Ovozi.uz

Аврупоро гармои ғайримуқаррарӣ фаро гирифтааст: қариб 200 миллион нафар зери хатаранд

Мувофиқи хабари агентии AFP, дирӯз дар аксари минтақаҳо ҳарорати ҳаво аз +35°C боло рафта, мавҷи гармии ғайримуқаррарӣ ба самти шарқи қитъа ҳаракат кардааст.

Дар Берлин бар асари баланд шудани ҳарорат баъзе чароғҳои роҳнамо (светофорҳо) об шудаанд ва дар баъзе мағозаҳо оби нӯшокӣ тамом шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин наворҳое паҳн шудаанд, ки дар онҳо марде аз Франсия дар табае, ки аз гармии офтоб рӯи пештоқи тиреза бисёр доғ шудааст, тухм ва бекон бирён мекунад.

Дар давоми як ҳафтаи охир дар Аврупо беш аз 1,3 ҳазор нафар бар асари гармои шадид ҳалок шудаанд. Дар ин бора сардиректори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Гебрейесус хабар додааст.

Стресси гармӣ (таъсири шадиди гармӣ ба организм)-ро аксар вақт «қотили хомӯш» меноманд, зеро он метавонад боиси бемориҳои вазнин ва ҳатто марг гардад. Ҳамчунин, манзилҳо, ҷойҳои корӣ ва мактабҳои бисёре дар Аврупо барои чунин ҳарорати баланд тарҳрезӣ нашудаанд, ки ин хавфи таъсири гармои шадидро бештар мекунад.