Ovozi.uz

Иҷозатнома барои имтиҳонҳои квотаҳои қабули мақсаднок ба муассисаҳои таълими олии хориҷӣ ва ғайридавлатӣ эълон шуданд

Иҷозатномаҳо барои иштирок дар имтиҳонҳои қабули мақсаднок аз рӯйи 1 452 квотаи ҷудошуда барои муассисаҳои таълими олии хориҷӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин филиалҳои онҳо ва 200 квотаи мақсаднок барои ҷавонони Қароқалпоқистон барои таҳсил дар ин муассисаҳо эълон гардиданд.
Имтиҳонҳои тестӣ 28-уми октябри соли 2026 баргузор мешаванд.

Довталабоне, ки дар имтиҳонҳои тестӣ иштирок мекунанд, метавонанд иҷозатномаи худро тавассути кабинети шахсӣ дар сомонаи my.uzbmb.uz боргирӣ намоянд.

Дар иҷозатнома сана, манзил ва вақти баргузории имтиҳон нишон дода шудааст. Аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки дар вақти муайяншуда, дер намонда ҳозир шаванд.

Довталабон ба имтиҳон танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ё корти ID) роҳ дода мешаванд.

Ҳамчунин, аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ба имтиҳон ашёи нолозим, аз ҷумла таҷҳизоти электронӣ, сумка, китоб, дафтар, асбобҳои хатнависӣ, нӯшокиҳо, хӯрокворӣ ва дигар ашёи шахсиро бо худ наоранд.