Каду аз замонҳои қадим аз ҷониби гузаштагони мо қадр карда мешавад. Тухмҳои кадуи ширин, хушк ва серғизо анбори витаминҳо мебошанд. Ин маҳсулот аз равғани каду бой аст.
Тухми каду метавонад пайдоиши саратонро пешгирӣ кунад. Пӯстро қавӣ мегардонад.
Тухмиҳои кадуи хом ба токсемия кӯмак мекунад.
Дар тухми каду витамини ҷавонӣ – витамин Е мавҷуд аст.
Тухми каду миқдори қандро дар хун паст мекунад.
Муҳофизат аз шамолкашӣ! Ин микроэлемент бар зидди шамолкашӣ фаъолона мубориза мебарад.
Тухмиҳо моро қавӣ мегардонанд. Ба туфайли фосфор бофтаи устухон қувват мегирад ва хатари остеопороз кам мешавад.
Кӯмак ба дил! Тухмиҳои каду умуман барои системаи дилу рагҳо муфид аст.
Аминокислотаҳои дар он мавҷудбуда ба рагҳои хун таъсири мусбӣ мерасонанд, чандирӣ ва қобилияти гузарондани онҳоро беҳтар мекунанд.
Тухми каду дорои кукурбитин – аминокислотаҳо мебошад, ки баъзе намудҳои гелминтҳоро заҳролуд мекунад.
Тухми каду дорои триптофан, аминокислотаи муҳим аст, ки ҳангоми ба организм ворид шудан ба серотонин табдил меёбад. Чунон ки мо медонем, ин гармони «хушбахтӣ» барои кайфияти мо масъул аст.
