Сарвари давлат бо фаъолияти лоиҳаи истеҳсоли техникаи маишии корхонаи «Ferre Group»-и ноҳияи Ургут шинос шуд.
Корхонаи Минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» маҷмааи муосири истеҳсолие ба шумор меравад, ки солҳои охир дар натиҷаи фароҳам гардидани имкониятҳои мусоид ва муҳити боэътимоди сармоягузорӣ дар кишварамон таъсис ёфтааст.
Корхона, ки нахуст фаъолияти худро аз васлкунии намудҳои гуногуни техникаи маишӣ бо истифода аз қисмҳои воридотӣ оғоз карда буд, ҳоло бобати истеҳсоли яхдон, плитаи газ, бухории хурд, чангкашак, дудбаро ва дигар таҷҳизоти рӯзгор, инчунин дарҳои замонавии оҳанин ба яке аз ширкатҳои бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.
Дар ин ҷо маҳсулот бо тамғаҳои «Dorsa», «Kleo», «Ferre» ва бо нишони «Сохти Ӯзбекистон» омода гардида, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон содир мешавад. Бренди «Ferre» дар муҳити рақобати бозори дохилӣ низ мавқеи худро мустаҳкам кардааст. Ҳоло иқтидори солонаи корхона тақрибан 250 ҳазор адад маҳсулотро ба ҳисоби миёна ба маблағи 440 миллиард сӯм ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда сол то сол меафзояд.
Дар раванди истеҳсолот аз мавод ва қисмҳои эҳтиётии ширкатҳои пешбари ҷаҳон чун «Embraco», «LG», «DOW», «Midea» истифода мешаванд. Ҳоло сатҳи маҳаллисозии маҳсулоти корхона қариб 85 фоизро ташкил медиҳад.
Арзиши умумии лоиҳа 30 миллион доллари амрикоӣ буда, сармояҳои хориҷӣ ва кредитҳои имтиёзноки бонкӣ ҷалб шудаанд. Тақрибан ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Таҷҳизоти истеҳсолӣ технологияҳои навтарини Олмон, Туркия, Италия ва Чин мебошанд.
Шавкат Мирзиёев дар ин ҷо аз раванди истеҳсолот дидан карда, бо масъулон ва мутахассисони корхона суҳбат намуд, зарурати зиёд кардани навъҳои маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва боз ҳам мустаҳкамсозии мавқеи корхона дар бозори хориҷиро таъкид намуд. Дар ин замина истифодаи босамар аз имконият ва имтиёзҳо, ки аз тарафи давлат фароҳам гардидааст, муҳим арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки соҳибкороне, ки ба бренди худ асос гузошта, обрӯи кишварамонро дар ҷаҳон боло мебардоранд, ҳамеша дастгирӣ карда мешаванд. Онҳо арзиши иловагӣ эҷод карда, ҳазорон нафар шаҳрвандонро соҳиби даромади доимӣ менамоянд.
— Бидуни дастгирии соҳибкорон мо наметавонем Ӯзбекистони Навро бунёд кунем. Агар шумо пайваста кӯшиш намуда, муттаҳид шавед, дар Самарқанд табақаи камбизоат боқӣ нахоҳад монд. Имкон доред, ки бо ҳаракати пайвастаи худ номи Ӯзбекистонро дар ҷаҳон муаррифӣ намоед, — гуфт Президент.
Роҳбари давлат тавассути зиёд кардани теъдоди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» зарурати офаридани арзиши иловагӣ ва ҷойҳои нави корро таъкид намуда, ба масъулон супоришҳо дод.
Дар ҳамин ҷо Президент бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намоишгоҳи маҳсулоте, ки дар корхонаҳои пешсафи саноатии вилояти Самарқанд истеҳсол мегарданд, шинос шуд.
Дар тақдимот дар бораи як қатор лоиҳаҳо дар самтҳои ҳифзи тандурустӣ, саноати кӯҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, технопарк, пиллапарварӣ ва металлургия маълумот пешниҳод гардид.
Дар шаҳри Самарқанд дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Туркия дар асоси шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ лоиҳаи таъсиси беморхонаи бисёрсоҳа амалӣ хоҳад шуд. Дар доираи ин лоиҳа барои 1000 нафар ҷойи корӣ таъсис меёбад.
Дар ноҳияи Булунғур бошад, роҳандозии истеҳсоли доруҳои тиббӣ бо ширкати Чин ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин лоиҳа низ 1000 нафар бо шуғл таъмин хоҳад шуд.
Инчунин, ширкатҳои Чин лоиҳаҳоро оид ба истеҳсоли нах ва матои абрешим дар ноҳияи Ургут, таъсиси минтақаи махсуси саноатии технопарк дар ноҳияи Нуробод, истеҳсоли хӯлаҳои кимиёвӣ барои гудозиши пӯлод дар шаҳри Самарқанд ва сохтмони иншооти сайёр дар ноҳияи Пастдарғамро пешниҳод карданд.
Ба масъулин аз рӯйи татбиқи саривақтӣ, босифат ва босамари лоиҳаҳо дастурҳои дахлдор дода шуданд.
