Ovozi.uz

Дар Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд сохтмони роҳи ҳавоӣ оғоз шуд

Дар Маркази байналмилалии сайёҳии «Silk Road Samarkand»-и Самарқанд сохтмони роҳи замонавии ҳавоиро сар карданд.

Бар асоси лоиҳа, дарозии умумии роҳи ҳавоӣ 1700 метр ва он аз 35-то кабина иборат мешавад. Ҳар як кабина барои 10 нафар мусофир пешбинӣ шудааст ва он дар як соат ба 1500 кас хизмат хоҳад расонд.

Баъди роҳандозӣ шудани лоиҳаи мазкур ҳаракат дар Маркази байналмилалии сайёҳӣ боз ҳам мусоид мешавад ва барои сайёҳон имконияти аз баландӣ кардани тамошо ва бурдани завқ фароҳам меояд.