Пас аз анҷоми ҷамъомади Комиссияи махсус, роҳбари Администратсияи Президент Саида Мирзиёева ҳамроҳ бо масъулон ба рейди шабона оид ба санҷиши гармхонаҳое, ки ба муҳити зист зарар мерасонанд, баромад.
Мувофиқи супориши Комиссияи махсус, экология ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар шаб рейдҳо баргузор намуда, ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории экологиро ошкор мекунанд.
— Мо бо мақсади омӯзиши амиқтари масъалае, ки ҳамаи моро ба ташвиш меорад, ба яке аз гармхонаҳои ноҳияи Қибрай рафтем. Маълум гардид, ки дар ин гармхона шабонарӯз қариб 150 кило ангишт сӯзонда мешавад. Албатта, ин ба муҳити зист зарари ҷиддӣ мерасонад.
Соҳибкорон бояд барои ҳар як амали худ масъулият ба дӯш гиранд. Зараре, ки ба экология расонида мешавад, бо манфиати моддӣ ё даромади зиёд сафед карда намешавад. Шояд фоидаи иқтисодии чунин фаъолият калон бошад, аммо зараре, ки ба саломатии аҳолӣ мерасад, боз ҳам бештар аст.
Ҳамзамон, зарур аст ба соҳибкорон барои ба таври қонунӣ ва бехатар пеш бурдани фаъолияташон кумак расонида шавад. Ба Кумитаи экология супориш дода шуд, ки дар муҳлати як рӯз дар ин гармхона филтри замонавӣ насб карда шавад, инчунин барои соҳибкорон семинар-тренинг ва намоиш-фурӯши филтрҳо ташкил гардад, — гуфт Саида Мирзиёева дар ҷамъомад.
