Ovozi.uz

Дар Ӯзбекистон чандто минтақаҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ фаъолият доранд?

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори кишвар, бино ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 шумораи минтақаҳои махсуси иқтисодии фаъол дар Ӯзбекистон 34-то, шумораи минтақаҳои хурди саноатӣ 400-то, паркҳои технологии 32-то, кластерҳо 381-то ва шумораи минтақаҳои саноатӣ ва соҳибкории ҷавонон 163-то аст.

Шумораи корхонаҳои таркиби онҳо чунин аст:

дар паркҳои технологӣ — 4302-то;
дар минтақаҳои хурди саноатӣ — 3187-то;
дар минтақаҳои саноатӣ ва соҳибкории ҷавонон — 1289-то;
дар минтақаҳои махсуси иқтисодӣ — 1167-то;
дар кластерҳо — 384-то.