Дирӯз дар Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Қӯшработ бо иштироки ҷонишини ҳокими вилоят, сардори Садорати оила ва зан-духтарон З.Саидова, инчунин ҷонишинони ҳокими ноҳия О.Эшқулов ва С.Маҳмудова қабули сайёр баргузор гардид.
Мақсад аз он омӯзиши бевоситаи муроҷиат, пешниҳод ва муаммоҳои бонувон, инчунин ҳалли саривақтии онҳо буд.
Дар ҷараёни қабули сайёр муроҷиатҳои занон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ шунида шуда, оид ба ҳар як муроҷиат чораҳои амиқ муайян гардиданд.
Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо идораҳои дахлдор барои ҳалли масъалаҳо дар маҳал чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ муроҷиатҳо ба сохторҳои масъул расонида мешаванд.
Гузаронидани чунин қабулҳо барои мустаҳкам кардани боварии занон ба мақомоти давлатӣ, дастгирӣ ва ҳалли муаммоҳои зиндагии онҳо аҳамияти муҳим дорад.
