Роҳбари Садорати кор бо ҷавонони вилоят Шерзод Раҳмонов бо рӯзноманигорон ва блогерони ҷавон мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории доимӣ бо рӯзноманигорон ва блогерони ҷавон, омода кардани маводи ҷолиби расона барои тарғиби арзишҳои нек дар байни ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои онҳо баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи лоиҳаи расонаии «Садо бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ» наворҳои видеоӣ дар бораи пешгирии нашъамандӣ, ҷиноятҳои интернетӣ, қаллобӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва зӯроварӣ таҳия карда мешаванд.
Ҳамзамон, шумораи маводҳо дар бораи ҷавонони муваффақ, стартапҳо, технологияҳои иттилоотӣ (IT), касбу ҳунар, китобхонӣ ва соҳибкорӣ низ бештар мегардад.
Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки дар бораи ташаббусҳои хуб дар маҳаллаҳо ва ҷавонони фаъол видеорепортажҳо омода карда шаванд. Илова бар ин, озмуни беҳтарин маводи иҷтимоӣ баргузор гардида, мулоқот бо мутахассисон ва сафарҳои матбуотӣ ташкил карда мешаванд.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои қадрдонии рӯзноманигорон ва блогерони фаъол, дастгирии лоиҳаҳои онҳо, супоридани сертификатҳои ҳамкорӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ муҳокима шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёне, ки моҳи апрели соли ҷорӣ курси мобилографияро, ки назди Раёсати кор бо ҷавонони вилоят ташкил шуда буд, бомуваффақият хатм карданд, сертификатҳо супорида шуданд.
Ин мулоқот барои мустаҳкамсозии ҳамкории байни рӯзноманигорон, блогерони ҷавон ва идораҳои давлатӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳои ҷавонон қадами муҳим арзёбӣ гардид.
Чарос Саидова
