ гашту ба тарафи чап, сӯйи теппа қадам монд. Аз ин шод гардидам. Болои ин тал камингоҳ мавҷуд ва сероҳаро бемалол наззора карда мешавад. Мо аз байни дарахтзор гузашта, ба даруни нақб даромадем. Сергей ба ман рӯй оварда, бо овози паст гуфт:
— Ман дар ин ҷой меистам. Ҷойи сардори наряд ҳама вақт дар ҳамин ҷой аст, нуқтаи асосиро ба навкорон бовар карда намешавад. Акнун ҷойи туро нишон медиҳам.
Ман аз қафои ӯ рафтам ва даруни ҳандақ дар калонии ду бар ду хонача сохта болояш ходаву химча гузошта, бо хасу хошок пӯшидаанд, ки аз дур ба чашми бинанда номаълум буд.
— Ҳушёр шуда, ҳама тарафро нағзакак мушоҳида кун, — гуфта ба фаҳмондани вазифаи ман шурӯъ намуд сардор. — Ҳар чизи шубҳаноке бинӣ, ба ман зуд хабар деҳ! Ин ресмонро ба дастат баста гир, вақте ки ман ду маротиба кашидам, ту ҳам даррав ҷавоб гардон. Бо ин роҳ мо аз якдигар бохабар мешавем. Ҳангоми назорат баланд гап задан, сигор кашидан, ҳар хел овоз баровардан манъ аст. Аз ҳама асосиаш бедор ист! Хоб додари марг аст. Фаҳмо?
— Итоат! — гуфтам бо овози паст ва илова кардам. — Агар қазои ҳоҷате зарур ояд?
— Бале. Барои якдигарро ҷеғ задан, ресмонро се бор кашидан даркор.
Серёжа ба ҷойи худаш рафт, ман танҳо мондам. Рӯйи моҳро абри тира фаро гирифт ва атроф торику беша воҳимаангез менамуд. Диламро торафт ваҳм зер мекард. Ба хотирам гапҳои ҳамхизматони калонсол омаданд, ки ба аскарони навомада бо номҳои дар низомнома набуда муроҷиат мекарданд:
— Эй, «дух»-ҳо, вақти наряд эҳтиёт шавед, дар ин музофот хирсу палангҳо мегарданд!
— Боз тӯъмаи хукҳои ёбоӣ ё ҳайвонҳои ваҳшӣ нашавед, — хандида мегуфт яке.
— Бо дандонҳои тезаш ишкаматонро мекафонад, — ду ангушти ишоратии дастонашро ба кунҷи лаб монда, ҳамла мекард дигаре.
Аз нағмаи ӯ дигарон бо завқ механдиданд. Наход гапҳояшон дуруст бошад? Дар ин бора афсарон моро огоҳ накарданд-ку. Диламро торафт хавотир пахш мекард. Чашмонам дар торикӣ килки наққошӣ гирифта ҳар хел суратҳои бадвоҳима мекашид. Ресмонро се бор кашидам, даррав сардори наряд бо Наккӣ наздам омад:
— Хӯш чӣ гап? Таҷовузгар ё ягон чизеро дидӣ? — бо овози базӯр шунаво пурсид Федосеев.
— Агар ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳуҷум кунанд, чӣ кор мекунем? — гуфтам.
— Як сол боз хизмат мекунам, вале то ҳол палангу хирсро надидаам. Мабодо рӯ ба рӯ оянд, то ҳамла накунанд, паррондан мумкин не, — гуфт бо лабханди малеҳ Сергей ва рафт.
Кай субҳ медамида бошад? Ба фикрам имшаб вақт чунон суст, мисли сангпушт ҳаракат мекард. Гӯиё ман шамъу хоб монданди парвона болои сарам давр мезад. Аз рост истодан пойҳоям зирқ-зирқ ба дард омад. Барои дур кардани хоб якчанд бор машқҳои ҷисмонӣ кардам. Нишастам, ки гирду атрофро дида нашуд. Аз тарси он, ки душмане ё вайронкоре аз хати сарҳад пинҳонӣ нагузарад, зуд аз ҷоям хестам. Аз тарафи уқёнуси Ором боди сард вазид. Рӯю дастонам хунук хӯрда, аз гуруснагӣ баданам ба ларза даромад. Ҳамин вақт пеши чашмонам аз танӯр нонҳои гармро кандани модарам намуд. Дар манаҳи танӯр барои мо кулча ва бичакҳои алафин мепухт. Баробари кандан онҳоро аз дасти модарам гирифта, ба оби коса тар карда мехӯрдем. Оҳ, оҳ, чунон бомазза буд, ки ҳатто оби даҳонам шорид. Сандалии гарми хонаи падарам ба ёд омад. Гирди сандалӣ нишаста модарам бо нияти нек кашидаву зардеворӣ медӯхт. Ман бо додарону хоҳаронам дарс тайёр мекардем. Болои лаълии мисини давра дастархон партофта аҳли оила ҷамъ шуда, таоми болаззатро ҳузур карда мехӯрдем. Хумори ҳамон рӯзҳо гирифту дилам гум зада, хориаам омад.
— Рӯзи бисту якуми март ҳам оғоз шуд, — гуфтам зери лаб. — Иди Наврӯзи Аҷам. Ҳар сол бо сарварии модарам занҳои ҳамсоя сумалак мепазанд. Оҳ, канӣ аз ҳамон сумалаки хушхӯри хуштаъм як коса бошад. Мардҳои маҳалла пул ҷамъ карда, дар саҳни ҳавлии масҷиди деҳа ба тараддуди пухтани ҳалиса мешуданд. Мо ҷавонон рафта оташдони заминӣ мекофтем. Саҳарӣ зери айвон дастархонустали гузар бо нуқлу наввот зиннат меёфт. Матои бо ранги сафед «Хуш омадӣ, Наврӯз!» навиштаро болои дарвозаи даромадгоҳ меовехтем. Мутрибон аз пагоҳӣ таронаву суруд мехонданд. Аҳли гузар ва меҳмонони аз маҳаллаҳои ҳамсоя омада, ҳалиса хӯрда мерафтанд. Пеши чашмонам як табақ ҳалиса намоён шуд, бо иштаҳаи кушод даст дароз кардам. Ҳамин вақт касе дастамро дошта маро такон дод.
— Раҷабов, хез аз хоб!
Як қад парида ба паҳлӯям нигоҳ кардам.
— Чаро хоб рафтӣ? — дӯғ зад сардор.
— Ман бедор, хоб нарафтаам, — гуфтам саросема.
— Аниқ нахобидаӣ? Гапи дурӯғ назан, — айёрона хандид.
— Бовар накунӣ бо ҳар чиз қасам мехӯрам, — гуфтаму дидам, ки аллакай болои уқёнус шафақи субҳ медамид.
— Вақти баргаштан шуд, — гӯён Сергей ба роҳ даромад ва ман аз паси ӯ қадам задам. Аз хандақ баромада якчанд қадам гаштем, ки Федосеев якбора ба сӯям нигоҳ карду пурсид:
— Автоматат канӣ?
Дасти чапам тез ба китфи рост расида, тасмаи силоҳро кофт. Аз набудани яроқ ҳавосам парешон шуд.
— Эъ, дар ҳандақ мондааст, — гуфтаму ба камингоҳ давидам. Саросема ба чор тараф чашм давонда кофтам, ҳатто ҷойи сардорро рафта тагу рӯ кардам, автомат ёфт нашуд.
— Раҷабов, ин қадар ҳаял кардӣ. Ёфтӣ? — гӯён наздик омад Федосеев.
Гум кардани яроқ ба хоинӣ баробар, онро ба ягон кас додан ҷиноят, гуфта буданд афсарон ҳангоми хониш дар қисми ҳарбӣ. Акнун чӣ кор мекунам? Ба ҷойи шуҷоат дар ғафлат мондам. Ба сардори застава чӣ ҷавоб медиҳам? Саволҳои пай дар пай ором намегузоштанд. Дил беқарору тез-тез мезад, дар тахтапуштам гӯиё виҷиррос зада мӯрчаҳо мегаштанд, дасту поям ларзид.
— Сергей, гирифта бошӣ деҳ! — гуфтам бо овози гиряолуд.
— Ту бедор будӣ, ман чӣ хел аз дастат мегирам? — гуфт ӯ бепарво ва гапашро давом дод. — Кори нағз нашуд. Ба сардорон худат ҷавоб медиҳӣ? Бо ту шӯъбаи махсус машғул мешавад, зеро давлат яроқро ба мо барои ҳимояи Ватан додааст, на барои гум кардан!
— Сергей, ғайри ту дигар ҳеҷ кас набуд. Силоҳро деҳ, ҷӯра!
— Чӣ хел мо ҷӯра? Ту «дух», ман бобо (дед), — ранҷида абрӯи маллаашро чин намуд. — Масъулиятшинос шудан даркор. Акнун, камаш панҷ сол ҳабс мешавӣ. Баъди аз ҳабс озод шудан, дар ягон ротаи сохтмон боз ду сол хизмат мекунӣ. Эҳ-ҳе, ҳафт сол волидон, хешу пайвандонро намебинӣ.
Ӯ ба ҷойи тасалло додан, баръакс, ба иззату нафсам мерасид. Ман гуфтаҳои ӯро хаёлан тасаввур намуда ба воҳима афтодам. Наход хобида бошам? Чашмам кушодагӣ буд-ку?! Аз ёфт шудани яроқ умедамро кандам, дасту поям аз хизмат ва зиндагӣ хунук гардид. Дар ҳамин лаҳза ба мурдан ҳам тайёр будам. Аз ин шармандагӣ мурдан беҳ! Хунам ҷӯшид, девонавор давида рафтаму чанг зада аз китфи Федосеев силоҳашро кашида гирифтам.
— Автоматамро ёфта деҳ! — аррос зада мили автоматро сӯяш рост кардам. Аз тарсу ваҳм ақламро гум карда будам. Оби дида рӯямро мешуст. — Ин кори ту. Ҳозир туро ё худамро ягон кор мекунам.
— Салим, Салимҷон ором шав! — гуфт ӯ бо овози ларзон, аз тарс ҳамчун рамзи таслимшавӣ ду дасташро боло бардошта, оқиб рафт. — Яроқро паст кун, илтимос. Якчанд маротиба ресмонро кашида, ишора кардам, ҷавоб надодӣ. Оҳиста наздат рафтам, бо чашми кушода хобидаӣ. Автоматат дар ҳамин ҷо, ҳозир ёфта медиҳам, — гӯён Сергей аз байни хасу хошокҳо автоматамро гирифта дод.
Мо хомӯш болои майсаҳои навсабз паҳлӯи якдигар нишастем. Боварии комил доштам, ки баъди ба застава рафтан, вақти ҳисоботдиҳӣ Федосеев албатта ин воқеаро ба афсарон хабар мекашад.
— Айби ман шуд, — оҳи чуқур кашида гуфт ӯ. — Мебахшӣ, оқибаташро наандешидаам. Гумон доштам, ки ту пеши поям зону зада, зорию тавалло мекунӣ. Мабодо болои ҷаҳл худатро парронӣ, ҷавобгар мешудам. Ин воқеаи нохушро ба ҳеҷ кас нагуфта аз хотир мебарорем. Яроқатро ман нею душман гирад, ба чӣ оқибат меовард?
Федосеев аз ҷой хеста, сӯйи застава қадам монд. Пеш-пеши ӯ Наккӣ мерафт.
Комилҷон ҶӮРАЗОДА.
