Ovozi.uz

Хабарҳо оиди таълим

Дар органҳои давлатӣ мансаби мушовири роҳбар оид ба масъалаҳои маънавият ва забони давлатӣ ҷорӣ карда мешавад. Доир ба ин қарори Президент тасдиқ гардид. Ин мансаб аз 1-уми январи соли 2026 ба амал дароварда мешавад.

Дар Дастгоҳи марказии Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба як қатор мансабҳои роҳбарӣ таъинотҳои нав гузаронида шуданд. Бо фармони вазир: Даминов Асқаралӣ Давлатович — сардори Раёсати рушди илм ва фаъолияти инноватсионӣ; Исоқов Абдусаид Ҷалилович — сардори Раёсати рушди интегратсияи самаранокии энергия ва таълиму истеҳсолот таъин гардиданд.

Миёни Ӯзбекистон ва Русия санади ҳамкории рушди таълими муҳандисӣ ва илмию-тадқиқотӣ имзо шуд. Рӯзҳои 21–22-уми октябри соли 2025 дар доираи Форуми II минтақаҳои Русия ва Ӯзбекистон дар вилояти Москва меморандум оид ба «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои омӯзиш ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муҳандисӣ-техникӣ» имзо гардид.

Мақсад аз ин санад байни ду давлат дар соҳаи муҳандисӣ таҳсил ва тадқиқотро ба марҳилаи нав баровардан аст.

Ҳоло дастаи Академияи ҷавонон дар ИМА бар асоси сафари хизматӣ барои муҳандисони ҷавони Ӯзбекистон дар «Водии силиконӣ» ва ҳамчунин дар Донишгоҳи технологии Массачусеттс, яъне дар бузургтарин марказҳои навовариву илмию-тадқиқотӣ имкониятҳои мубодила аз таҷриба ва иштирок дар экосистемаи стартапҳоро муҳокима намуд.

Бо координатори Миллии барномаи Erasmus+ мулоқот баргузор гардид. Рӯзи 23-юми октябр Вазири маориф, фан ва инноватсияҳо бо координатори Миллии он аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон — Азиза Абдураҳмонова мулоқот кард.

Дар муҳокима иштироки гурӯҳи экспертии ислоҳоти соҳаи таълим (HEREs), лоиҳаҳо то охири сол ва дигар ташаббусҳо, инчунин нақшаи корӣ барои соли 2025 ва чорабиниҳои техникии кӯмакрасон (TAM) баррасӣ шуданд.

Агентии таҳсилоти касбӣ таъсис ёфт. Ҳукумати Ӯзбекистон фармони «Дар бораи чораву тадбирҳо оид ба беҳтар намудани самаранокии идоракунии низоми таҳсилоти касбӣ»-ро тасдиқ кард. Бар асоси фармон дар назди Вазорати маориф, илм ва инноватсияҳо Агентии таълими касбӣ ташкил шуд.

Хушхабар барои хатмкунандагони таҳсилоти олии касбӣ! Ҳайати Агентии муҳоҷиратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо губернатори вилояти Гёнсонгбук-до (Ҷумҳурии Корея) Ли Чол Ву мулоқот анҷом дод.

Дар суҳбат бахшҳои нави ҳамкорӣ ва имкониятҳои мубодилаи кадрҳо муҳокима шуданд.

Дар натиҷаи мулоқот баррасии имконпазирии содда кардани тартиби кор-визаи E-7 барои мутахассисони ҷавон дар бахшҳои нимгузаришӣ, саноати озуқа, текстил, биотехнология, зеҳни сунъӣ (AI), робототехника, ояндаи технологияҳои мобилӣ ва энергетика бо вуҷуди ворид шудан ба Ҷумҳурии Корея ва фаъолияти меҳнатӣ дар он ҷо ба даст омад.

Мушкилоти бозомӯзии муҳандисони ҷавон дар «Водиии сили­конӣ» мавриди баҳс қарор гирифт. Ҳоло дастаи Академияи ҷавонон дар ИМА бар асоси сафари хизматӣ барои муҳандисони ҷавони Ӯзбекистон дар «Водии силиконӣ» ва ҳамчунин дар Донишгоҳи технологии Массачусеттс, яъне дар бузургтарин марказҳои навовариву илмию-тадқиқотӣ имкониятҳои мубодила аз таҷриба ва иштирок дар экосистемаи стартапҳоро муҳокима намуд.

Тарҷима ва таҳияи Фозил Шукуров