Ovozi.uz

Муроҷиатнома — барномаи ҳаракатҳои амалӣ

Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Маҷлиси Олӣ ва халқи Ӯзбекистон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ аст, ки самтҳои стратегии миёна ва дарозмуддати рушди кишварро муайян мекунад.

Муроҷиатнома натиҷаҳои ислоҳот дар ҳама соҳаҳо ва афзалиятҳои ояндаро ба мардум равшан ва возеҳ расонд.

Хусусан, таъкид гардид, ки коррупсия монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушд аст. Пурзӯр кардани ошкороӣ, ҳисобдорӣ ва назорати ҷамъиятӣ ҳамчун вазифаи муҳим муайян карда шуд.

Зарурати баланд бардоштани нақши ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ВАО, ки иштирокчиёни муҳими ислоҳоти демократӣ мебошанд, пурзӯр кардани самаранокии мақомоти давлатӣ тавассути назорати ҷамъиятӣ ва рушди маданияти таҳлили танқидӣ ва мулоқоти ошкоро қайд карда шуд.

Институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пуле байни давлат ва шаҳрвандон ва пояи асосии ҷомеаи демократӣ мебошанд. Вазифаи асосии онҳо афзоиши фаъолияти мақомоти давлатӣ тавассути назорати ҷамъиятӣ, таъмини татбиқи самараноки қонунҳову ислоҳот ва таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ мебошад.

Дар Муроҷиатномаи Президент аҳамияти дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ кардани имкониятҳои онҳо тавассути грантҳои давлатӣ ва фармоишҳои иҷтимоӣ таъкид шудааст.

Ман боварӣ дорам, ки ин ислоҳот дар соли рушди маҳалла ва беҳбудии ҷомеа дар маҳаллаҳо ва дар ҳаёти одамони оддӣ ба назар мерасанд.

Д.Маликов, роҳбари шуъбаи вилоятии Хазинаи ҷамоатии дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди Олий Маҷлис