Бонуи роҳбар на танҳо ташкилотро роҳбарӣ мекунад, балки барои ҷомеа роҳнамову пешсаф ҳам мебошад. Соҳиби дониши баланд будан, қатъиятноку адолатпарвар будани ӯ барои дигарон намуна мешавад.
Дирӯз дар мактаб-интернати ихтисосонидашудаи ноҳияи Пахтачӣ бо иштироки ҷонишини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои оила ва занону духтарон Зебо Саидова Беҳбудовна таҳти мавзӯи «Роҳи ҳаёти бонуи роҳбар» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Зебо Беҳбудовна дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурмашаққати худ маълумот дод ва ба саволҳои ҷавонон посух гуфт.
Ӯ таъкид кард, ки «Бонуи роҳбар бояд баробари масъулиятшинос, соҳиби интизом будан, новобаста аз вазъият, ҳамеша қарори одилона қабул карда тавонад. Ғайр аз ин, ба мушкилот тобовар, меҳрубону инсонпарвар буда, ҷамоаро муттаҳид карда тавонистанаш лозим аст.
«Ҳамчунин дар вохӯрӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишии рӯзи гузашта, ки байни занону духтарон дар ноҳияи Пахтачӣ баргузор шуда буданд, тақдиронида шуданд.
