Ovozi.uz

Фарҳангшинос

Касе к-ӯ шуд ба номи нек машҳур,

Пас аз маргаш бузургон зинда донанд.

Пешаи омӯзгорӣ яке аз касбҳоест, ки махсусиятҳои худро дорад. Агар кас бо дили софу беолоиш ва бо ҷиддияти том ба ин касб шуғл варзад ва ин пешаро дӯст дораду қадру манзалати онро эҳтиром намояд, худ сазовори обрӯву эътибори хосса мегардад. Ҳамчунин агар пешаи омӯзгорӣ бо кори методию илмӣ ва ташкилотчигиву роҳбарӣ якҷоя идома ёбад, қадру манзалати соҳибкасб дучанд меафзояд. Хушбахтона, дар байни омӯзгорони мо чунин шахсиятҳо зиёданд ва яке аз онҳо забоншиноси номдор, донишманди баркамол, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов (пештар ба номи Алишери Навоӣ буд), профессор Амон Воҳид мебошад, ки дар тӯли беш аз 60‑соли фаъолияти олимиву омӯзгорӣ нақшу саҳми муҳими хешро дар тарбияи насли наврас ва рушди илми забоншиносӣ, бахусус илми луғатнигорӣ, гузоштааст. Аз ин ҷост, ки чун сухан аз бобати луғату луғатнигорӣ равад, бешак, дар қатори чанд тан бузургони ин соҳа номи мубораки ин забоншиноси номдор, донишманди баркамол, ки чандин сол мудири кафедраи номбурдаро ба зимма дошт, бо ифтихор ба забон оварда мешавад. Воқеан, Амон Воҳид дар майдони забоншиносӣ ба сифати муҳаққиқи луғатшиносу луғатнигор ворид гардида, то лаҳзаи охири зиндагии худ дар рушди ин соҳа саҳми муайян гузошта, дар инкишофи рӯзмарраи ин илм нақши муассир дорад. Ӯ анқариб дар фаъолияти беш аз 60-солаи омӯзгорияшу олимияш аз фанни «Луғатшиносӣ» ба донишҷӯён дарсҳои назарӣ мехонд ва машғулиятҳои амалӣ мебурд. Зимни ин машғулиятҳо нозукиҳои ин фанро ба шогирдони ҷавону кунҷков мефаҳмонд.

Ин марди шариф ва забоншиноси донишманд зодаи шаҳри Самарқанди бостон (10‑уми апрели соли 1936) буда, маълумоти ибтидоӣ ва миёнаву олиро дар ҳамин шаҳри бостонӣ фаро гирифтааст, яъне дар мактаби миёнаи нопурраи рақами 25, омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Самарқанд ва дар факултети забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Самарқанд таҳсил менамояд. Дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ аз омӯзгорони варзида ва фозилу меҳрубон чун Б. Валихоҷаев, Р. Ҳодизода, Э. Наимов, Р. Эгамбердиев ва чанд нафари дигар таълиму тадрис гирифтааст, ки ин таълиму тадрис таҳкурсии асосӣ барои фаъолияти минбаъдаи эшон гардид. Таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқанд ва донишҷӯйӣ дар ин маскани дониш ҳам шараф ва ҳам масъулиятшиносӣ маҳсуб меёфт. Омӯзиши пайгиронаи осори илмию адабӣ ва бадеӣ, дарки пурғановатии таркиби луғавии забон ва адабиёти ғании он меҳру муҳаббати ӯро ба соҳаи пеша намудааш беш менамуд. Ин завқу шавқ ва мароқи бешдоштаи ӯро нисбат ба илми забоншиносӣ устодони донишкада пай бурдаанд ва ба ӯ барои ҳалли баъзе масъалаҳо кумаки бевосита мерасониданд, инчунин ӯро бештар ба кори илмӣ ташвиқу тарғиб менамуданд. Пас аз хатми донишкада, ки онро бо дипломи аъло хатм кардааст, бо машварати устодонаш — профессорон Р. Муқимов ва Р. Ғаффоров ба шаҳри Душанбе рафта, солҳои 1959–1965 нахуст ба сифати лаборант, сипас чун ходими илмии шуъбаи луғатнигории Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон ифои вазифа мекунад. Он солҳо дар ин маркази илмӣ донишмандони маъруфе, чун Носирҷон Маъсумӣ, Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ, Муллоҷон Фозилов, Ҳафиз Рауфзода ва чанде дигарон фаъолият доштанд. Ин муҳити солиму илмӣ, бешак, ба рушди фаъолияти илмии олими ҷавон мусоидат мекунад ва маҳз дар ҳамин давра ӯ бевосита дар мураттаб сохтани луғат, яъне «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (М., СЭ, 1969, иборат аз ду ҷилд) ширкат меварзад. Ин кори неку хайрро бо ҳамроҳии Абдусалом Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Вадуд Маҳмудӣ ва Қутбиддин Муҳиддинов анҷом дода, дар таҳияи ҳарфҳои О, У, Қ ҳиссаи сазовор мегузорад. Яъне дар таҳияи ҳарфҳои мазкур ба сифати мураттиб нақш дорад ва номи ӯ то кунун дар қатори мураттибон зикр гардидааст. Ин таҷрибаи аввалини луғатсозӣ дили ӯро ба ин соҳа гарм ва минбаъд барои чун олими луғатшинос ба камол расиданаш заминае мегардад.

Аз ин рӯ, соли 1970 ба аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1973 хатм мекунад. Дар ин муддат чанд мақолаи илмии худро роҷеъ ба мавзуи таҳқиқотиаш, чун «Мадор-ул-афозил» яке аз сарчашмаҳои «Ғиёс-ул-луғот», «Баъзе хусусиятҳои инкишофи лексикаи забони адабии тоҷик дар асри XX», «Дар хусуси ташреҳи маънои калимаҳо дар фарҳангҳои тафсирӣ», «Сохти «Ғиёс-ул-луғот»», «Фаъолияти лексикографии Муҳаммад Ғиёсуддин», «Шарҳи изофат дар «Ғиёс-ул-луғот» ва амсоли инҳо натиҷаи ҳамин давраи унвонҷӯйаш мебошад ва ин марҳила марҳилае буд, ки муҳаққиқи ҷавон ба таҳқиқоти ҷиддии илмӣ, ба хусус ба омӯзиши фарҳанги «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин ҷиддан машғул гардида, ниҳоят соли 1976 таҳти роҳбарии олими фарҳангшинос Ҳафиз Рауфзода дар мавзӯи «Тавсифи сохту маъноии калимаҳо дар «Ғиёс-ул-луғот» рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. Пас аз дифоъ, боз ҷиддитар ба пажӯҳиши фарҳангу луғатҳои гуногуни асрҳои миёнакамар баста, ҷамъбасти ҷустуҷӯйҳои илмии фарҳангшиносияш дар асари «Аз таърихи луғатнависии тоҷику форс» (Самарқанд, 1980) ва «Фарҳангнигории форсу тоҷик дар асрҳои X–XX» (Самарқанд, 2006) таҷассум мегардад. Ин ду асари номбаршуда муаллифро чун муҳаққиқи варзидаи соҳаи луғатшиносиву фарҳангнигорӣ дар байни хонандагон муаррифӣ карда, ба ӯ шуҳрати басо зиёд овард. Маҳз тавассути ҳамин ду асар ва дигар навиштаҷоташон эшон дар байни аҳли илму адаби Ӯзбекистону Тоҷикистон чун олими фарҳангшинос маҳбубият доранд ва эҳтироми махсусро соҳибанд. Зеро, тавре зик­раш рафт, хидматҳои ин инсони шариф чун дигар муҳаққиқон дар омӯзишу таҳияи луғатҳои қадим беш ва назаррасанд.Мусаллам аст, ки тадвину мураттаб сохтани луғату фарҳанг аз муҳимтарин бахшҳои осори хаттии классикии тоҷику форс дар гузашта маҳсуб меёфт. Ин навъи осори қадим дар рушду камоли фарҳангу маънавиёти мардуми эронинажод, ба хусус форсизабонон, таъсири амиқе гузошта, дар роҳи манзури умум гардонидани дурдонаҳои сухан хазинаи тамомнашавандаву пурғановат ба шумор мераванд. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон дар таърихи луғатнигории форсу тоҷикӣ то соли 20‑уми асри XX беш аз 210 адад луғату фарҳанг ба ин забон аз тарафи шахсони баландзавқ таълифу тадвин гардидаанд, ки ин мутаваҷҷеҳи беш доштани аҳли илм ва доираи фарохро соҳиб будани забони модарии моро далолат мекунад. Бояд гуфт, ки фарҳангшиносии пешина дар таърихи афкори забоншиносии асрҳои миёна як шохаи муҳими илми забоншиносии қадим маҳсуб ёфта, мураттибони фарҳангҳои гуногун андешаҳои забоншиносии худро роҷеъ ба ин ё он вижагиҳои луғавӣ ва дастурии забон баён доштаанд. Аз ин ҷиҳат низ омӯхтани луғату фарҳангҳои пешин ҷолиб аст, — қайд кардааст забоншинос Амон Воҳид дар таҳқиқоти худ ва боз меафзояд, ки дар таърихи тамаддуни ягон халқҳои пешрафта дар асрҳои миёна ин қадар бо теъдоди беш луғату фарҳанг мураттаб нагардидааст. Бо миқдори беш таълиф ёфтани луғату фарҳанг барои маъникушоӣ ва шарҳи калимаҳо ба забони тоҷикӣ ин далели таваҷҷуҳи зиёд доштани мухлисони шеъру адаби форсӣ дар сарзамини Ҳинд ва дар дигар мавзеъҳо мебошад [Воҳидов, Фарҳангнигории форсу тоҷик дар асрҳои X–XX, 2006, с. 3–4].

Тавре гуфтем, дар байни таълифоти забоншинос Амон Воҳид ду асари бунёдӣ, ки ба эшон маҳбубияту шуҳрат ва эҳтироми хоса дар байни уламову удабои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва берун аз ин қаламравҳо насиб гардонидааст, мавҷуд аст. Яке бо унвони «Аз таърихи луғатнависии тоҷику форс» (Самарқанд, 1980) ва дигаре такмилу таҷдиди ҳамин асар «Фарҳангнигории тоҷику форс» (Самарқанд, 2006) унвон дорад. Ин ҳар ду асари тадқиқотӣ дар илми забоншиносӣ ҷойгоҳи худро пайдо кардааст ва барои муҳаққиқону унвонҷӯён ва донишҷӯёну дигар мухлисони таърихи забон аз қабили асарҳои рӯйимизӣ ба шумор рафта, ҳар лаҳза барои такмили донишу биниши хеш рӯ ба ин асарҳо меоранд. Ин, албатта, бозёфту муваффақияти беназири хушнудкунандаи муҳаққиқ маҳсуб меёбад ва ин ҳолат ба ҳар муҳаққиқ даст намедиҳад.

Фаъолияти забоншинос Амон Воҳид танҳо бо таълифи осори илмӣ ва таълимӣ маҳдуд намегардад. Ӯ баробари таълифоти осори илмӣ, инчунин бо корҳои муҳарририву мураттибии маҷмуамақолаҳои илмии забоншиносӣ (Пайванди дилҳо), ҷашнӣ (ба муносибати бузургдошти Р. Ғаффоров «Эҳёи нур»), муаллифи мақолаҳои ёддоштӣ (Зеҳнӣ — дар дилу дида), муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфи 3‑юм) мебошад. Ин китоби дарсӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҷойи сеюмро ишғол карда буд ва аз беҳтарин китоби дарсии забони тоҷикӣ барои мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, чор маротиба нашр гардидааст ва муаллиф ба ифтихори ғолиби озмун гардидани ҳамин китобаш ба унвони профессори донишгоҳ сазовор гардидааст. Ғайр аз ин, ӯ мураттиби чанд дастури методӣ ва тавсиявӣ барои магистрҳои донишгоҳ мебошад. Маҷмуамақолоте, ки эшон муҳаррирӣ кардаанд, «Пайванди дилҳо» унвон дошта, ба муносибати 1150‑умин солгарди Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ бо тасмими Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашр гардидааст, ки ин иқдоми нек ба хотири бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ва инчунин барои мустаҳкам гардидани дӯстии халқҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар мусоидат хоҳад намуд.

Мутаассифона, устод Амон Воҳид дар айни авҷи камолот, яъне 22-юми феврали соли 2020 дар сини 84‑солагӣ бо дунёи фонӣ падруд гуфтанд. Фавти ин олими тавоно фоҷиаи сахту зарбаи алим буд дар соҳаи луғатшиносӣ ва илми филология. Агар профессор Амон Воҳид имрӯзҳо зинда мебуданд, 90‑сола мешуданд. Вале афсус умр вафодорӣ накард, аммо аз устод таълифоти пурғановат ва шогирдону хонадони некандеш боқӣ мондааст, ки идомагари анъанаҳои неки устоданд. Мегӯем, ки равони поку номи неки он кас ҳамеша дар қалби мухлисону шогирдон ва ҳамкорон ҷовид хоҳад монд. Чуноне шоир фармуда:

Умре, ки сарфи хидмати мардум мабод,

Бе нафъ мисли дуди хазон меравад ба бод.

Ҷони азиз, кӯш ту, то ҷон ба тан бувад,

То некном бошию монӣ абад ба ёд.

Ҷумъа ҲАМРОҲ, Дилмурод ҲОМИДЗОДА, Ғайрат РАҲИМҚУЛОВ,

устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.