Ovozi.uz

Дар моҳи шарифи Рамазон ба ғизои дуруст эътибор додан лозим аст

Пас аз соатҳои тулонии рӯзадорӣ, аксаран аз дастурхони ифтор ғизои гуногун ва беқоида истеъмол мекунанд. Ин метавонад ба системаи меъдаву рӯда бори зиёдатӣ биандозад ва дар организм нороҳатӣ пеш орад. Аз ин сабаб, дар моҳи Рамазон донистан ва риоя кардани қоидаҳои ғизои дуруст ва меъёр хеле муҳим аст. Ғизои солим на танҳо барои осон гузаронидани рӯза кӯмак мекунад, балки саломатии умумиро низ нигоҳ медорад.

Кумитаи санитарӣ-эпидемиологӣ таъкид мекунад, ки барои нигоҳ доштани саломатии меъдаву рӯда ва ғизои солим дар моҳи Рамазон ба тавсияҳои зерин амал кардан ба фоидаи кас аст:

1. Ифторро бо хурмо оғоз кунед. Хурмо манбаи карбогидратҳоест, ки дар давоми рӯза энергия мебахшад. Хурмо бо нахҳои худ кори системаи ҳазми ғизоро танзим мекунад ва инчунин дорои магний ва калий мебошад.

2. Миқдори зиёди об нӯшед. Барои пешгирӣ аз ташнагӣ пас аз оғози рӯза ва пеш аз саҳарӣ оби кофӣ нӯшед. Кӯшиш кунед, ки дар як рӯз 8 стакан об нӯшед.

3. Аз ғизоҳои ташнагӣовар худдорӣ кунед. Аз ғизоҳои намакдор, консерваҳо, чормағзҳои намакдор, бодиринг ва моҳӣ худдорӣ намоед. Мева ва сабзавотро бештар истеъмол кунед, онҳо захираҳои оби организмро нав мекунанд ва пур мекунанд.

4. Ифторро оромона ва босаброна кунед. Пас аз рӯзаи дароз истеъмоли миқдори зиёди ғизо стресс ба организм аст. Кӯшиш кунед, ифторро бо хурмо ва об оғоз кунед, сипас шӯрбо ва салат хӯрда, баъд аз як муддат ба таоми асосӣ гузаред. Ғизои зиёд метавонад ба дардҳои меъда ва мушкилоти ҳазм оварда расонад. Ифтор бо шӯрбои гарм беҳтарин аст, ки организмро барои таоми асосӣ омода мекунад.

5. Боварӣ ҳосил кунед, ки таоматон ҳамаи моддаҳои ғизоиро дорад. Дар ифтор бояд протеинҳо, сабзавот, донак, мева ва равғанҳои фоиданок мавҷуд бошанд.

6. Ғизои солим интихоб кунед. Дар парҳезатон дон, донак, гӯштҳои камравғани мурғ ва гӯшт, моҳӣ, равғани зайтун ва меваҳо бояд бошанд. Аз ғизоҳои равғанӣ, намакдор ва қаҳварангшуда худдорӣ намоед. Гӯшт, лубиё, тухм ва маҳсулоти ширӣ серпротеин мебошанд; аз онҳо ҳар рӯз ҳадди ақал яктоашро истеъмол кунед.

7. Аз шириниҳо худдорӣ кунед. Шириниҳо пас аз ифтор метавонад ба пайдо шудани газ дар меъда ва вайрон шудани ҳазм оварда расонад. Онҳо инчунин сатҳи глюкозаро дар хун зиёд мекунанд, ки хоҳиши шириниҳоро бештар мекунад. Аз ин сабаб, истеъмоли шириниҳоро 2-3 соат пас аз ифтор тавсия медиҳанд. Шириниҳоро бо хурмо, меваи хушк ва меваи ширин иваз кардан беҳтар аст.

8. Аз қаҳва худдорӣ кунед. Барои пешгирӣ аз сардард ва бехобӣ дар моҳи Рамазон кӯшиш кунед истеъмоли қаҳваро кам кунед.

9. Ба парҳез аҳамият диҳед. Таъоми асосиро ба се қисм тақсим кунед: як ҳисса углеводҳои мураккаб, як ҳисса гӯшт ё моҳии камравған ва боқимонда сабзавотҳо. Ин ғизои солим мешавад.