Ovozi.uz

Пештоқи мадрасаи Шердор реставратсия мешавад

Имрӯз дар маҷмааи ба дунё машҳури Регистони шаҳри Самарқанд маросими оғози марҳилаи навбатии лоиҳаи тармим ва муҳофизати фасади Мадрасаи Шердор, ки дар асоси гранти ҷудонамудаи Бунёди сафири ИМА оид ба ҳифзи ёдгориҳои маданӣ (AFCP) амалӣ мешавад, баргузор гардид.

Дар маросим ҷонишини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба дипломатияи ҷамоатӣ Сара Роҷерс, роҳбари департаменти иқтисодиёти креативӣ ва сайёҳии Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гаянэ Умерова ва сафири ИМА дар Ӯзбекистон Ҷонатан Ҳеник иштирок намуда, дар бораи аҳамияти лоиҳа ва натиҷаҳои интизоршавандаи он суханронӣ карданд.

Тавре қайд гардид, лоиҳа соли гузашта оғоз шуда, то соли 2028 идома меёбад ва бо гранти 500 ҳазор долларии AFCP дастгирӣ мешавад. Ин бузургтарин грантест, ки дар таърихи фаъолияти ин бунёд ба Ӯзбекистон ҷудо шудааст.

Бунёди сафири ИМА оид ба ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ соли 2001 аз ҷониби Конгресси ИМА таъсис ёфта, аз ҷониби Департаменти давлатӣ идора мешавад. Он ҳифзи ёдгориҳои маданӣ, мавзеъҳои бостоншиносӣ, коллексияҳои осорхонаҳо ва дигар ганҷинаҳои фарҳангиро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ менамояд. То имрӯз бунёд беш аз 1200 лоиҳаро дар кишварҳои гуногун маблағгузорӣ кардааст.

– Дар Ӯзбекистон аз ҷониби AFCP 14 лоиҳа дастгирӣ шуда, барои онҳо 1,5 миллион доллар ҷудо кардааст, – гуфт Гаянэ Умерова. – Аз ҷумла, ҳифзи Қасри Тош-Ҳовлӣ (Хива) ва барқарорсозии маҷмааи асри XV Лангар-Ота (Қашқадарё) аз қабили онҳо мебошанд. Лоиҳаи тармими фасади мадрасаи Шердор бузургтарин лоиҳаи ин бунёд дар Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи тармим ба татбиқи созишномаи байни Ӯзбекистон ва ИМА оид ба мероси фарҳангӣ, ки соли 2023 ба имзо расидааст, мусоидат мекунад.

Дар ҷараёни маросим Ҷонатан Ҳеник ва Гаянэ Умерова номаҳоеро мубодила карданд, ки ӯҳдадории муштараки онҳоро барои татбиқи Нақшаи амал тасдиқ менамояд.

– Мадрасаи Шердор бо таърихи чаҳорсадсолаи худ намунаи равшани иқтидори меъморӣ, истеъдод ва мероси эҷодии халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад, – гуфт Ҷонатан Ҳеник. – Вазифаи мо муайян кардани ин мерос нест, балки мусоидат ба ҳифзи он аст. Устоҳо ва ҳунармандоне, ки дар корҳои тармим ва муҳофизат иштирок доранд, на танҳо кошинҳо ва мозайкаҳоро барқарор мекунанд, балки ёдгориҳои чандинасраро барои наслҳои оянда нигоҳ медоранд.

Ба гуфтаи роҳбари Маркази минтақавии тармими Самарқанд Баҳрулло Абдуллаев, яке аз самтҳои асосии лоиҳа барқарорсозии навиштаҷоти куфии болои даромадгоҳи асосии мадраса мебошад, ки бо мурури замон осеб дида буд ва ҳангоми корҳои барқарорсозии солҳои 70-уми асри гузашта баъзе нодурустиҳо ба он роҳ ёфта буданд.

– Пас аз омӯзиши манбаъҳои таърихӣ ва машварат бо олимону мутахассисон, мо дар давоми се моҳ тавонистем кошинҳои дорои оятҳои Қуръонро бо хатти куфӣ дар пештоқи даромадгоҳ насб намоем, – гуфт ӯ. – Акнун ба корҳои муҳофизати тасвири шере, ки оҳуро таъқиб мекунад ва унсури асосии мадраса ба ҳисоб меравад, оғоз мекунем. Ин композитсия айни замон осебҳои зиёд дидааст ва бо воситаҳои гуногун дар ҷояш нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамчунин тармим ва муҳофизати қисмҳои осебдидаи мозайка, маёлика, унсурҳои мармарии ороишӣ, гумбаз ва манора низ анҷом дода мешавад.

Дар рафти чорабинӣ намояндагони Сафорати ИМА хабар доданд, ки соли ҷорӣ бо дастгирии AFCP боз як лоиҳаи бузурги марбут ба Регистон амалӣ хоҳад шуд. Дар доираи лоиҳаи «Регистони абадӣ» бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ ва воқеияти виртуалӣ моделҳои рақамии 3D-и Регистон сохта мешаванд, ки имкон медиҳанд саёҳатҳои виртуалӣ дар маҷмаа анҷом дода шуда, дар соҳаи маориф низ истифода шаванд.