Ovozi.uz

Панҷ маҳсулоти фоиданок

Майнаи одам 20-30 фоизи қуввае, ки организм кор карда мебарояд, ба худ “зада” мегирад. Агар он нарасад, мо зуд монда мешавем, диққатамонро ба як чиз ҷалб карда наметавонем, хотира вайрон мешавад. Чӣ кор кунем, ки чунин ҳолат рӯй надиҳад? Барои бартараф кардани норасоии микроэлементҳои майна диетологҳо хӯрдани панҷ намуди муҳсулотро тавсия медиҳанд.

1. Кабудӣ, ки дар таркибашон захираи бойи микроэлемент – лютеин доранд. Агар лютеин нарасад, чашм зуд монда шуда, муаммои биниш пайдо мегардад. Ин ба қабули ахбор ва коркарди он инъикос меёбад.

2. Тухм. Зардаи тухм дорои витамини В4 буда, он барои беҳсозии хотира, ҷалби диққат, барқарорсозии нейронҳои мағзи сар ва ғайра ёрӣ мерасонад. Зеро нейронҳо ба дуруст кор кардани системаи асаб ва мубориза бар зидди депрессия мусоидат менамоянд.

3. Бодом. Он дорои витамини Е мебошад. Роли ин витамин ба кори мӯътадили бофтаҳои асаб калон аст.

4. Хелҳои гуногуни озодмоҳиҳо (лосось). Ин гуна моҳиҳо консентратсияҳои омега-3 ва омега-6 кислотаи равғани аз ҳама бисёр доранд. Онҳо пеши роҳи пиршавии системаи асабро гирифта, бофтаҳои мағзи сарро барқарор месозанд.

5. Оби нӯшокӣ. 90 фоизи майнаи сарро об ташкил мекунад. Ин узви одам аз ҳама пештар аз беобӣ азият мекашад. Камии об фаъолияти мағзи сарро паст карда, кайфияти одамро мекоҳонад ва ба мондашавӣ оварда мерасонад. Бинобар ҳамин, дар ҳар ним соат як қулт об нӯшидан зарур аст.