Гарчанде технологияҳои рақамӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти мо табдил ёфтаанд, олимон дар соҳаи таълим ба хулосаи ғайричашмдошт меоянд: мағзи инсон ҳанӯз ҳам маълумотро тавассути коғаз самараноктар аз худ мекунад.
Тадқиқоти зиёди илмӣ нишон додаанд, ки донишҷӯён матнро на аз экран, балки аз китоби чопӣ ё дар шакли коғазӣ хонанд, онро беҳтар мефаҳманд ва ба муддати дарозтар дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳамчунин, ҳангоми маъруза ба ҷои зуд-зуд сабт кардан дар ноутбук, дастӣ қайд навиштан барои азхудкунии дониш хеле муассиртар ҳисобида мешавад.
Мутахассисон инро бо хусусиятҳои қабули иттилоот аз ҷониби мағзи инсон шарҳ медиҳанд. Вақте ки мо матнро аз экран мехонем, мағз ба ҳолати зуд аз назар гузарондан мегузарад. Ин одат зери таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, хабарҳои кӯтоҳ ва муҳтавои интернетӣ ташаккул ёфта, қобилияти таҳлили амиқи матнҳои дароз ва мураккабро коҳиш медиҳад.
Китоби коғазӣ бошад, таҷрибаи дигареро пешниҳод мекунад. Ғафсии коғазҳо, ҷойгиршавии матн дар саҳифа ва ҳаҷми китоб дар мағз харитаи махсуси визуалии маълумотро шакл медиҳанд. Дар натиҷа, маълумоти хондашуда дар хотира устувортар нигоҳ дошта мешавад.
Ба таъкиди олимон, донишҷӯёне, ки дар ноутбук қайд мекунанд, дар бисёр ҳолатҳо суханони омӯзгорро пеш аз дарк кардан, танҳо калима ба калима чоп мекунанд. Дар ин ҷараён на таҳлили иттилоот, балки нусхабардории механикӣ бартарӣ дорад.
Ҳангоми бо даст навиштан бошад, азбаски суръати навиштан пасттар аст, донишҷӯ маҷбур мешавад қисмҳои муҳимтарини фикри гуфташударо ҷудо карда, онҳоро бо суханони худ кӯтоҳ намуда сабт кунад. Дар асл, раванди азхудкунии дониш маҳз дар ҳамин марҳила — ҳангоми интихоб ва коркарди иттилоот оғоз меёбад.
Ғайр аз ин, дар тадқиқотҳои илмӣ қайд шудааст, ки ҳаракатҳои даст марказҳои мағзи сарро, ки барои хотира ва диққат масъуланд, фаъол мегардонанд.
Аз ин рӯ, новобаста аз он ки технологияҳо то чӣ андоза рушд мекунанд, дар соҳаи таълим яке аз воситаҳои самаранок ҳамоно китоби оддии коғазӣ ва конспекти дастнавис боқӣ мемонанд. Шояд маҳз барои ҳамин бошад, ки дар рӯйи мизи беҳтарин донишҷӯён дар баробари ноутбуки замонавӣ ҳамеша дафтар ва қалам низ ҷой доранд.
