«Овози Самарқанд» дар меҳмонии ноҳияи Ургут
Солҳои охир муносибатҳои ҳамсоягӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мазмуни нав пайдо карда, робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ пайваста рушд меёбанд.
Хусусан, ташаккули инфрасохтори муосир дар минтақаҳои наздимарзӣ ба рушди ҳарчи бештари мубодилаи мол ва ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар мусоидат менамояд. Аз ин нуқтаи назар, мутобиқи қарори дахлдори Роҳбари давлатамон, дар ҳудуди маҳаллаи Тинчлики ноҳияи Ургут, дар назди гузаргоҳи гумрукии «Ҷартеппа», ки дар сарҳади Ӯзбекистон ва Тоҷикистон воқеъ мебошад, бунёд гардидани маркази муосири логистикӣ аҳамияти махсус дорад.
Лоиҳаи мазкур 10 гектар масоҳатро дар бар гирифта, имкон медиҳад, ки қабул, нигоҳдории муваққатӣ ва барасмиятдарории гумрукии борҳои аз сарҳад гузаранда дар як макон анҷом дода шаванд. Ин, дар навбати худ, амалиёти содиротию воридотиро осон намуда, барои соҳибкорон шароити мусоид фароҳам меорад.
Афзоиши мунтазами ҳаҷми савдои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аҳамияти стратегии гузаргоҳи сарҳадии «Ҷартеппа»-ро боз ҳам бештар менамояд. Бо дарназардошти ҳамин эҳтиёҷ, маҷмааи логистикие, ки аз ҷониби ҶММ «Буюк комплекс сити» бунёд мешавад, як қатор бахшҳои муҳими инфрасохториро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, дар ҳудуди маркази логистикӣ бо масоҳати умумии 12 ҳазор метри мураббаъ анбори муосир ва бо ғунҷоиши 1 ҳазор метри мураббаъ яхдон сохта мешаванд. Марказ имконияти ҳамзамон хизматрасонӣ ба 100 мошини боркашро хоҳад дошт. Ин имкон медиҳад, ки қабул ва интиқоли борҳо ба таври фаврӣ ва самаранок ба роҳ монда шавад.
Маркази савдо ва Экобозори таркиби маҷмаа аз 400 мағоза ва 200 раста иборат буда, пешбинӣ мешавад, ки иқтидори содиротии онҳо дар як моҳ то 3 миллион долларро ташкил диҳад.
Барои ронандагон ва соҳибкорон меҳмонхона ва ҳостел, инчунин маркази муосири тиббӣ ва озмоишгоҳ ташкил карда мешавад, ки имкони қабули ҳаррӯзаи 150–200 нафар беморро хоҳанд дошт. Ин тадбирҳо ба ташаккули муҳити мукаммали хизматрасонӣ дар атрофи маркази логистикӣ мусоидат мекунанд.
Лоиҳа, инчунин самаранокии экологиро низ дар назар дорад: дар 30 дарсади боми биноҳо насб кардани панелҳои офтобӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин ҳалли каммасрафи энергетикӣ фаъолияти муттасили марказро таъмин хоҳад кард.
Интизор меравад, ки тавассути ин маркази логистикӣ интиқоли маҳсулоте, ки аз Ургут ба бозорҳои Тоҷикистон содир карда мешаванд, боз ҳам ботартиб ва самаранок ба роҳ монда шавад.
Марказ, ки пурра ба истифода супурдани он то соли 2028 пешбинӣ шудааст, ба рушди фаъолияти тиҷоратӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии Ӯзбекистону Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, рушди инфрасохтори сарҳадӣ на танҳо ба густариши робитаҳои иқтисодӣ, балки ба таҳкими арзишҳои деринаи ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории дӯстона, ки дар тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, низ хизмат хоҳад кард.
Барномаи рушд — дар амал
Мувофиқи қарори дахлдори Президентамон вазифаҳои муҳимтарине, ки бояд соли 2026 дар ноҳияи Ургут амалӣ гарданд, муайян карда шуданд.
То охири сол дар ноҳияи Ургут истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноат ба 5,8 триллион сӯм, дар соҳаи хизматрасонӣ ба 3,9 триллион сӯм, дар кишоварзӣ ба 7,8 триллион сӯм ва ҳаҷми корҳои бинокорӣ ба 537,1 миллиард сӯм расонида хоҳад шуд.
Инчунин, дар соҳаи саноат бо роҳи амалӣ намудани 42 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 939,1 миллион доллар, истеҳсоли маҳсулоти иловагӣ ба маблағи 122 миллиард сӯм, дар соҳаи хизматрасонӣ тавассути ба кор андохтани 26 лоиҳа ба маблағи 28,2 миллион доллар, ташкил намудани ҳаҷми хизматрасониҳо ба маблағи 367 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст.
Дар бахши кишоварзӣ, дар 36 маҳаллаи махсусгардонидашуда ба картошкапарварӣ, дар майдони 540 гектар кишти тухмии элитаи картошка, дар 20 маҳаллаи махсусгардонидашуда ба ангурпарварӣ, дар майдони 824 гектар нав кардани токзорҳо ва шинондани 1,2 миллион бех ниҳол, инчунин дар 1,7 ҳазор гектар заминҳои ба иҷора додашуда дар асоси тамоюли «як контур — як маҳсулот» парвариши маҳсулоти сердаромад ба нақша гирифта шудааст. Дар самти коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, мақсад гузошта шудааст, ки дар соли 2026 4,5 ҳазор оила, ё 22,1 ҳазор нафар аҳолӣ аз камбизоатӣ бароварда шуда, то охири сол сатҳи камбизоатӣ то 1,9 дарсад паст карда шавад. Ҳамзамон, бо ташкили 1160 микролоиҳа беш аз 7700 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, 432 субъекти нави соҳибкорӣ ташкил карда мешавад.
Барномаҳои комплексӣ оид ба таъмини рушди иқтисодӣ ва шуғли аҳолӣ
Дар маҳаллаҳои ноҳия, ки имконияти рушди иқтисодӣ доранду инфрасохтори онҳо ривоҷ наёфтааст, амалӣ намудани лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар назар аст.
Дар ин раванд, тавассути таъмини чор лоиҳаи «драйверӣ» (пешбаранда), ки ба рушди иқтисодӣ такони ҷиддӣ мебахшанд, бо инфрасохтори зарурӣ, барои субъектҳои соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла, инфрасохторҳо дар маҳаллаҳои Калангар, Дӯстлик, Мазортепа, Истиқлол, Ишчан, Вағаштӣ ва Бешкон беҳтар карда хоҳанд шуд. Дар натиҷа, зиёда аз 25 лоиҳаи навро амалӣ ва шуғли беш аз 580 нафар аҳолӣ таъмин мегардад.
Инчунин, чорабиниҳо оид ба рушди умумии маҳаллаҳои Янгиҳаёт ва Почвон, ки ҳамчун маҳаллаҳои симои «Ӯзбекистони Нав» интихоб шудаанд, амалӣ мегарданд. Дар доираи барномаи «Маскани тараққиёт ва пешбарӣ» мумфарш кардани 10,5 километр ва сангфарш намудани 5,2 километр роҳҳо, бунёди 2 километр роҳи пиёда, кандани 2 чоҳи артезианӣ ва кашидани 5 километр шабакаи обкашӣ, насби 6 адад трансформатор (ТП), 300 адад сутунпояҳои оҳану бетонӣ ва 8 километр шабакаи ҳавоии СИП, насби 400 адад чароғҳои равшанидиҳандаи шабона иҷро карда мешаванд.
Яке аз самтҳои асосии барнома коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия то 1,7 дарсад буда, бо 8429 нафар шаҳрвандоне, ки дар феҳрист (реестр)-и камбизоатӣ номнавис шудаанд, корҳои мақсаднок бурда мешаванд. Ҷиҳати афзун намудани даромади 44 749 нафар аҳолӣ ва қонунигардонӣ (легализатсия)-и 5194 ҷойи кори пинҳонӣ низ чораҳо андешида мешаванд. Дар натиҷаи чорабиниҳое, ки то охири сол амалӣ мегарданд, интизор меравад, ки бандсозии қариб 9400 нафар аҳолии ноҳия таъмин карда шавад.
Бо мақсади ҷалби инвеститсия ва афзоиши ҳаҷми экспорт
Дар соли равон ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ ва кредитҳо ба миқдори 84,1 миллион доллар, инчунин дар доираи барномаҳои инвеститсионии ҳудудӣ амалӣ намудани 48 лоиҳа бо арзиши умумии 64 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи амалӣ шудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ беш аз 1200 ҷойи нави корӣ таъсис меёбанд.
То охири сол тавассути истифодаи самарабахши иқтидори истеҳсолӣ ва экспортии ҳудудҳо, экспорти маҳсулот ба маблағи 102,3 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар доираи 12 лоиҳа, ки ба барномаи маҳалликунонӣ ворид гардидаанд, азхудкунии 214,8 миллиард сӯм маблағ дар назар аст. Ба ғайр аз ин, ба кор андохтани 6 лоиҳа дар ҳудуди филиали нави Минтақаи озоди иқтисодии «Ургут», таъмини истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 1067,6 миллиард сӯм ва ба экспорт нигаронидани маҳсулот ба маблағи 24,4 миллион доллар ҳамчун яке аз вазифаҳои асосӣ муайян карда шудаанд.
Лоиҳаҳои васеъмиқёси сохтмону таъмир ва инфрасохторӣ
Имсол дар ноҳияи Ургут амалӣ намудани корҳои бузурги бинокорӣ ва ободонӣ дар назар аст. Хусусан, дар мавзеи «Ӯзбекистони Нав»-и маҳаллаи Қуйи Камонгарон 18 бинои бисёрқабата ва дар мавзеъҳои дигар 12 бинои истиқоматии бисёрхонагӣ барои 437 хонавода сохта мешавад.
Мувофиқи қарори Сарвари давлатамон аз 27‑уми декабри соли 2025, дар 69 муассисаи таълимӣ ва тиббии ноҳия корҳои сохтмону таъмириро анҷом медиҳанд. Ин барои замонависозии объектҳои соҳаи иҷтимоӣ хизмат мекунад.
Ҳамзамон, бо мақсади ташаккул додани инфрасохтори зарурӣ барои рушди лоиҳаҳои драйверӣ, ба 11 объект дар умум 166,8 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст. Дар доираи қарори Президент таҳти рақами 141 ва марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди умумии деҳот», ки бо иштироки Бонки исломии рушд амалӣ мегардад, низ корҳои васеъмиқёс пешбинӣ шудаанд.
Туризм яке аз драйверҳои асосии ноҳия хоҳад шуд
Дар ноҳия дирексияи минтақаи туризм ташкил ва дар атрофи обанбори Қаротепа маскани экотуризм бунёд мегардад.
Дар маҳаллаи Чорчинор инфрасохтори сайёҳӣ беҳтар ва хизматрасониҳои туристӣ ба маблағи 50 миллион доллар ташкил карда мешаванд.
Корҳои таъмиру тармим ва ободонӣ дар зиёратгоҳи «Чорчинор» роҳандозӣ гардида, дар минтақаи кӯҳии маҳаллаи Андак маскани сайёҳӣ ва майдони парвоз бо параплан бунёд мешавад.
