
Чанде пеш Нусрат Раҳмат, рӯзноманигор ва адиби маъруфи Самарқанд тамоми осори худро гирд оварда, «Сайланма» («Мунтахабот»)-и сеҷилдаи худро тайёр кард. Ҷилди аввали он аз чоп баромад ва дастраси хонандагон гардид.
Дар он даҳҳо ҳикояҳо аз қабили «Фожиа» («Фоҷиа»), «Айиқ эргаштирган амаки» («Хирси аз паи амак»), «Номаълум одам ҳикояси» («Ҳикояи одами ношинос»), «Нохуш хаёллар» («Андешаҳои нохуш»), «Фақат хўроз ҳақидамас» («На танҳо дар бораи хурӯс»), «Санаторияда» («Дар санатория») ва мақолаҳои мавзӯъҳои актуалӣ дохил карда шудаанд.
«Мунтахабот», ки дар нашриёти «Маҳорат»-и Самарқанд ба табъ расидаанд, барои китобхонон тӯҳфаи муносиб шуд гуфта метавонем.
Барои маълумот, Нусрат Раҳмат 3-юми июли соли 1941 дар деҳаи Қӯшмачити ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст.
Аввалин китобаш «Агар табиатро дуст дорӣ» соли 1975 аз чоп баромадаст.
Дар соли 2004 унвони «Ўзбекистонда хизмат кўрсатган журналист»(«Журналисти собиқадори Ӯзбекистон»)-ро ба даст овард.
