Ovozi.uz

Трамп харитаи Венесуэларо бо навиштаи «штати 51-ум» эълон кард

Пештар хабарҳо дар бораи ҷиддан баррасӣ шудани имкони ба штати Амрико табдил додани Венесуэла аз ҷониби президенти ИМА паҳн гардида буд.

Президент Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии «Truth Social»-и худ аксеро нашр кард, ки дар он харитаи Венесуэла тасвир ёфта, навиштаҷоти «штати 51-ум» низ ҷой гирифтааст.

Ғайр аз ин, дар тасвири нашркардаи раҳбари Амрико ҳудуди Венесуэла бо рангҳои парчами ИМА оро дода шудааст.

Пештар рӯзноманигори «Fox News» Ҷон Робертс хабар дода буд, ки Доналд Трамп имкони ба 51-умин штати ИМА табдил додани Венесуэларо ҷиддан баррасӣ мекунад.

Ин маълумотро хабарнигори дигари «Fox News» Билл Мелугин низ тасдиқ кард. Трамп ҳамчун омили асосии чунин қарори худ «захираҳои 40 триллион долларии нафти Венесуэла»-ро нишон додааст.