Ovozi.uz

Ғолибони озмуни «Устоди беҳтарин» тақдиронида шуданд

Хотиррасон мекунем, ки бо ташаббуси таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва дар ҳамкорӣ бо маъмурияти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и ноҳияи Самарқанд, миёни устодони тоифаи якум озмуни «Устоди беҳтарин» баргузор шуда буд.

Ҳадафи асосии озмун таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо таҳририяти рӯзнома, инчунин муайян намудани устодони фаъол аз нигоҳи хонандагон арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни овоздиҳӣ донишомӯзон фаъолона иштирок намуда, бо додани овозҳои худ ба муайян гардидани ғолибон саҳм гузоштанд.

Мувофиқи натиҷаҳои пурсиш (то санаи 03 декабри соли 2025), Марҷона Набиева — 529 овоз, Дилшода Негматова — 436 овоз, Амира Муҳаммадиева — 302 овоз ҷамъ оварданд.

Ғолибони озмун дар арафаи Соли нави 2026 бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии рӯзнома тақдиронида шуданд.

Ҳамчунин, барои ҳамкории самаранок бо рӯзномаи «Овози Самарқанд», саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстӣ дар ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дастгирии корҳои тарғиботӣ, директори мактаби номбурда Анвар Зоҳидов бо ташаккурномаи таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд” сарфароз гардонида шуд.

Озмуни мазкур намунаи хуби ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва ВАО буда, дар баланд бардоштани нуфузи касби омӯзгор ва фаъолгардонии хонандагон нақши муҳим мебозад.